Шароит ва муқаррароти истифода аз сойт

  • 13 Феврал, 2014

Дар бораи шароит

• Ҳангоми истифода аз сойти форсии Би-би-сӣ шумо бо риъояти шароити зер мувофиқат мекунед. Шароит бо нахустин истифодаи шумо аз сойт билофосила қобили иҷро мешавад.

Барои иттилоъоти бештар ба сафҳаи зер муроҷеъа кунед, ки ба забони инглисӣ аст:

http://www.bbc.co.uk/terms

• Бо ироаи ҳар гуна матн, тасвир, тарҳ, видию ё садо ба Би-би-сӣ шумо мувофиқат мекунед, ки ҳаққи истифода аз онро ба сурати маҷҷонӣ ба Би-би-сӣ бидиҳед ва Би-би-сӣ ба ҳар сурате, ки бихоҳад (аз ҷумла бо тағйир ва танзими он ба далоили амалиётӣ ва сардабирӣ) аз он истифода кунад. Ҳамчунин, дар расонаҳои сартосари ҷаҳон (аз ҷумла истифода дар сойти Би-би-сӣ, ки мухотабони ҷаҳонӣ онро мебинанд), аз он истифода кунад. Дар шароити хоссе, Би-би-сӣ мумкин аст муҳтавои ироашуда тавассути шуморо бо ниҳодҳои солиси мавриди эътимод ба иштирок бигзорад.

• Ҳаққи нашр дар муҳтавои ироашуда тавассути шумо назди шумо боқӣ мемонад ва ин иҷоза инҳисорӣ нест, бино бар ин шумо метавонед ҳамчунон аз муҳтавое, ки ба Би-би-сӣ фиристодаед, ба ҳар сурате ки бихоҳед, истифода кунед, аз ҷумла ин ки ба дигарон иҷоза диҳед аз он истифода кунанд.

• Ба манзури ин ки Би-би-сӣ битавонад аз муҳтавои ирсолии шумо истифода кунад, шумо таъйид мекунед, ки ончи ба Би-би-сӣ мефиристед, кори худи шумост, ифтироомез нест ва қавонини Бритониёро нақз намекунад. Ҳамчунин таъйид мекунед, ки шумо ҳақ доред иҷозаи истифода аз онро ба сурате ки дар боло омада, ба Би-би-сӣ бидиҳед ва шумо ризояти афродеро, ки дар кори ирсолии шумо мумкин аст мавриди шиносоӣ қарор гиранд ё мувофиқати падар ва модар ё валии онҳоро (дар сурате ки зери 16 сол доранд) ҷалб кардаед.

• Мо маъмулан номи шуморо ҳамроҳи мавриде, ки ирсол кардаед, меоварем, магар он ки шумо нахоҳед номатон зикр шавад. Вале ба далоили амалиётӣ ва фаннӣ гоҳе ин амр муяссар нест. Би-би-сӣ мумкин аст ба далоили идорӣ ё таъйиди бархе маворид ё дар заминаи пружеҳои хос бо шумо тамос бигирад. Барои иттилоъ аз куллияи мавориде, ки мумкин аст мо бо шумо тамос бигирем, лутфан ба бахши "Сиёсати Би-би-сӣ дар заминаи ҳифзи ҳарими шахсӣ" муроҷеъа кунед.

• Лутфан, ҳангоми таҳияи матлаб, акс, ё филм ва садо (ки мехоҳед барои Би-би-сӣ ирсол кунед) худро ба хатар наяндозед, аз хатарот дурӣ гузинед ва қавонинро низ зери по нагузоред.

• агар намехоҳед иҷозаеро, ки дар боло ба он ишора шуда, вогузор кунед, лутфан фойли худро барои Би-би-сӣ нафиристед ё онро бо Би-би-сии Форсӣ ба иштирок нагузоред.

