BBC Tajik

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 12 декабр

Дуруууууууууууууд ба ҳаводорони барномаҳои тафреҳӣ ва мусиқӣ аз родиюи Би-би-сӣ,

Тибқи маъмул дар рӯзҳои ҷумъа соъати 15 ба вақти Душанбе ва соъати 10 ба вақти Ландан дар барномаи тафреҳии тоҷикӣ мусоҳибаҳои ҷолибе бо овозхонҳо ва ҳунарпешаҳои синемо ва теотр ва тозатарин оҳангу таронаҳоро пешниҳоди шумо мешавад.

Суҳбат бо Дилбар Маҳмудова

Ин ҳафта мусоҳибае анҷом додем бо Дилбар Маҳмудова, рақсанда ва оҳангсозу овозхон, ки ҳанӯз аз оғози солҳои 1970 қарни гузашта овозхонҳои тоҷик оҳангҳои ӯро месуруданд.

Масалан овозхонҳои гурӯҳи "Гулшан"-и филормунии давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Флора Ҳакимова, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, София Бадалбоева, Нуқра Раҳматова ва чанди дигар оҳангҳое аз хонуми Маҳмудоваро сурудаанд.

Хонуми Маҳмудова гуфт: "Соли 1929 баъди таъсиси теотри нахустин дар шаҳри Сталинобод, ки ҳоло Душанбе ном дорад, падару модари ман Саломат Ғозибекова ва Саид Маҳмудов аз Бухоро ба ин шаҳр омаданд ва яке аз нахустин ҳунармандони теотр буданд. Модари ман дар теотре, ки он замон "Хонаи деҳқон" ном дошт ва ҳоло теотри ба номи Маяковский мебошад, чандин нақш офарид. Вай аз ҷумла дар намоишномаи "Шӯриши Восеъ" нақши ҳамсари Восеъро иҷро кард ва дар намоишномае аз Ҳамза Ҳакимзода нақши Майсараро иҷро кард."

Нахустин оҳангеро, ки ба гуфтаи Дилбар Маҳмудова, вай дар ҳамон солҳо бо номи "Алла" офарида буд, Флора Ҳакимова иҷро кардааст.

Ба гуфтаи Дилбар Маҳмудова, дар авоили аҳди Шӯравӣ падари ӯро мақомот "душмани халқ" эълон карда ва ба Сибериё бадарға кардаанд ва модараш бо чаҳор фарзандаш танҳо мондааст.

Вай афзуд: "Модарам бароямон ҳам падар буду ҳам модар. Бениҳоят теотрро дӯст медошт, вай ба далели ин шавҳарашро душмани халқ эълом карда буданд, ҳаргиз унвоне нагирифтааст. Аммо сарфи назар аз ин, вай софдилона ва содиқона хидмат мекард."

Дирбар Маҳмудова мегӯяд: "Ман худам аслан намехостам овозхонӣ кунам, вале 10 марти соли ҷорӣ, ки мехостам аз оҳангҳои сохтаи худам барномае таҳия кунам, тайи шаш моҳ ба дунболи овозхонҳо гаштам, ки бештарашон хеле серкор буданд. Ман аслан барои тамрини оҳангҳо вақт надоштам ва андешае ба сарам зад, ки чаро худам ин оҳангҳоро иҷро накунам. Ҳамин тавр, 10 март дар теотри Лоҳутӣ нахустин кунсерти ман барпо шуд."


Ҳаводорони барномаи тафреҳӣ метавонанд рӯзҳои наздик рӯйи мавҷи мутавассити 240 метр фреконси 1251 соъати 15-00 бо вақти Душанбе ва соъати 10-00 бо вақти Ландан оҳангҳои Дилбар Маҳмудоваро дар иҷрои беҳтарин овозхонҳо бишнаванд.
Солгарди гурӯҳи "Парем"

Рӯзи шанбеи 13 декабр ба муносибати 15-умин солнгарди таъсиси гурӯҳи мусиқии "Парем" як барномаи кунсертӣ бо ширкати аъзои ин гурӯҳ дар кохи "Борбад" баргузор мешавад.

Гурӯҳи "Парем" дар соли 1993 дар шаҳри Душанбе таъсис шуд, ки он замон дар ин гурӯҳ Олим Ширинов, Алишер Зариков, Фирӯз Ҳакимов ва Володя Юматов шомил буданд. Соли 1995 Алишер Сайфуллоев ба ин гурӯҳ пайваст. Як сол баъд Аминов Собир низ ба ин гурӯҳ пайваст.

Имрӯз дар гурӯҳи "Парем" Собир Аминов, овозхон ва навозандаи гитори бас,
Далер Султонов, овозхон ва гиторнавоз, Фаррух Худойбердиев, перкашун ва табланавоз, Алишер Сайфуллоев, овозхон ва гиторнавоз, Алишер Зариков, навозандаи гитори соло, Олим Ширинов, дромнавоз, Ҳаким Ҳазраткулов, гиторнавоз, шомил ҳастанд.

Охирин барномаи кунсертии ин гурӯҳ нуҳ сол қабл баргузор шуда буд ва ҳадаф аз баргузории кунсерти ҷадид, чунончи аъзои ин гурӯҳ мегӯянд, иртиботи тоза ба ҳаводоронашон будааст.

Онҳо мегӯянд: "Мо мехоҳем қабл аз ҳама аз ҳаводороне, ки дар ин 15 сол моро ҳамроҳӣ карданд, изҳори сипос кунем ва барои онҳое, ки дар ин нӯҳ сол шояд моро аз ёд бурдаанд, хотиррасон кунем, ки гурӯҳи "Парем" зинда аст ва оҳангҳои тоза эҷод мекунад."

Аъзои ин гурӯҳ мегӯянд, дар барномае, ки 13 декабр дар Кохи Борбад баргузор мешавад, дар баробари оҳангҳои куҳани гурӯҳи "Парем" оҳангҳои тозае низ садо хоҳанд дод. Гуфта мешавад тТаронаи "Ай чаро ишқ" аз пуртарафдортарин оҳангҳои ин гурӯҳ будааст.

Zevarshoh@bbc.tj