Дар бораи мо

  • 13 Феврал, 2014

Би-би-сӣ як созмони расонаии бузурги байналмилалӣ аст, ки талош мекунад ахбор ва иттилоъотро ба сурати бетарафона дар ихтиёри мухотабони форсизабони худ дар сартосари дунё қарор диҳад, бавижа дар ихтиёри мухотабон дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон.

Би-би-сии форсӣ як ниҳоди хабарии чандрасонаӣ аст, ки ахбор ва иттилоъотро аз тариқи телевизиюн, вебсойт, родию, телефуни ҳамроҳ ва абзори электруники қобили ҳамл ба мухотабон ироа мекунад.

Барномаҳои Би-би-сии Форсӣ дар Ландан таҳия мешавад; дар айни ҳол гузоришгарони мо аз шаҳрҳои мухталиф низ нақши муҳимме дар таҳияи ин барномаҳо доранд.

Дар Би-би-сии Форсӣ мо аз имконоти мунҳасир ба фарди гирдоварии хабар дар сартосари ҷаҳон, ки дар маҷмӯъаи куллии Би-би-сӣ фароҳам шуда, баҳра мебарем. Аз ҷумла, ин имконоти дастрасӣ ба гузоришҳои 250 хабарнигор дар шаҳрҳои мухталифи дунё, таҳлил ва гузоришҳои шоҳидони айнӣ аст.

Телевизиюни форсии Би-би-сӣ

Телевизиюни форсии Би-би-сӣ аз 14 январи 2009 пахши барномаҳои худро оғоз кард.

Ин телевизиюн рӯзона 16 соъат барнома барои мухотабони форсизабони худ дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Урупо пахш мекунад.

Хабар меҳвари барномаҳои телевизиюни форсии Би-би-сӣ аст ва тақрибан ниме аз барномаҳои онро ташкил медиҳад. Дар канори барномаҳои хабарӣ, барномаҳои тоза, мутанаввеъ ва таҳлилӣ низ аз ин телевизиюн пахш мешавад.

Мухотабони телевизиюни форсии Би-би-сӣ дар соли 2012 ба шаш милюну 800 ҳазор расидааст. Шумори мухотабон дар соли 2009 се милюну яксад ҳазор нафар буд.

Барномаҳои телевизиюни форсӣ аз моҳвораҳои Ютелсет, Ҳотбурд 6, W3A , Телистор 12, Юрубурд 2 ва низ аз тариқи вебсойти мо bbcpersian.com пахш мешавад.

Барои дарёфти иттилоъоти бештар дар бораи шеваҳои дарёфт ба сафҳаи фреконсҳои моҳвораии телевизиюн муроҷеъа кунед.

Телевизиюни форсӣ ҷавоизи мутаъаддиде, аз ҷумла ҷоизаи Ҳотбурд барои беҳтарин коноли телевизиюнӣ, ва низ ҷоизаи Иттиҳодияи Родиютелевизиюни Байналмилалӣ (AIB)-ро бо унвони "Возеҳтарин пӯшиши як ҳодисаи хабарӣ" ба хотири пӯшиши интихоботи Эрон дар соли 2009 бурдааст.

Сойти форсии Би-би-сӣ

Сойти форсии Би-би-сӣ (bbcpersian.com) дар моҳи майи 2001 роҳандозӣ шуд ва ҳамакнун ахбор ва иттилоъотро ба таври 24-соъата ба хонандагони сойт ироа мекунад.

Ин сойт дар сафаҳоти ҷудогона, аз ҷумла сафҳаи аслӣ ва сафҳаҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, ҷаҳон, фарҳанг ва ҳунар, дониш ва фан, варзиш ва иқтисод ва бозаргонӣ ҷиддитарин ахбор, тасовир, гузоришҳо ва таҳлилҳоро ба корбарон ироа медиҳад.

Афзун бар ин, сафҳаи омӯзиши забони инглисӣ барои алоқамандон ба омӯзиши забон аз тариқи ахбор роҳандозӣ шуда ва сафҳаи "Навбати шумо" низ трибюне барои изҳори назари корбарон дар бораи масоили гуногун ва ширкат дар барномаи телевизиюнии "Навбати шумо" аст.

Барномаҳои родию ва телевизиюни форсии Би-би-сӣ низ ба сурати зинда бар рӯйи сойти форсӣ қобили дарёфт аст.

Сойти форсии Би-би-сӣ , ки нахустин сойти хабарии форсизабон аз навъи худ аст, тавониста дар муддате, ки аз оғози кори он мегузарад, мухотабони бисёреро аз кишварҳои мухталиф ба худ ҷалб кунад. Ҳамакнун бо вуҷуди масдуд шудани ин сойт дар Эрон ҳар моҳ ҳудуди 50 милюн муроҷеъа дорад, ки умдатан аз Эрон, Урупо ва Омрикои Шимолӣ аст. Ҳар ҳафта ҳудуди 850 ҳазор нафар аз сойти форсии Би-би-сӣ боздид мекунанд.