• Дар мавриди мавориде, ки ба ахбор марбут мешавад, лутфан таваҷҷуҳ кунед, ки мавориди ирсолии шумо мумкин аст бо шуракои расонаии Би-би-сӣ дар кишварҳои мухталиф ба иштирок гузошта шавад. Манзур аз шурако расонаҳои муътабари хориҷӣ ҳастанд, ки дар кори шумо тағйир ва табдиле эҷод нахоҳанд накард. Мавориди ирсолии шумо ҳамчунин мумкин аст бо расонаҳои бритониёӣ ё матбӯъот ба иштирок гузорда шавад.

• Агар пурсише дар бораи ироаи муҳтаво барои сойти Би-би-сӣ доред, лутфан бахши "Пурсишҳои мутадовил"-ро низ бибинед.

• Барои ширкат дар баъзе аз бахшҳои сойти форсии Би-би-сӣ, монанди баҳсҳо, мумкин аст сабти ном лозим бошад. Дар ин маворид ҳар гуна иттилоъоти шахсӣ, ки дар сойти форсии Би-би-сӣ ворид мекунед, тибқи сиёсати Би-би-сӣ дар заминаи ҳифзи ҳарими шахсӣ ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифода хоҳад шуд.

Муқаррароти анҷуманҳо

• Вақте дар анҷуманҳои онлойни сойти Би-би-сии Форсӣ ширкат мекунед, бо шароити муртабит, ки дар зер меояд, бояд бо шароити зер мувофиқ бошед:

1. Дар бораи изҳори назарҳои шумо:

- изҳори назарҳо бояд муаддабона ва бо забони муносиб навишта шавад.

- назарҳо ихлолгарона, тавҳиномез ва бархуранда набошад. Изҳори назар бояд созанда ва бо лаҳне муносиб навишта шавад, на бо нияти бад ё барои озурдани дигарон.

- назарот набояд шомили мавриде ғайриқонунӣ ё эътирозбарангез бошад: мавориди ғайриқонунӣ, озордиҳанда, ифтироомез, тавҳиномез, таҳдидомез, мухарриб, мустаҳҷан, зиддидин, шомили ишороти ҷинсӣ, нажодпарастона ё ба ҳар сурат эътирозбарангез қобили қабул нест.

- шикебо бошед: корбарон аз синини мухталиф бо тавоноиҳои гуногун мумкин аст дар анҷуманҳои сойти Би-би-сӣ ширкат ҷӯянд.

- ирсоли испам (ҳарзанома) ё мавориди ғайримуртабит бо мавзӯъи баҳс мамнӯъ аст: мо наметавонем назарҳои яксон ё шабеҳи ҳамро, ки бадафаъот ирсол шуда бошад, бипазирем. Лутфан, назари худро барои як мавзӯъи баҳс як бор ирсол кунед.

- таблиғот ё ирсоли огаҳӣ мамнӯъ аст.

- лутфан назароти худро ба хатти сириллик ва забони форсӣ бинависед.

- ҷаъли ҳувият мамнӯъ аст. Лутфан худатонро ба унвони шахсе дигар муъаррифӣ накунед. Агар намехоҳед номи комилатон дарҷ шавад, танҳо аз исми кӯчак истифода кунед, вале аз номи ашхоси дигар истифода накунед.

- номи корбарии шумо низ набояд шомили калимоти номуносиб (беадабона ё тавҳиномез) бошад.

- лутфан нишонии интернетӣ (юэрэл, URL) дар назароти худ наоваред.

- суиистифода аз сандуқи шикоёт қобили қабул нест. Агар фарде аз ин имкон ба наҳви шоиста истифода накунад, Би-би-сӣ мумкин аст иқдом ба лағви ҳисоби ӯ кунад.

2 . Ҳисоби шумо дар Би-би-сӣ

Агар фарде ба манзури ихлол дар баҳсҳои вебсойт ё озоди сойири ширкаткунандагон дар баҳс иқдом ба эҷоди ҳисобҳои мутаъаддид бикунад, мумкин аст ҳамаи ҳисобҳои ӯ лағв шаванд.

Агар дар сойти Би-би-сӣ сабти ном мекунед, бояд як имейли муътабар ворид кунед, ки аз он ба таври мураттаб истифода мекунед, чиро ки имейлҳое ба он ирсол хоҳад шуд. Ҳисобҳое, ки бо имейлҳои ашхоси дигар ё бо имейлҳои муваққат боз мешавад, мумкин аст бидуни ихтори қаблӣ, лағв шаванд.

