[an error occurred while processing this directive]

Сафҳаи аслӣ > Дар бораи мо

Раҳмон: Фасод дар донишгоҳҳо зиёд аст

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 01 Сентябр соли 2011 - 08:18
раҳмон

Мавориди фасод ва ришвахорӣ дар донишгоҳҳо ва сохторҳои Вазорати маъорифи Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи панҷшанбеи 1 сентябр зимни дидор бо донишҷӯёну устодон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баён кард.

Дар рӯзи аввали сентябр дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон соли нави таҳсил шурӯъ шуда ва ҳамасола дар ин рӯз раиси ҷумҳур бо донишҷӯёну устодони муассисоти таҳсилоти олии кишвар дидор мекунад.

Вай рӯзи панҷшанбе гуфт: “Дар бархе маворид масъулони донишгоҳҳо бо ҳар баҳона ҷавонони болаёқат аз хонаводаҳои фақирро ба донишгоҳҳо намепазиранд.”

Президент Раҳмон ба унвони мисол аз ҷавоне аз ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ном бурд, ки танҳо барои надонистани забони инглисӣ ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон роҳ наёфтааст.

Ӯ аз қавли модари ин ҷавон, ки дар мулоқоте раиси ҷумҳуриро аз ин ҳодиса огоҳ сохтааст, гуфт, ин ҷавон бо забони олмонӣ хуб гуфтугӯ мекунад ва дониши хуб дорад, аммо масъулони донишгоҳро ин амр қонеъ насохтааст. Дар натиҷа, ҷавони шуғнонӣ маҷбур шудааст барои дарёфти кор ба Русия равад.

Оқои Раҳмон гуфт: “Агар дар донишгоҳҳо аттестасия (санҷиш) шавад, 50 дар сади донишҷӯён ба ихтисосҳои интихобкардаи худ мувофиқат намекунанд. Устодон бо мафкураи замони Шӯравӣ кор мекунанд. Ҷавонони болаёқатро интихоб карда наметавонанд. Бояд ин қолабро шикаст.”

Раиси ҷумҳурӣ аз вазири маъориф тақозо кард, ки вазоратро аз афроди фасодзада пок созад.

Зимнан, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар чанд нишасти хабарӣ Вазорати маъорифро аз ҷумлаи ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон карда буд.

Ба эътиқоди коршиносон, аз замони имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо мавориди ришваситонӣ оғоз шуда ва баъдан дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳҳо ин раванд идома меёбад.

Мухтор Боқизода, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки умдатан мизони ришва дар донишгоҳҳои бонуфуз боло буда ва бо додани ришва "ҷавони довталаб ба донишҷӯ мубаддал мешавад."

Оқои Боқизода гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки довталаби камсавод донишҷӯ мешавад, ӯ ба ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ низ барои ҳар имтиҳон ришва хоҳад дод.

Бархе аз нашрияҳои мустақил дар моҳи июни соли ҷорӣ дар остонаи оғози имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо дар мавриди мизони эҳтимолии ришва барои вуруд ба донишгоҳҳо ибрози назар карда буданд.

Бар асоси бароварди ин нашрияҳо, болотарин сатҳи ришва дар Донишгоҳи тиббӣ ва бахши ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ пешбинӣ шуда буд, ки то 10 ҳазор дулори омрикоиро ташкил медод. Масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар бораи ин гуна матолиб расман аз худ вокунише нишон надодаанд.

"Фориғуттаҳсил зиёд аст, вале омӯзгор намерасад"

Тибқи иттилоъи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, дар ҳоле ки ҳамасола 6 ҳазор нафар аз бахши омӯзгории муассисоти омӯзиши олии кишвар фориғ мешаванд, аммо мактабҳои мутавассита бо камбуди беш аз 5 ҳазор омӯзгор рӯбарӯ будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод аз донишҷӯёне, ки дар бахши буҷетии донишгоҳҳо омӯзиш дида, вале бар асоси тахассуси худ кор намекунанд, ҳамаи маблағи сарфшуда барои таҳсилашон бозпас ситонда шавад.

Ҳамчунин, оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз чунин вазъият бояд аз соли аввали таҳсил миёни донишҷӯ, донишгоҳ ва корфармо қарордод имзо шуда ва дар сурати иҷро нашудани қарордод афроди паймоншикан муҷозот шаванд.

Қаблан Вазорати маъорифи Тоҷикистон чанд тан аз фориғуттаҳсилони бахшҳои омӯзгории донишгоҳҳоро, ки аз фаъолият дар мактабҳои мутавассита сарпечӣ карда буданд, ба хотири ситондани маболиғи буҷетӣ ба додгоҳ кашида буд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мукарраран ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва инглисӣ даъват мекунанд, мактабҳои манотиқи рустоӣ бо камбуди шадиди устодони забонҳои русию инглисӣ мувоҷеҳ ҳастанд.

Фотима Гулиева, донишҷӯе аз шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки ба далели камбуди устодон дар мактабҳои мутавасситаи ин минтақа забонҳои русию инглисӣ хуб тадрис намешаванд, аз ин лиҳоз, лозим аст дар ин ҷо давраҳои пулакии омӯзиши ин забонҳо ташкил шавад.

