Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ даргузашт

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 15 Сентябр соли 2012 - 08:14
Муҳаммадҷон Шакурӣ

Окодемисиян Шакурӣ тайи як соли ахир барои муъолиҷа ба кишварҳои Эрон ва Бритониё сафар карда буд.

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруф ва аз фарзонагони забардасти Тоҷикистон, ҳаволии соъати 4-и субҳи рӯзи якшанбе дар синни 87-солагӣ даргузашт.

Вай, ки солҳои зиёде аз бемории саратони ғуддаи прустот ранҷ мебурд, тайи чанд рӯзи ахир пас аз хурӯҷи муҷаддади беморӣ дар бемористони Ибни Сино дар Душанбе бистарӣ буд.

Аз субҳи рӯзи шанбе пас аз вахим шудани вазъи саломаташ ӯ дар бахши муроқибатҳои вижаи ин бемористон қарор дода шуда буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ташйиъи ҷанозаи ӯ соъати 11 рӯзи душанбеи 17 сентябр дар назди манзилаш баргузор хоҳад шуд. Қарор аст ҷанозаи ӯ дар гӯристони Лучоб, оромгоҳи чеҳраҳои саршиноси фарҳанг ва илми Тоҷикистон, ба хок супурда шавад.

Устод Шакурӣ дар солҳои ахир аз хурӯҷи мукаррари беморияш ранҷ мебурд. Вай тайи як соли ахир чанд бор барои муъолиҷа ба Эрон ва Бритониё сафар карда буд.

Ӯ аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Коссели Бритониё, ки писараш Анвар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муроқибати пизишкон буд.

Дар моҳи июни имсол низ Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз хурӯҷи беморӣ барои мудово ба Эрон рафта буд. Қабл аз сафари Эрон вай муддате дар бемористони Ибни Сино бистарӣ буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ҳоло ду писари ӯ, Шариф ва Анвар дар роҳи сафар ба Тоҷикистон ҳастанд. Писари дигараш Рустам ба ҳамроҳи Дилафрӯз Икромӣ, ҳамсари устод Шакурӣ, ки фарзанди нависандаи маъруф Ҷалол Икромист, дар охирин лаҳазоти умр дар болини ӯ будааст.

Пруфессур Анвар Шукуров устоди физик дар донишгоҳи Ню-Коссели Бритониёст. Пруфессур Шариф Шукуров дар заминаи фарҳанг ва адабиёти порсӣ ва пруфессур Рустам Шукуров дар заминаи таърихи қуруни вустоӣ дар Донишгоҳи Маскав дарс медиҳанд.

Писари Садри Зиё

Окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар шаҳри Бухоро мутаваллид шуд. Вай писари Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозии иморати Бухоро ва аз фузалои маъруфи он давр буд.

Садриддин Айнӣ, нависандаи маъруф, дар китоби "Ёддоштҳо"-яш менависад, ки аҳли адабу фарҳанг он замон дар хонаи Садри Зиё гирдиҳам меомаданд ва маҳофили шеъру адаб барпо мекарданд. Худи Айнӣ низ аз ҳимояти Садри Зиё бархурдор буда ва муддате дар хонаи ӯ зистааст.

Окодемисиян Шакурӣ монанди Айнӣ, Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Улуғзода ва дигарон аз ҷумлаи фарзонагони зодаи Бухорову Самарқанд аст, ки пас аз таъсиси ҷамоҳири шӯравӣ ва табъизу таъқиби фарҳангиёни тоҷик дар Узбакистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд ва дар поягузории фарҳанги навини ин кишвар саҳми боризе гузоштаанд.

Вай тайи 60 сол дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор карда ва дар ин муддат ҳудуди 50 китоб дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла забону адабиёт ва таърих, фарҳанг ва ҷомеъашиносӣ навиштааст. Ӯ муаллифи садҳо мақола ва рисолоти илмӣ низ ҳаст.

Ба гуфтаи бисёре аз пажӯҳишгарон, аввалин китобе, ки устод Шакуриро ба шуҳрат расонд, "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" аст, ки дар даҳаи 1980 чоп ва баъдан борҳо таҷдиди чоп шуд.