Би-би-сӣ ин ҳақро барои худ қоил аст ки ҳисоби корбаронеро, ки ба хотири доштани чанд ҳисоб аз сойтҳои проксӣ истифода мекунанд, бибандад. Ҳамчунин ҳангоме ки фарде, ки дар Бритониё нест худро ба унвони корбари бритониёӣ ҷой бизанад ё ба ҳар сурат дар ироаи хадамоти мо эҷоди ихлол кунад.

3 . Амният:

Тавсия мекунем, ки иттилоъоти шахсӣ дар бораи худ ё ҳар касе дигарро дар анҷуманҳои Би-би-сӣ фош накунед.

4 . Шароити ҳуқуқӣ:

- набояд мавориди ифтироомез ё ғайриқонунӣ дар анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ бигзоред. Ин маворид метавонад шомили матн, график, видию, барнома ё садо бошад.

- ирсоли матлаб, акс, садо ё тасвир барои анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ ба қасди анҷоми як амали ғайриқонунӣ ё таблиғ барои чунин амале акидан мамнуъ аст.

- шумо мувофиқат мекунед, ки дар анҷуманҳоии сойти форсии Би-би-сӣ танҳо маворидеро ки кори аслии худатон аст, ба иштирок бигзоред ё бифиристед.

- шумо набояд ҳуқуқи Би-би-сӣ ё ниҳодҳои солисро нақз кунед ё ин ки муртакиби сирқати адабӣ шавед. Ин ҳуқуқ шомили ҳақи нашр, нишонаҳои тиҷорӣ, румузи тиҷорӣ, ҳарими хусусӣ, таблиғот ё ҳуқуқи шахсӣ ё моликиятӣ мешавад.

5 . Агар зери шонздаҳ сол син доред:

- лутфан аз падар ва модар ё валии худ пеш аз ширкат дар анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ иҷоза бигиред.

- ҳаргиз иттилоъоти шахсии худ ё дигаронро (масалан мадраса, шумораи телефун, номи комилатон, нишонии манзил ё имейлатонро) зикр накунед.

6 . Дар сурати нақз шудани ин муқаррарот тавассути шумо:

- ҳангоми ширкат дар анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ дар сурати нақзи ин муқаррарот (ё муқаррароти дигари марбута), мумкин аст имейле аз мо дарёфт кунед, мабнӣ бар ин ки чиро назари шумо рад ё виройиш шудааст. Ин имейл шомили ҳушдоре аст, ки идомаи нақзи қавонин мунҷар ба лағви ҳисоби шумо хоҳад шуд. Ин иқдом мумкин аст шомили таълиқи муваққат ё доими шумо аз ширкат дар анҷуманиҳои сойти форсии Би-би-сӣ бошад.

- агар шумо мавориди тавҳиномез ё номуносибро барои сойти форсии Би-би-сӣ бифиристед ё дар анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ ба иштирок бигзоред ва ё дар сервисҳои сойти форсии Би-би-сӣ эҷоди ихлол кунед ва Би-би-сӣ ин иқдомотро ҷиддӣ дар назар бигирад ё ин ки ин иқдомот такрор шавад, Би-би-сӣ мумкин аст аз иттилоъоти мавҷуд дар бораи шумо истифода кунад то иқдомоти гуфташударо мутаваққиф созад. Ин амр шомили мутталеъ сохтани ниҳодҳои солис монанди корфармои шумо, мадраса ё ширкате аст, ки шумо аз онҷо эмейл гирифтаед.

- Би-би-сӣ ҳақи худ медонад то ҳар гуна мавриди фиристодашударо ҳазф кунад ё барои бастани ҳисоби хосе иқдом намояд.