"Таҷҳизоти мудерн ҳаст, мутахассис нест"

Ба гуфтаи Президент Раҳмон, дар 5 соли ахир дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои санъатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти мудерн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, аммо бахши аслии мутахассисони ин корхонаҳоро атбоъи хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Оқои Раҳмон гуфт: “Мо дар саноъати сабук мутахассисони ватанӣ надорем, 80 дар сади мутаххасисони корхонаҳои Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷианд. Бояд мутахассисони худиро тайёр кунем. Даромади корхонаҳои саноъати сабук бо мутахассисони хориҷӣ ба берун меравад.”

Ӯ аз вазорати маъориф хост, ки дар оянда танҳо бар асоси ниёзҳои корхонаҳои санъатии Тоҷикистон омӯзиши тахассусҳоро ба роҳ монда ва донишҷӯёни тоҷик низ ба хориҷи кишвар барои омӯзиши ин гуна тахассусҳо ирсол шаванд.

Президент Раҳмон таъкид кард, ки дар шаҳри Кӯлоб корхонаи санъатие бо таҷҳизоти мудерн ифтитоҳ шуда ва пас аз рафтани мутахассисони хориҷӣ аз фаъолият бозмондааст.

Бино ба иттилоъи муассисаи давлатии “Геологияи Тоҷик”, дар ноҳияи Панҷакент, дар шимоли Тоҷикистон, як маъдани ҷадиди тило кашф шудааст, ки захираи умумии он болиғ ба 50 тун будааст.

Оқои Раҳмон гуфт: “Мо дар давраи ташкили ҳукумати ҳозира 1 грам тило надоштем ва ҳоло захираи тило ва сангҳои гаронбаҳо даҳҳо тунро ташкил медиҳад.”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои истихроҷу коркарди маъодин бояд мутахассисони ватанӣ тарбият шаванд, то ин тилову нуқра ва сангҳои гаронбаҳо ҳамчун маводди хом ба хориҷ нараванд.

"Илм ва амал бояд тавъам бошад"

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар донишгоҳҳо санҷиш гузаронда шуда, бар асоси он асомии донишмандоне, ки ҳеч ихтироъе накардаанд ё ихтироъи онҳо дар ҷомеъа мавриди истифода нест, таҳия гардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар донишмандон фаъолият мекунанд, аммо ҳеч ихтироъи чашмгире аз онҳо сабт нашудааст. Масалан, донишмандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон худрави барқӣ ё электромобил ихтироъ кардаанд, аммо он ба унвони нусхаи ягона дар намоишгоҳ гузошта шудааст ва дар хиёбонҳои Душанбе аз он истифода намешавад.

Донишҷӯёну устодон ба навбаи худ гуфтанд, ки барои амалӣ шудани ихтироъот маболиғи ҳангуфте лозим аст. Як донишҷӯйи Донишгоҳи технологӣ гуфт, ки дар муддати ду сол тарҳи худраверо омода кардааст, ки бо барқ, энержии хуршедӣ ва ҳатто бо истифода аз нерӯи об ҳаракат мекунад, аммо барои сохтани ин худрав ҳадди ақал 50 ҳазор дулор лозим аст.

Раиси ҷумҳур ваъда дод, ки аз Сандуқи захираи худ барои иҷрои ин тарҳ маблағи зарурӣ ҷудо хоҳад кард.

“Маро таъриф накунед!”

Вақте як устоди Донишгоҳи технологӣ ба ҳангоми суханронӣ ба таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ карда ва ӯро “пешвои қарни 21 ва раҳбари беназир дар Осиёи Марказӣ” хонд, оқои Раҳмон сухани ӯро бурида ва гуфт, ки ба ивази таъриф пешниҳодашро ироа кунад.

Президент Раҳмон гуфт: “Маро таъриф накунед. Агар маро дӯст медоред бо кор ва амали худ исбот кунед. Ман зоҳирпарастиро дӯст намедорам, асабӣ мешавам.”

Бо вуҷуди ин таъкид, бештари устодон ва бархе аз донишҷӯён ба таърифу тавсифи ӯ идома доданд.

Ба ҳангоми вуруди Президент Раҳмон ба коллеҷи технологӣ низ шогирдон бо қироъати абёте ӯро “шаҳриёри доно” ва “ғамхори пиру барно” тавсиф карданд.

Феҳристи устодону донишҷӯён барои сӯҳбат ва додани суол ба раиси ҷумҳурӣ зоҳиран аз қабл омода шуда буд ва танҳо онҳое, ки номнавис шуда буданд, ба назди микруфун роҳ меёфтанд.

Донишҷӯе, ки дар ин “феҳрист“ номаш набуд ва ба назди микруфун омад, раиси донишгоҳро нигарон сохт.

Президент Раҳмон, ки ин саҳнаро зоҳиран мушоҳида мекард, гуфт: “Раиси донишгоҳ пешакӣ донишҷӯёнро барои суол омода мекунад, як нафар бидуни иҷоза омаду ӯро сахт ба ташвиш овард. Муъовинашро даъват карда, огоҳӣ дод.”

[an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive] [an error occurred while processing this directive]