BBC Tajik

Камонвари тоҷик – мураббии тим дар Эрон

Искандари Фируз

Зимни сафари ахири худ ба Эрон, дар ҷазираи Кеш бо Зубайдулло Салимов, мураббии тими камонварӣ ё тирандозӣ бо камон дар ин минтақа ошно шудам, ки аз соли 2000-ум бад-ин сӯ машғули тарбияти камонварони эронист.

Вай, ки худ шаҳрванди Тоҷикистон аст, мегӯяд то замоне, ки аз миёни камонварони эронӣ қаҳрамони ҷаҳониро тарбият накунад, фаъолияти худ ба унвони мураббӣ дар ин кишварро йатъ нахоҳад кард.

Тайи ду соли ахир оқои Салимов ҳамроҳ бо ҳамсараш Гулчеҳра Салимова ба тарбияти чанд тими бонувон, ҷавонон ва бузургсолони камонвар дар ҷазираи Кеш машғул аст.

Ҷазираи Кеш, ки дар халиҷи Форс воқеъ аст ва аз минтақаҳои озоди иқтисодии Эрон маҳсуб мешавад, ҳудуди 25 ҳазор нафар ҷамъият дорад. Дар ин ҷазира чанд тими тирандозон аз камон фаъол ҳастанд.

Мақсуди Муродӣ, масъули бахши варзиши ҷазираи Кеш мегӯяд, ки ҳоло 80 дарсади тими миллии ҷавонони камонвари Эрон аз ҷумлаи сокинони ин ҷазира интихоб шудаанд ва нақши Зубайдулло Салимов дар ин амр бузург аст.

Вай афзуд, ки камонварони кешӣ "шонси хубе ба даст оварданд, ки метавонанд таҳти раҳбарии Зубайдулло Салимов маҳорати худро тамрин кунанд".

Дар моҳи май дамои ҳаво дар ҷазираи Кеш дар нимарӯз беш аз 50 дараҷа гарм аст ва гузашта аз ин намии ҳаво имкон намедиҳад, ки инсон битавонад бароҳатӣ дар ин вақти рӯз дар хиёбонҳои шаҳр гаштугузор кунад.

Аз оқои Салимов пурсидам, ки аз соъати 10-и зуҳр то соъати шаши шом ҳаво хеле гарм аст ва ӯ чигуна бо шогирдонаш тамрин мекунад?

Вай посух дод, ки маъмулан дар ин вақти сол тамрини онҳо соъати шаши субҳ оғоз ёфта ва то соъати даҳ идома меёбад. Баъд аз зуҳр, тамрин дар соъати ҳафти шом шурӯъ шуда ва то ёздаҳи шаб идома меёбад.

Пурсидам, барояш зиндагӣ ва фаъолият дар чунин шароит оё сахт нест? Вай гуфт, ки соли 2000 ҳамзамон аз чаҳор кишвари ҷаҳон - Кубо, Мекзик, Ироқ ва Эрон дархост гирифтааст, ки мураббии тими камонварони ин кишварҳо шавад.

Вале ба гуфтаи оқои Салимов, падару модараш ба ӯ машварат додаанд, ки "азбаски Эрон кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон аст", бояд пешниҳоди ин кишварро бипазирад.

Оқои Салимов бар ин назар аст, ки "Тоҷикистону Эрон беш аз ҳафтод сол аз ҳам ҷудо буданд ва ҳоло шароите фароҳам шудааст, ки тоҷикон битавонанд дубора ба ин кишвари худ баргарданд ва кору зиндагӣ кунанд."

Вай афзуд, ки бо хонум ва як духтараш дар ин ҷо зиндагӣ дорад ва "эҳсоси бегонагӣ" намекунад. Зимнан, Гулчеҳра Салимова мураббии тими бонувони камонвари ҷазираи Кеш аст.

Оқои Салимов аз соли 2000 ба муддати ҳафт сол дар симати мураббии тими миллии камонварони Эрон ифои вазифа карда ва ба гуфтаи Мақсуди Муродӣ, тайи ин солҳо тирандозони камони эронӣ ба муваффақиятҳое даст ёфтаанд.

Дар гузашта Зубайдулло Салимов аз варзишгарони саршиноси тоҷик маҳсуб мешуд ва унвони қаҳрамонии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷавоизи чанд мусобиқаи байналмилалиро дар заминаи тирандозӣ аз камон ба даст овардааст.

То замони оғози кор дар Эрон, вай мураббии тими камонварони Тоҷикистон буд ва аз ин пеш замоне мураббии тими Иттиҳоди Шуравӣ низ будааст.

Вай мегӯяд, ки ҳоло дар Эрон чанд мураббии тоҷик дар анвоъи мухталифи варзиш фаъолият доранд, ки дар миёни онҳо Иброҳим Ҳасанов, қоиқрони тоҷик ва қаҳрамони ҷаҳон низ ҳаст ва фаъолияташ дар ин кишвар хеле муваффақ арзёбӣ мешавад.

Зубайдулло Салимов гуфт, ки чанд моҳ пеш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздидаш аз Эрон ба ҷазираи Кеш сафар карда буд ва ӯ тавонистааст бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбате дошта бошад.

Ба гуфтаи оқои Салимов, Президент Раҳмон ба вай гуфтааст, ки "агар дар гузашта ту барои рушди варзиши Эрон сад дарсад хидмат карда бошӣ, ҳоло бояд ҳазор дарсад талош кунӣ, то камонварони эронӣ дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат пайдо кунанд."

Ба ин далел, Зубайдулло Салимов тасмим гирифтааст, то замоне ки аз миёни шогирдони камонвараш дар ҷазираи Кеш қаҳрамони ҷаҳонро тарбият накунад, Эронро тарк нахоҳад кард.

Зимнан Тоҷикистон ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо камонварони худ машҳур гашта буд. Соли 1976 дар мусобиқоти ҷаҳонии Улампик дар Монреол, дар Конодо Зебуниссо Рустамова, камонвари тоҷик барандаи медоли брунз дар миёни варзишгарони зан дар ин навъи варзиш шуд.

(Аксҳо аз оршиви Зубайдулло Салимов)