Маҳдудияти масъулияти Би-би-сӣ

• Аксари муҳтавое, ки дар анҷуманҳоии Би-би-сӣ чоп мешавад, тавассути мардум фиристода шудааст. Изҳориназарҳое, ки дар ин анҷуманҳо иброз мешавад, мутаъаллиқ ба мардум аст, на Би-би-сӣ ё Би-би-сӣ Уолд войд. Агар ғайри ин бошад ба рӯшанӣ гуфта хоҳад шуд. На Би-би-сӣ ва наи Би-би-сӣ Уолд Войд масъулияте дар қиболи муҳтавое, ки тавассути мухотабон дар анҷуманҳои сойти форсии Би-би-сӣ ё ҳар сойти дигари қобили дастрасӣ аз тариқи Би-би-сӣ насб мешавад, надоранд. Ҳар линке ба сойтҳои дигар аз Би-би-сӣ нишонаи таъйиди муҳтавои он тавассути мо нест ва истифода аз он сойтҳо бо масъулияти худи шумо хоҳад буд.

• муҳтавои сойти форсии Би-би-сӣ аз ҷумла иттилоъоти мавҷуд дар он, асомӣ, аксҳо, лугуҳо ва намодҳои марбут ба Би-би-сӣ ё Би-би-сӣ Уолд Войд, маҳсулот ва хадамоти онҳо (ё ниҳодҳои солис) дар шакли мавҷуд ва ба ҳамон сурате ки ҳаст, арза мешавад. То ҷое ки қонун иҷоза медиҳад, Би-би-сӣ ҳеҷ тазмин ё қавлеро (ки дар қонун ба сурати рӯшан ё талвеҳан зикр шуда) намепазирад, аз ҷумла тазминҳои талвеҳӣ дар мавриди (бархурдорӣ аз) кайфияти ризоятбахш, муносиб будан барои як манзури хосс, нақз накардани ҳуқуқи чоп ва нашр, ҳамоҳанг будан, амният ва сиҳҳат.

Би-би-сӣ наметавонад бамавқеъ будан, комил будан ё амалкарди вебсойт ё муҳтавои онро тазмин кунад. Дар ҳоле ки мо талоши худро барои саҳеҳ будани муҳтаво дар ҳангоми чоп анҷом медиҳем, масъулияте дар мавриди иштибоҳоти эҳтимолӣ, ҳазф шудан ё ғалатҳои мавҷуд дар вебсойт пазируфта намешавад.

• ҳеҷ як аз мавориди мундариҷ дар қисмати "шароит" масъулияти Би-би-сиро дар қиболи марг ё осебҳоии шахсӣ ҳангоме, ки исбот шавад ба далели қусури Би-би-сӣ буда, маҳдуд ё ҳазф намекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ҷумлаи қаблӣ Би-би-сӣ ё Би-би-сӣ Уолд Войд масъули зиёнҳо ва хисоратҳои зер нахоҳанд буд. (Фарқе намекунад ин хисоратҳо ё зиёнҳо пешбинишуда, қобили пешбинӣ, шинохташуда ва ғайра бошад): а. аз даст рафтани иттилоъот, б. аз даст рафтани даромад ё суди мавриди интизор, в. аз даст рафтани касбу кор, г. аз даст рафтани фурсатҳо, д. аз дасти рафтани ҳусни ният ё осеб дидани ҳусни шӯҳрат ва обрӯ, е. зиёнҳое ки мутаваҷҷеҳи ниҳодҳои солис мешавад, ж. ҳар хисороте, сарфиназар аз шакл ва ҳолати он, ки дар натиҷаи истифода аз сойти форсии Би-би-сӣ рӯй диҳад, чӣ ғайримустақим, чӣ ба сурати паёмаде ё ғайримустақим, чӣ ба сурати хос.

• Би-би-сӣ ва Би-би-сӣ Уолд Войд, тазмин намекунанд, ки амалкарди сойти форсии Би-би-сӣ ба сурати мудовим ё бадур аз хато бошад, ё ин ки ҳамаи ишколот бартараф шавад, ё ин ки сойти форсии Би-би-сӣ ё компютери сервисдиҳанда (сервер) бадур аз вирус ва ишкол бошад. Ин масъулияти шумо аст, ки иқдомоти лозим монанди вирусёбиро анҷом диҳед то нисбат ба диққати иттилоъоти додашуда ва гирифташуда мутмаин шавед.