Барои пахши ахбор ва иттилоъот барои форсизабононе, ки аз хатти сириллик истифода мекунанд, сафҳаи Би-би-сӣ ба хатти сириллики тоҷикӣ низ фаъъолият мекунад. Дар ин сафҳа дар бораи тозатарин таҳаввулоти Тоҷикистон ва ҷаҳон матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ нашр мешавад.

Дар сафҳаи Би-би-сӣ ба хатти сириллик ҳамчунин акс, видию ва гузоришҳои савтӣ мунташир мешаванд.

Ин сафҳа дар миёни форсизабонон дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва соири нуқоти ҷаҳон алоқамандони зиёде дорад.

Родиюи форсии Би-би-сӣ

Бахши форсии Би-би-сӣ дар 29 декабри соли 1940-и мелодӣ кори худро бо як соъат барнома дар ҳафта оғоз кард. Аз ҳамон ибтидо садои форсии Би-би-сӣ дар миёни форсизабонон шунавандагони бисёре ёфт.

Имрӯз родиюи бахши форсии Би-би-сӣ ҳар рӯзи ҳафта рӯзе як соъат барнома ба забони форсӣ дорад, ки аз тариқи амвоҷи кӯтоҳ ва мутавассит ва дар Афғонистон бар рӯйи мавҷи Эф-эм пахш мешавад. Дар садри барномаҳоии родиюи Би-би-сӣ ахбор ва гузоришҳои хабарӣ дар бораи таҳаввулоти ҷаҳон, Эрон ва минтақа қарор дорад.

Бахши форсии Би-би-сӣ на танҳо дар кишварҳои форсизабон, яъне Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, балки дар сойири ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ва дар кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ва Урупои Ғарбӣ низ шунавандагони фаровон дорад.

Барномаҳои бахши форсии Би-би-сӣ илова бар амвоҷи мутавассит ва кӯтоҳ аз мавҷи "Эф-эм" ҳам дар Кобул ва 18 шаҳри дигари Афғонистон пахш мешавад.

Родиюи Би-би-сӣ дар тӯли фаъъолияти худ ҷавоизе, аз ҷумла ҷоизаи Созмони Милал барои гузориши ғайрихабарӣ дар бораи Эч-ой-вӣ ва низ "Шери тило" барои барномаи "Рӯзи ҳафтум"-ро бурдааст.

Барномаи бомдодии родиюи Би-би-сӣ шомили ахбори сиёсӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ аст, ки ба сурати подкаст ҳам қобили дарёфт аст.

Барои иттилоъоти бештар дар бораи соъот ва тӯли мавҷҳои барномаҳои родиюи Би-би-сӣ инҷоро клик кунед.

Дар бораи бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ

Бахши ҷаҳонии родиюи Би-би-сӣ ба унвони як расонаи воқеъан ҷаҳонӣ дар сартосари дунё беш аз 150 милюн шунаванда дорад ва моҳона беш аз 75 милюн бор ба сойтҳои интернетии он муроҷеъа мешавад.

Маҳбубияти Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ бештар ба далели гузориши ҳамаҷониба аз рухдодҳо ва пардохтан ба ҳамаи масоили ҷаҳонӣ аст, ки ба ҳамин далел ҷавоизи байналмилалии зиёде низ ба даст овардааст. Барномаҳои родиюи Би-би-сӣ ба 27 забон пахш мешавад ва ҳамаи ин барномаҳо аз тариқи интернет бо имкони пахши садо қобили дастрасӣ аст.

Хабарҳои байналмилалӣ дар маркази кори Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ қарор дорад. Илова бар барномасозони хубра, ки дар 27 бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ фаъъоланд, 250 хабарнигор низ ба таври шабонарӯзӣ муҳимтарин таҳаввулоти байналмилалии таъсиргузор дар зиндагии мардумро ба ин забонҳо ба дунё ироа мекунанд.

Танаввуъи барномаҳо яке дигар аз авомили муваффақияти Бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ аст. Барномасозони Би-би-сӣ ба ҳамаи 27 забон, илова бар хабар ва таҳаввулоти рӯзона, омезаи бонишоте аз мусиқӣ ва ҳунар ва барномаҳои мустанади илмӣ, намоишнома ва матолиби варзиширо ба шунавандагон ироа медиҳанд.

Барномаҳои Би-би-сиро метавон дар саросари ҷаҳон рӯйи амвоҷи кӯтоҳ, мутавассит ва дар баъзе кишварҳо рӯйи мавҷи Эф-эм шунид. Ин барномаҳоро дар баъзе аз кишварҳо метавон тавассути шабакаҳои моҳвораӣ ва диҷитол низ дарёфт кард, ё метавон аз тариқи интернет онҳоро шунид.

Кӯтоҳтарин роҳ барои дастрасӣ ба иттилоъот дар бораи барномаҳои Би-би-сӣ сойти чандзабонии он дар ин одрес аст: bbcworldservice.com ва барои мутолеъаи ахбор ба забони инглисӣ ба ин сойт муроҷеъа кунед: bbcnews.com.

Дар сойтҳои интернетии Би-би-сӣ метавон ҷадвалҳои пахши барномаҳо ва соири иттилоъот дар мавриди барномаҳоро ёфт.