BBC Tajik
Ба рӯз шуда:  Душанбе, 04 Январ соли 2010 - 13:41

Офарандаи оҳанги “Духтари сеторӣ” даргузашт

Рӯзи якшанбе, савуми январ дар шаҳри Душанбе дар маросими видоъ бо Фаттоҳ Одина, оҳангсози маъруфи тоҷик фарҳангиён ва дӯстдорони ҳунари мусиқии зиёде ширкат доштанд. Оқои Одина шоми рӯзи шанбе дар манзили худ дар шаҳри Душанбе дар синни 71 солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.

Дар маросими ҷанозаи оқои Одина дар ҷамъи хешовандон ва фарҳангиёни тоҷик Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт суханронӣ карда ва аз Фаттоҳ Одина ба унвони яке аз оҳангсозоне, ки дар ҳунари мусиқии тоҷик нақши созандае ифо кардааст, ном бурд.

Ҳамчунин бархе дигар аз ҷеҳраҳои ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ низ дар ин маросим суханронӣ кардаанд.

Тарҷимаи ҳол

Фаттоҳ Одина соли 1938 дар рустои Кангурти устони Хатлон ба дунё омада ва баъд аз хатми мадрасаи ҳамагонӣ барои идомаи таҳсил ба донишкадаи мусиқии шаҳри Душанбе пазируфта шуд.

Дар соли 1952 барои идомаи омӯзиши мусиқии ҳирфаӣ ба консерватории Чайковскийи шаҳри Маскав, пойтахти Руссия меравад. Вай дар соли 1966 барои дифоъ аз рисолаи номзадии арсаи мусиқӣ ба академияи ба номи Гнессини шаҳри Сантс-Питерсбург пазируфта мешавад.

Оқои Одина баъд аз таҳсилоти худ чанд соле раҳбарияти филормунии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва сипас то рӯзи фавташ дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба унвони профессор ба шогирдон дарси оҳангсозиро тадрис мекард.

Фарҳангшиносон мегӯянд, Фаттоҳ Одина дар Тоҷикистон дар миёни дӯстдорони мусиқӣ бо бархе аз таронаҳое, ки бар мабноъи мусиқии мардумӣ офаридааст, ошно аст.

“Оҳангҳои дилангез”

“Духтари сеторӣ”, “Ману дарё”, “Ошиқ шудаи эй дил” ва амсоли онҳо натанҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он низ дӯстдорони зиёде доранд.

Ҳамчунин оқои Одина шогирдони зиёде дошт, ки онҳо дар арсаҳои мухталифи ин кишвар дар ҳоли ҳозир машғули фаъолият ҳастанд.

Амирбеки Мӯсо, оҳангсозӣ тоҷик ва яке аз шоигирдони оқои Одина мегӯяд, Фаттоҳ Одина яке аз бузургтарин оҳангсозон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Оқои Мӯсо мегӯяд, ки дархостҳои аслии устоди вай аз донишҷӯён ба ҳангоми тадрис дониши хуб будааст.

Оқои Мӯсо гуфт: “Фаттоҳ Одина худро шогирди Акашариф Ҷураев, овозхони мумтози тоҷик медонист. Аммо устод Одина дар миёни мардум бо оҳангҳои мардумии худ шӯҳрат дошт ва ҳар фарде сарфи назар аз он ки фарҳангӣ буд ва ё кишоварз барояш оҳангҳои оқои Одина хеле наздику дилрас буданд. Ва яке аз оҳангҳои Фаттоҳ Одинаро Аҳмад Зоҳир иҷро карда буд. Ин тарона “Ошиқ шудаи эй дил” ном дошт ва матни он аз шоъир Лоиқ буд. Тақрибан ҳамаи овозхонони саршинос дар Тоҷикистон оҳангҳои Фаттоҳ Одинаро иҷро мекарданд ва ин таронаҳо дар бойгонии тиллоии родию телевизюни Тоҷикистон маҳфуз ҳастанд.”

Ба гуфтаи ин оҳангсози тоҷик Фаттоҳ Одина нахустин оҳангсоз буд, ки симфунии тоҷикро офарида буд. Фаттоҳ Одина ҳамчунин барои филмҳо ва намоишномаҳои теотр низ оҳангҳо офаридааст.

Фаттоҳ Одина корманди шоистаи Тоҷикистон, узви иттиҳодияи оҳангсозони ин кишвар ва барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар рушди ҳунари мусиқӣ дар Тоҷикистон буд.