Умумӣ

• агар маълум шавад, ки ҳар як аз шароити мундараҷ дар инҷо ғайриқонунӣ, ғайримуътабар ё ғайриқобилииҷро аст - ба далоили қонуни иёлат ё кишваре, ки ин шароит қарор аст дар онҷо иҷро шаванд - то ҳадде ки ба ҳавзаи қазоии - марбут ба ғайриқонунӣ будан, ғайримуътабар будан ё ғайриқобилииҷро будан - иртибот дорад, он шарти хос бояд ҳазф шавад, дар ҳоле ки сойири шурути мавҷуд ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ хоҳанд монд.

• таъхир ё адами иҷрои ҳақи Би-би-сӣ, ки дар ин шароит зикр шуда, ба маънии салб шудани он ҳақ аз Би-би-сӣ нест.

• истифода аз сойти форсии Би-би-сӣ таҳти шароит ва муқаррароти Инглистон ва бояд тибқи қавонини Инглистон тафсир ва таъбир шавад. Ин муқаррарот таҳти доварии додгоҳҳои Инглистон қобили иҷро аст.

Матне ки дар ин ҷо омада танҳо баргардони куллӣ аз инглисӣ ба форсӣ ва фоқиди ҳар гуна арзиши ҳуқуқӣ аст. Барои итилоъ аз нусха ба рӯзи шароити истифода аз сойт лутфан ба сойти инглисии Би-би-сӣ муроҷиъа кунед:

http://www.bbc.co.uk/terms

Шароити истифода аз фойлҳои тасвирӣ ва савтии Би-би-сӣ

Би-би-сӣ шуморо ба истифода аз фойлҳои видиюӣ ва савтии худ бар рӯй вебсойти шахсии худ бо риояти шароити зер ташвиқ мекунад:

• ин истифода танҳо барои вебсойти шахсии худатон аст

• аз куде, ки дар ихтиёри шумо қарор дода шуда, истифода кунед ва видию ё садоро виройиш накунед

• Би-би-сӣ ҳақи ҳазф кардани муҳтаворо бидуни иттилоъи қаблӣ маҳфуз медонад

• истифода аз фойлҳое, ки тавассути Би-би-сӣ дар ихтиёри шумо қарор дода шудааст, бо қабули хатари эҳтимолӣ бар уҳдаи худи шумо аст

• аз истифода аз ин фойлҳо бар рӯй сойтҳое, ки матолиби ғайриқонунӣ ва ё тавҳиномез мунташир мекунанд, худдорӣ кунед

• истифода аз матолиби Би-би-сӣ бар рӯйи вебсойти шумо нишонаи таъйид ва қабули муҳтавои сойти шумо нест

Агар эҳсос мекунед, истифода аз матолиби Би-би-сӣ бар рӯйи як вебсойт муносиб нест, лутфан бо мо тамос бигиред то мавриди баррасӣ қарор гирад.

Иҷозаи расмии истондорт барои истифода аз фойлҳои тасвирӣ ва савтии Би-би-сӣ

Бо истифода ё донлувди пахшкунандаи савтӣ/тасвирӣ абзорҳои веб ва ё дигар нармафзорҳои Би-би-сӣ матн, садо ва/ё садо ва тасвири пахшшуда дар нармафзори Би-би-сӣ бар рӯйи вебсойти худ, лозим аст бо шароити зер мувофиқат намоед:

1 . Иҷозаи расмӣ

1.1 . ба шарти риоят аз шароити истифода, Би-би-сӣ ба шумо иҷозаи ғайриинҳисорӣ барои намоиши фойлҳои тасвирӣ ва савтии Би-би-сӣ ва матолиби Би-би-сиро, ки аз тариқи сервери Би-би-сӣ ироа мешавад бар рӯйи сойти худ медиҳад. Шумо иҷозаи купӣ кардан ё интишори муҷаддади фойлҳои Би-би- сиро надоред.

1.2 . тамомии ҳуқуқи фойлҳо, аз ҷумлаи ҳуқуқи маънавии матолиби маҳфуз ва мутааллиқ ба Би-би-сии форсӣ боқӣ мемонад.

