[an error occurred while processing this directive]

Сафҳаи аслӣ > Дар бораи мо

Корзори якмоҳа барои ҷалби мардум ба фаъъолиятҳои башардӯстона

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 08 Май соли 2012 - 13:37
Корзори ФССҲА

Намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон корзоре якмоҳаро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба фаъъолияти башардӯстонаи ин федеросиюн оғоз кардааст.

Ин корзор рӯзи сешанбеи 8 май, ки мусодиф бо Рӯзи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аст, шурӯъ шуда ва то як моҳ идома хоҳад дошт.

Дар рӯзи аввали ин корзор кормандони ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз ду муассисаи марбут ба афроди солманд ва кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон дидан карданд.

Эрик Мишел Сейле, раиси намояндагии ин федеросиюн дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳадаф аз пиёда сохтани ин тарҳ ҷалби таваҷҷуҳи ҳазорон нафар аз сокинон ба фаъъолиятҳои башардӯстона ва тавсеъаи кумакҳои хайрия ба ниёзмандон аст.

Оқои Мишел афзуд: "Мо ки ин ҷо назди кӯдакони бесарпараст омадаем, танҳо мехоҳем бо онҳо суҳбат кунем, то ин кӯдакон эҳсос кунанд, ки онҳо фаромӯшшуда нестанд. Ва яке дигар аз аҳдофи барномаи якмоҳаи мо ҷалби довталабони кори хайр ба Салиби Сурх аст. Ман бовар дорам, ки дар охири соли ҷорӣ теъдоди онҳо дар Тоҷикистон бештар мешавад."

Вай мегӯяд, ки бе афроди довталаби кори хайр ё савобҷӯён кумак ба ҳамаи ниёзмандон барои созмони онҳо душвор хоҳад буд: "Ҳазор сол пеш Рӯдакии бузургвор гуфта буд, ки 'Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ' ва ман бовар дорам, ки дар Тоҷикистон теъдои афроде, ки мехоҳанд ба ниёзмандон кумак кунанд, афзоиш меёбад."

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон нахустин кишварест, ки тадобири якмоҳаи хайрияи ин созмон дар он доир мешавад ва шояд дар оянда ин иқдом дар кишварҳои дигари ҷаҳон, ки намояндагиҳои созмон дар онҳо фаъъолият мекунанд, баргузор шавад.

Таҳмина Раҷабова, ҳунарпеша ва аз муҷриёни барномаҳои телевизюнии Сафина, сафири ҳусни нияти ин моҳ интихоб шудааст. Хонуми Раҷабова мегӯяд, ки қаблан низ ба аёдати кӯдакони бесарпараст дар ин хонаи кӯдакон мерафт ва ҳоло бисёре аз кӯдакони ӯро "апаҷон" ном мебаранд.

Хонум Раҷабова афзуд: "Бисёре аз ин кӯдакон, ки бархе аз онҳоро модарони саломат ва зиндаашон ин ҷо гузоштаанд, ба меҳрубонӣ ва шафқат ниёз доранд. Аз мо чи меравад, ки агар ин ҷо биёем ва соъотеро бо суҳбат бо ин кӯдакон сипарӣ кунем."

Хонаи кӯдакони бесарпарасти шумораи сеи шаҳри Душанбе ҳудуди 100 нафар аз кӯдакони зери синни чаҳор солро таҳти муроқибат гирифтааст.

Масъулони ин муассиса ва кӯдаконе, ки омадани меҳмононро имрӯз интизор доштанд, дар утоқи тобистонаи ин муассиса гирдиҳам омада буданд.

Дар ин муассиса бештари кӯдакон модару падар доранд, вале тавре ки бархе аз муррабиёни ин хона мегӯянд, нодорӣ ва фақр бештари модаронро водор кардааст, ки фарзандони кӯчаки худро ба ин хона барои тарбият бидиҳанд.

Ба гуфтаи ин муррабиён, камбуди сармоя барои муроқибат аз кӯдакон ба бисёре аз модарони танҳо имкони муроқибат аз фарзандонашонро надодааст.

Намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз соли 1994 дар Тоҷикистон оғоз ба фаъъолият карда ва аз чаҳор барномаи умда дар кишвар дар умури изтирорӣ, беҳдошт, зербиноӣ ва башардӯстӣ ҳимояти молӣ мекунад.

Бавижа кумакҳои ин созмон барои рафъи авоқиби ҳаводиси табиъии мухталиф дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир муассир арзёбӣ мешавад.

[an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive]