BBC Tajik
Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 16 Сентябр соли 2009 - 07:55

Намоишгоҳи ашё ва порчаҳои абрешимӣ

Мардони Муҳаммад

Би-би-сӣ, Душанбе

Дар намоишгоҳи “Торҳои заррини шоҳии тоҷик”, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ба номи Камолиддини Беҳзод, ифтитоҳ шуд, беш аз 150 матоъ ё порчаҳои мухталиф аз шоҳӣ ё абрешим ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Бахши аслии порчаҳои ин намоишгоҳро анвоъи гуногуне аз атласи тоҷикӣ, ки дар қарнҳои 19 ва 20 милодӣ бофта шудааст, ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Шералӣ Ҷалолов, корманди илмии бахши ҳунари тасвирии Осорхонаи миллӣ, намоишгоҳи “Торҳои заррини шоҳии тоҷик” ба ибтикор ва талоши пайгиронаи Наим Ҳакимов ва Норӣ Ҳакимова, масъулони Пажӯҳишгоҳи санъатшиносии Тоҷикистон ва Сандуқи Сорос баргузор шудааст.

Оқои Ҷалолов таъкид кард, ки дар зарфи даҳ соли ахир ин ду нафар даҳҳо навъи атласи қадимию муъосир, адрасу шоҳӣ, зардӯзию рӯймол ва беқасабро дар манотиқи шимоли Тоҷикистон ҷамъоварӣ карда ва ҳамакнун дар маърази дди умум қарор додаанд.

Зимнан, аҳли хонаводаи оқои Ҳакимов дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, як осорхонаи шоҳӣ таъсис намуда ва дар он беш аз 400 навъи атлас ва либосҳои қадимию муъосири шоҳӣ ё абрешимиро гирдоварӣ кардаанд.

Зимнан, атлас матоъе абрешимист бо рангҳои гуногун, ки аз қадимулайём бофт ва истифода аз он дар миёни мардуми тоҷик маъмул буда ва дар шеъри порсӣ низ аз он ёд шудааст. Масалан Хоқонии Шервонӣ, шоъири клосик, мегӯяд:

З-ин хом, ки дорам ҷигари пухта ба зераш,

Рӯзе ба ҳазор атласи муълам нафурӯшам.

Хоҷӯи Кирмонӣ низ ба матоъи атлас ишора карда ва аз ибороте монанди "атласи лоҷвард" ва "атласи сабз" ба маънии осмон дар шеъри худ истифода кардааст:

Зи сӯзи ҷигар оташе барфурӯхт,

Нуҳум атласи сабзи чархӣ бисӯхт.

Ва ё Абдураҳмони Ҷомӣ, шоъири маъруфи қарни 15 милодӣ низ иборати "атласи фирӯза"-ро ба маънии осмон ва ё чарх ба кор бурдааст:

Завқи мастони сабӯҳизадаи базми ту дил,

Субҳ дар атласи фирӯзаи ту чок андохт.

Шоҳӣ низ навъе аз порчаҳои абрешимӣ аст, ки аз он либос медухтанд ва ба бовари таърихшиносон, дар гузашта ба далели гаронбаҳо будан, бештар хосси шоҳон ва ашрофзодагон будааст.

Ба гуфтаи Наим Ҳакимов, матоъшинос, ҳарчанд шоҳӣ ва атлас ҳарду аз абрешим таҳия мешаванд, вале матоъи шоҳӣ нафистар ва кайфияташ нисбат ба атлас болотар будааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон дар ин намоишгоҳ аз хатари аз байн рафтани атласбофӣ, ки аз ҳунарҳои қадимӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гуфтаи онҳо, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нахи абрешими Тоҷикистон умдатан ба хориҷи кишвар содир шуда ва корхонаҳои “Хуҷандатлас” ва “Тоҷикатлас” ба далели камбуди маводди хом тақрибан аз фаъолият бозмондаанд.

Ба эътиқоди Шералӣ Ҷалолов, корманди илмии бахши ҳунари тасвирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, барои эҳё ва рушди ҳунари атласбофӣ ба пуштибонии давлати Тоҷикистон ва тасвиби Барномаи вижаи давлатӣ дар ин замина ниёз вуҷуд дорад.