1.3 . ин иҷозаи расмӣ шомили истифода аз лугуи Би-би-сӣ ё ҳар нишонаи тиҷории Би-би-сӣ намешавад.

2 . Истифода аз нармафзори Би-би-сӣ

2.1 . шумо танҳо иҷозаи истифода аз нармафзори Би-би- сиро бар рӯй сойтҳое доред, ки аз суи Би-би-сӣ манъ нашудаанд. Ин сойтҳо шомили сойтҳое мешаванд, ки:

- Мушаххасан барои кӯдакони зери 13 сол сохта шудаанд ва ё ин мухотабонро низ шомил мешаванд.

- бар алайҳи гурӯҳи хосе аз гурӯҳҳоии иҷтимоӣ таблиғ кунад ё бахшҳои осебпазири ҷомеъаро ҳадаф қарор диҳад.

- хушунатро таблиғ, ташвиқ ё тасҳил кунад.

- фаъолиятҳои ғайриқонуниро таблиғ, ташвиқ ё тасҳил кунад.

- терурисм ё дигар фаъъолиятҳоеро, ки амнияти умумиро мавриди таҳдид қарор медиҳанд, таблиғ, ташвиқ ё тасҳил кунад.

- истифода аз нармафзори Би-би-сӣ дар онҳо боиси хадашадор шудани шӯҳрати Би-би-сӣ дар робита бо диққати хабаррасонӣ ё бетарафии Би-би-сӣ шавад.

- дастрасӣ ба онҳо барои ҳамагон боз набошад.

- дар робита бо таблиғи санъати духониёт ё ҷангафзор (аз ҷумла бошгоҳҳои аслиҳа ва ғайра) фаъол бошад.

- нафрат нисбат ба нажод, мазҳаб, ҷинсият, маълулият, син ва ё гароиши ҷинсии хосеро ташвиқ кунад, ё рафтори номуносиби иҷтимоъиро таблиғ, ташвиқ ё тасҳил кунад.

- ба ҳар тариқе сабаби суъишӯҳрати Би-би-сӣ шавад.

2.2 . магар он ки ба таври катбӣ аз суи Би-би-сӣ иҷоза дода шуда бошад, истифода аз нармафзор ва муҳтавои матолиби Би-би- сии форсӣ танҳо барои истифодаи ғайритиҷорӣ аст ва набояд истифодаи ҳирфаӣ ва тиҷорӣ аз он шавад (ҳамонанди веблог, ки тавассути марокизи тиҷорӣ , бозаргонӣ ё ҳирфаӣ идора мешавад). Ҳарчанд метавонед аз нармафзори Би-би-сӣ бар рӯйи веблог ё вебсойтҳое, ки тасовири таблиғотиро намоиш медиҳанд, истифода кунед, набояд барои мушоҳидаи матолиби Би-би-сӣ ҳазинае дарёфт кунед ё ба ҳар наҳве аз матолиби Би-би-сӣ истифодаи иқтисодӣ кунед.

2.3 . набояд иҷозаи намоиши таблиғотиро дар сафҳаи шомили нармафзори Би-би-сӣ бидиҳед, ки иртиботе байни матолиби Би-би-сӣ ва таблиғот бошад. Агар нармафзори Би-би-сӣ аксарияти матолиби ҳар сафҳае аз сойтро ташкил диҳад ё вуҷуди сафҳаи бидуни нармафзори Би-би-сӣ имконпазир набошад, бояд мутмаъин шавед, ки таблиғоте дар он сафҳа ба намоиш гузошта нашавад.

2.4 . шумо иҷозаи виройиш, тағйир ва ё афзудан ба матолиби Би-би-сиро ба ҳар наҳве надоред ва набояд матолиби Би-би-сиро бо дигар матолиб идғом кунед. Тамомии матолиби Би-би-сӣ бояд дар нармафзори Би-би-сӣ ба намоиш гузошта шавад. Лозим аст тамомии линкҳои нармафзори Би-би-сиро ба вебсойти Би-би-сӣ фаъол ва ҳифз кунед.