Дар ин китоб ӯ ба тарҷумазадагӣ ва иштибоҳоти густардаи роиҷ дар забони матбуъот ва адабиёти он давраи Тоҷикистон ишора карда ва хостори ислоҳи онҳо шуда буд.

"Хуросон аст инҷо"

Дар авохири аҳди Шӯравӣ ӯ аз пешвоёни умдаи ҷунбиши ҳувиятхоҳӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар соли 1989 ба расмӣ шудани забони форсӣ дар ин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ анҷомид.

Гуфта мешавад оқои Шакурӣ дар таҳияи матни қонуни забон, ки он сол тасвиб шуд, нақши боризе дошт. Яке аз муқаррароти ин қонун эҷоди шароит барои бозгашт ба хатти порсӣ буд, аммо бо оғози ҷанги дохилӣ ва таҳти нуфузи авомили хориҷӣ ин муқаррара ҳаргиз ба иҷро нарасид.

Китобҳои маъруфе, ки ӯ дар ду даҳаи ахир навиштааст, "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошанд. Дар китоби нахуст окодемисиян Шакурӣ пас аз ҳудуди 80 соли султаи Шӯравӣ ва сонсури андешаҳои худогоҳона Тоҷикистонро бахше аз сарзамини бузурги Хуросон хонд.

Вай сиёсати ҳувиятсозии қавмии Шӯравиро, ки ба тақсими қаламрави Осиёи Миёна ба чанд ҷумҳурӣ ва табдили ақвому қабоили маҳаллӣ ба миллатҳои ҷудогона мунҷар шуд, накӯҳиш кард.

Дар китоби дувум Окодемисиян Шакурӣ тафсири суннатии роиҷ дар Шӯравӣ дар бораи ҳаводиси соли 1920 дар Бухоро ва фирори амир ба Афғонистонро ба чолиш кашид.

Вай эълом кард, ки дар иморати Бухоро ҳеч инқилобе дар он солҳо рух надод, ҳеч гуна замина ё шароите ҳам барои вуқӯъи иниқлобе, ки кумунистҳо таърифашро мекунанд, вуҷуд надошт.

Ба назари ӯ, "ҳарчи буд, фитнае беш набуд" ва дарвоқеъ Бухоро дастхуши таҷовузи артиши сурхи Русия (Шӯравӣ) қарор гирифт ва дар бумборони ин шаҳр бисёре аз амокини бостонӣ хароб шуд.

"Аз ин ҳукумат дилам монд"

Окодемисиян Шакурӣ дар солҳои ахир борҳо аз давлати Тоҷикистон хоста буд манзилашро, ки дар табақаи аввали сохтмоне чаҳортабақа дар Душанбе воқеъ буда ва ба иллати беморӣ аз рутубати он ранҷ мебурд, иваз кунад.

Аммо ба гуфтаи худи ӯ, бо вуҷуди дастурҳои мукарраре, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дода буд, мақомоти шаҳрдории Душанбе дархости ӯ ва дастурҳои раиси ҷумҳурро нодида гирифтаанд.

Вай тайи солҳои ахир аз ин мавзӯъ бисёр нороҳат буд ва аз ҷумла дар охирин сафари худ ба Эрон гуфта буд: "Аз ин ҳукумат дилам мондааст, ба онҳо дигар эътимод надорам."

Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон буд. Соли 2005 ӯ ба унвони "Чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд.

Телевизиюни форсии Би-би-сӣ филми мустанаде бо номи "Ҷони Дилафрӯз" таҳия кардааст, ки дар бораи рӯзгор ва осори окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳикоят мекунад.

Ин филм борҳо аз тариқи телевизиюни форсии Би-би-сӣ пахш шудааст. Дар охири моҳи август дар ҷашнвораи филмҳои Би-би-сӣ дар Душанбе низ ба намоиш даромад. Аммо ба далели беморӣ, худи оқои Шакурӣ натавонист дар ин ҷашнвора ширкат кунад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.