Дастрасӣ ба сойти Би-би-сӣ

  • 13 Феврал, 2014

Шабакаи ҷаҳонии веб метавонад дар тавонмандсозии афрод муассир буда ва ҳамчунин маншаъи озодии амал ва тавоноӣ барои маълулон бошад ва онҳо имкони бештаре барои мушорикати бештар дар ҷомеъа ва ҳамчунин дар сойти Би-би-сӣ дошта бошанд.

Мо худро мутаъаҳҳид медонем, ки дастрасӣ ба сойти Би-би-сиро ҳарчи саҳлтар созем.

Сервисҳои мавҷуд:

- сохтори сафҳа: (аз авохири соли 2008) сохтори сафаҳоти мо тибқи истондордҳои ҷаҳонӣ таҳия мешавад, бино бар ин, иттилоъоти мавҷуд дар он аз тариқи ҷустуҷӯгарҳои интернетӣ қобили дарёфт аст.

- дарёфти ахбор аз тариқи Орэсэс (RSS) ва атум (ATOM): мо муҳтавои сойти худ дар сафҳаи аслиро ба роёнаи шумо меоварем. Ахбори соири сафҳаҳои сойт низ аз тариқи Орэсэс қобили дарёфт аст.

RSS

- сафҳаи камъакс: як нусхаи содатар аз сафаҳоти мост, ки ба сурати як феҳрист ироа мешавад ва тавассути нармафзори хосси хабархон бештар қобили дастрасӣ аст.

- имкони бузург кардани андозаи ҳуруф: ин кор бо рафтан ба менуи "View" (Вид) дар мурургари интернетии шумо ва интихоби "Zoom" ё "Text Size" анҷомпазир аст.

Барои дарёфти иттилоъоти бештар дар бораи шеваҳои дастрасӣ ба сойти мо лутфан бахши "My Web"-ро дар сойти инглисии Би-би-сӣ бибинед.

http://www.bbc.co.uk/accessibility/