2.5 . набояд ҳар гуна ҳимоят ё таъйиди Би-би-сӣ бар сойти шумо ё ҳар мавҷудият, маҳсул, матлаб ё ҳар назари ғайри Би-би-сӣ ё мавҷуд дар сойти худ илқоъ кунед. Ҳамин тавр набояд иддаъо кунед, ки иртиботи инҳисорӣ бо Би-би-сӣ доред ва ё иҷозаи инҳисории ҳар як аз матолиби Би-би-сиро вогузор кунед.

2.6 . шумо иҷозаи истифода аз матолиби Би-би-сиро ба наҳве, ки боъиси хадашадор шудани шуҳрати Би-би-сӣ шавад ва ё Би-би-сиро дучори зараре кунад, надоред.

2.7 . шумо мепазиред ва таъйид мекунед, ки Би-би-сӣ иҷозаи инҳисорӣ барои виройиши куллияи матолиби Би-би-сӣ дар ҳар замонеро дорад ва мумкин аст ба салоҳдиди худ ҳар матлаберо тағйир диҳад ё ҳазф намояд. Ба таври вижа шумо мепазиред ва таъйид ме кунед, ки Би-би-сӣ мумкин аст дастрасӣ ба матолиби Би-би-сиро ки мухтас ба корбарони дохили Бритониё астро маҳдуд кунад. Корбароне, ки хориҷ аз Бритониё саъй ба мушоҳидаи ин матолиб кунанд, бо пайғоми хато мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

2.8 . нармафзори Би-би-сӣ бояд ҳамонтавре, ки тавассути Би-би-сӣ ироа шудааст, истифода шавад ва набояд ба ҳар наҳве тағйир, виройиш ё муҳандисии маъкус шавад.

3 . Таъаҳҳудот ва горонтӣ

3.1 . шумо таъаҳҳуд мекунед, ки сойти шумо комилан бо ҳамаи қавонин ва муқаррарот мутобиқат дорад.

3.2 . нармафзор ва матолиби Би-би-сӣ ба гунае, ки ҳаст ва дар ихтиёр қарор дода шуда, мебошад ва Би-би-сӣ ҳеҷ тазмине ба ҳар наҳве дар робита бо нармафзори Би-би-сӣ ва ё ҳар матлаби дигар бар рӯйи вебсойти Би-би-сӣ намекунад. То он ҷое ки аз лиҳози қонунӣ мумкин бошад, Би-би-сӣ талош мекунад аз ҳар гуна тазмини зимнӣ ва қонунӣ иҷтиноб кунад.

3.3 . Би-би-сӣ талоши қобили мулоҳизае анҷом додааст то мутмаин шавад, ки нармафзори Би-би-сӣ ва ҳар куди нармафзории муртабит бо он хато, вирус ё ишколе надорад, ҳарчанд Би-би-сӣ тазмине дар ин замина намекунад. Шумо бо салоҳдид ва қабули хатари эҳтимолӣ аз нармафзори Би-би-сӣ истифода мекунед ва тавсия мекунем тамомии эҳтиётҳои лозимро дар назар бигиред то аз роёнаи худ дар муқобили олуда шудан ба вирус муҳофизат кунед.

3.4 . то ҷое ки аз лиҳози қонунӣ иҷоза дода шавад, Би-би-сии форсӣ масъулияте дар баробари ҳар гуна зарар ё аз даст додани иттилоъот, ки ношӣ ё муртабит ба истифода аз нармафзори Би-би-сӣ ё муҳтавои вебсойти Би-би-сӣ бошад, намепазирад.

3.5 . ҳар қисмат аз банди 3 ба танҳоӣ қобили иҷро аст ва ба таври мустақил аз дигар бандҳо метавонад дар назар гирифта шавад.

4 . Тазмин

4.1 . дар сурате ки шахси солисе раванди ҳуқуқӣ бар зиди Би-би-сӣ дар робита бо истифодаи шумо аз нармафзори Би-би-сӣ дар ҳоле матраҳ кунад, ки шумо аз ин шароити истифодаи истондорт пайравӣ накарда бошед, шумо қабул хоҳед кард, ки дар баробари тамоми хисорот ва ҳазинаҳо аз ҷумла ҳазинаҳои ҳуқуқӣ, ки Би-би-сӣ дар робита бо ин мавзуъ пардохт кунад тазмин кунед.

