Баиштирокгузорӣ дар сойти мубойли Би-би-сӣ

  • 8 Январ, 2014

Шумо бо истифода аз дугмаи "Ба иштирок бигзоред" метавонед муҳтавои сойти мубойли Би-би-сиро бо дӯстони худ аз тариқи имейл ё шабакаҳои иҷтимоъӣ шарик шавед.

Баиштирокгузорӣ бо имейл чӣ гуна аст?

Бо ин гузина шумо метавонед муҳтавои сойти мубойли Би-би-сиро бо истифода аз ҳисоби имейле, ки рӯйи гӯшии мубойли худ танзим кардаед, бо дигарон ба иштирок бигзоред.

Ин гузина чӣ гуна кор мекунад?

Агар сафҳаеро дар сойти мубойли Би-би-сӣ дидед, ки мехостед онро ба иштирок бигзоред, рӯйи "Ба иштирок бигзоред" клик кунед. Имейле боз хоҳад шуд ва шумо метавонед ба феҳристи нишониҳои худ (контактҳо) дастрасӣ дошта бошед ва паёмеро бинависед, ки ба ҳамроҳи линки сафҳа фиристода хоҳад шуд.

Чаро ин дугма дар сафҳаи ман кор намекунад?

Барои истифода аз ин хадамот бояд ҳисоби имейлеро рӯйи гӯшии худ насб карда бошед. Агар намедонед, ки чӣ гуна ин корро бикунед, лутфан ба дафтарчаи роҳнамои телефуни ҳамроҳи худ муроҷиъа кунед.

Ҳазинаи ин хидмат чӣ қадар аст?

Би-би-сӣ ҳазинае аз шумо бобати ин кор дарёфт нахоҳад кард, вале уперотури телефуни ҳамроҳи шумо мумкин аст барои иртиботи интернетӣ маблағе аз шумо мутолиба кунад. Агар мутмаин нестед ҳазинаи додаҳои шумо чӣ қадар аст, бо уперотури худ тамос бигиред.

Оё Би-би-сӣ иттилоъоти марбут ба маро дар ҷое захира мекунад?

Хайр. Ба далели он ки шумо аз ҳисоби имейли худатон барои баиштирокгузорӣ истифода мекунед, иттилоъоти шахсӣ ё паёме, ки дар имейлатон менависед, тавассути Би-би-сӣ нигаҳдорӣ намешавад.

Баиштирокгузорӣ аз тариқи Твиттер, Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ чӣ гуна аст?

Ин гузина ба шумо имкон медиҳад, ки муҳтавои сойти мубойли Би-би-сиро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ монанди Твиттер, Фейсбук ё Гугл Плос бо дигарон ба иштирок бигзоред.

Ин сервис чӣ гуна кор мекунад?

Агар сафҳаеро дар сойти мубойли Би-би-сӣ дидед, ки мехостед онро ба иштирок бигзоред, рӯйи намоди марбута дар қисмати баиштирокгузорӣ, ки дар пойини сафҳа аст, клик кунед. Бо ин кор шумо ба он сойти иҷтимоӣ мунтақил мешавед ва метавонед дар он бо истифода аз номи корбарӣ ва ҳарфи рамзатон, сафҳаро ба иштирок бигзоред. Метавонед паёме бинависед ва акс ҳам ба ҳамроҳи сафҳа дар он сойт насб хоҳад шуд.

Чаро ман мустақиман ба сафҳаи баиштирокгузорӣ меравам ва ниёзе нест, ки ҳарфи рамзамро ворид кунам?

Дар баъзе аз гӯшиҳои мубойл ҳарфи рамз ва номи корбарии шумо тавассути сойтҳои иҷтимоӣ захира мешавад ва ба ин тартиб ниёзе нест, ки ҳар бор ин иттилоъотро барои вуруд ба сойт ворид кунед.

Оё Би-би-сӣ иттилоъоти шахсии маро захира мекунад?

Хайр. Ба далели он ки шумо мустақиман ба ҳисоби корбарии худатон дар сойтҳои иҷтимоӣ ворид мешавед, мо ба иттилоъоти шахсӣ, ҳарфи рамзи шумо ё паёме, ки менависед, дастрасӣ надорем.