Наҳваи истифода аз иттилоъоти шахсии корбарон

  • 13 Феврал, 2014

Наҳваи истифода аз иттилоъоти шахсии корбарон

Ҳангоме ки шумо аз хадамоти Би-би-сӣ истифода мекунед, Би-би-сӣ худро мутаъаҳҳид медонад, ки аз иттилоъоти шахсии шумо ва хонаводаатон ҳифозат кунад.

Ба манзури ироаи хадамоти комил ба шумо, гоҳе лозим аст иттилоъотро аз шумо касб кунем.

Ҳангоме ки шумо чунин иттилоъотро ба мо медиҳед, мо ба лиҳози қонун мутаъаҳҳид ҳастем, ки аз иттилоъоти шумо тибқи қавонини Бритониё дар мавриди ҳифозат аз иттилоъоти шахсӣ истифода кунем, аз ҷумла қонуни мавсум ба "Ҳифозат аз иттилоъот"-и соли 1998.

Сойтҳо шомили линкҳое ба сойтҳои дигар аст, ки дар моликияти ниҳодҳои солис қарор доранд. Би-би-сӣ масъули муҳтавои сойтҳои дигар нест ва истифода аз он сойтҳо бо масъулияти худи шумост.

Би-би-сӣ чӣ иттилоъоте аз ман хоҳад хост?

Вақте ки барои дарёфти хадамот монанди хабарномаҳо, мусобиқот, гуфтугӯи зинда ва ширкат дар баҳсҳое аз Би-би-сӣ сабти ном мекунед, мумкин аст иттилоъоти шахсӣ аз шумо бихоҳем. Ин иттилоъот метавонад шомили ном, нишонии имейл, нишонии пустӣ, шумораи телефун ё телефуни ҳамроҳ ва ё торихи таваллуд бошад.

Вақте ки иттилоъоти худро ворид мекунед, ба Би-би-сӣ ва ироадиҳандагони хадамоти он имкон медиҳед, ки сервиси мавриди назарро ба шумо арза кунанд.

Би-би-сӣ ҳамчунин аз равиши эҷоди "кукӣ" (cookie) истифода мекунад. "Кукӣ" ҳаҷми кӯчаке аз иттилоъот дар бораи арҷаҳиятҳои интерентии шумост, ки ба мо имкон медиҳад вебсойтеро тибқи алоиқи шумо танзим кунем. Метавонед мурургари интернетии худро тавре танзим кунед, ки кукиҳоро бипазирад, ҳангоми эҷоди кукӣ онро эълом кунад ва ё ин ки ҳеҷ гоҳ кукӣ дарёфт накунад.

Ба ҳамин сурат мо нишонии интернетии (IP address) шуморо низ мегирем. (Нишонии интернетӣ шуморае аст, ки мунҳасиран имкони шиносоии як компютери хос ё ҳар дастгоҳи дигареро, ки ба шабака муттасил бошад, фароҳам мекунад).

Мо як нармафзори таҳлилӣ барои баррасии нишонии интернетӣ ва кукӣ ба кор мебарем, то имкони истифодаи беҳтари шумо аз сойтро фароҳам оварем. Ин иттилоъот барои гирдоварии мушаххасоти фардии шумо дар як маҳалли хос ба кор намеравад ва фойлҳои ташкилшуда ба таври мураттаб ҳазф мешаванд.

Мо аз нишонии интернетии шумо барои таъйини ин ки дастрасӣ ба сойт аз дохил ё хориҷ аз Бритониё сурат мегирад, низ истифода мекунем.

Агар шонздаҳ сол ё камтар доред, пеш аз ироаи иттилоъоти шахсиятон дар сойти Би-би-сӣ, лутфан аз падар ва модар ё валии худ иҷоза бигиред.

Би-би-сӣ аз иттилоъоти марбут ба ман чӣ гуна истифода хоҳад кард?

Би-би-сӣ ба чандин далел аз иттилоъоти шахсии шумо истифода мекунад, аз ҷумла барои мақосиди идорӣ ба манзури ироаи хадамот. Дар ҳамин росто Би-би-сӣ мумкин аст дар заминаи хадамоте, ки шумо дархост кардаед, бо шумо тамос бигирад.

Мо иттилоъоти шуморо маҳрамона нигаҳ медорем, ба ҷуз дар мавориде, ки ошкор кардани он тибқи қонун лозим ё муҷоз бошад.

Агар шумо муҳтавоеро барои сойти Би-би-сӣ бифиристед, ки тавҳиномез, номуносиб ё эътирозбарангез бошад, ё ин ки иқдомоти ихлолгарона дар сойти Би-би-сӣ анҷом диҳед, мумкин аст Би-би-сӣ аз иттилоъоти фардии шумо барои таваққуфи чунин иқдомоте истифода кунад.

Би-би-сӣ то чӣ муддат иттилоъоти фардии маро нигаҳ хоҳад дошт?

Мо иттилоъоти марбут ба шуморо то замоне ки барои ироаи сервиси мавриди назар лозим бошад, дар системи худ нигаҳ медорем. Ҳангоме ки шумо матлаб, акс, филм ё ҳар гуна муҳтавои дигареро барои сойти Би-би-сӣ мефиристед, то замоне ки мантиқан бад-он ниёз бошад, онро нигаҳ хоҳем дошт.

Барои дидани матни комил ва барӯзшудаи "Сиёсати Би-би-сӣ дар заминаи истифода аз иттилоъоти шахсии афрод" лутфан ба сойти инглисӣ ба нишонии зер муроҷеъа кунед:

http://www.bbc.co.uk/privacy