5 . Қатъи сервис

5.1 . Би-би-сии форсӣ ихтиёр дорад тамом ё ҳар кадом аз матолиби Би-би-сӣ ва ё дастрасии шумо ба нармафзори Би-би-сӣ ва муҳтавои Би-би-сиро дар ҳар замоне баста ба назари худ бидуни ҳеҷ таъаҳҳуде маҳдуд, қатъ ё ҳазф кунад.

5.2 . маворид 3 , 4 , 5 ва 6 бо қатъи сервис ба қуввати худ боқӣ хоҳанд монд.

6 . Мавориди умумӣ

6.1 . шумо муҷоз нестед, ки ҳар як ё тамоми ҳуқуқ ва ё илзомоти худро таҳти шароити истифодаи истондорт ба шахси солисе мунтақил кунед ва ё дар он тағйире эҷод кунед.

6.2 . лозим аст ин қарордод бо таваҷҷуҳ ба қавонини Иглистон тарҷума ва тафсир шавад ва бо таваҷҷуҳ ба қазовати додгоҳҳои Иглистон доварӣ шавад.

6.3 . ҳар гуна кӯтоҳӣ ё таъхир тавассути Би-би-сӣ дар эҳёи ҳуқуқи худ бано бар шароити истифодаи истондорт набояд ба маънои сарфи назар аз ин ҳуқуқ талаққӣ шавад.

Агар саволи хосе дар бораи шароити истифода аз сойт доред, лутфан бо имейли persian@bbc.co.uk тамос бигиред.

Виҷет

Шумо бо донлувд кардан ва насби нармафзори виҷети Би-би-сӣ ва намоиши муҳтавои сойти Би-би-сӣ дар десктопи роёнаи худ бо шароити зер мувофиқат мекунед:

Шароити истифода аз виҷет:

Замонат ва масъулиятҳо

Виҷети Би-би-сӣ ва муҳтавои Би-би-сӣ ба ҳамон сурате, ки дар сойт ироа шуда, қобили арза аст ва донлувд кардан, насб ва истифода аз виҷети Би-би-сӣ ва дастрасӣ ба муҳтавои Би-би-сӣ ба ташхис ва бо масъулияти худи шумо анҷом мешавад.

Би-би-сӣ то ҳади имкон итминон ҳосил карда, ки хадамоти виҷет ва муҳтавои Би-би-сӣ мавориди ғайридақиқ ва нодуруст, иштибоҳот, вирус ё эрод надошта бошад, бо ин вуҷуд Би-би-сӣ наметавонад тазмин диҳад, ки дар ҳамаи маворид ин амр сидқ мекунад.

То ҳадде ки қонун иҷоза дода, Би-би-сӣ ҳеҷ гуна замонате (зимнӣ, қонунӣ ва ғайра) дар заминаи виҷет, муҳтаво ё сойти Би-би-сӣ намедиҳад ва Би-би-сӣ дар қиболи хисорот, осеб ва зарар ва зиёни эҳтимолӣ дар натиҷаи истифода аз, ё муртабит бо виҷет ё муҳтавои Би-би-сӣ масъулияте намепазирад.

Ба шумо тавсия мекунем, ки ҳамаи иқдомоти эҳтиётии лозимро барои муҳофизати роёнаи худ аз вирус анҷом диҳед.

Би-би-сӣ сӣ мумкин аст муҳтаворо ба ташхиси худ тағйир диҳад ё ҳазф кунад ва мумкин аст дар сурате ки шумо аз муқаррароти корбарӣ тахаттӣ кунед, дастрасии шуморо ба виҷет масдуд созад.

Мавориди умумӣ

Ин шароити корбарӣ бояд мутобиқ бо қавонини Иглистон тафсир ва таъбир шавад ва машмули ҳавзаи қазоии додгоҳии Иглистон аст.