Аз Бухоро то Душанбе: Шакурӣ ва забони форсии Фарорӯд

Ба рӯз шуда:  , 16 Сентябр соли 2012 - 11:00
Шакурӣ

Окодемисиян Шакурӣ дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозии иморати Бухоро ва аз фарҳангиёни шинохтаи он даврон, мутаваллид шуд

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва навиштаҳои муҳаққиқони баъдина, ҳавлии бошарофати Муҳаммад Шарифҷонмахдуми мулаққаб ба Садри Зиё (1817-1932) - шоъир, адабиётшинос, насрнавис, тазкиранигор ва муар­рихи номии тоҷик, яке аз шахсони соҳибмақоми иморати Бухоро, ба гуфтаи устод Айнӣ "ҳар ҳафта се ша­би таътил - сешанбе, чаҳоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоъирон, шеършиносон, лати­фагӯён ва ширинкоронро мегирифт" ва дар ин гуна ҷамъомадҳо, ки "Маҷлисҳои Садри Зиё" ном гирифтаанд, аҳли маҷлис шеър мехонданд, дар бораи навиштаҳои ҳамдигар изҳори ақида мекарданд.

Ба ибораи устод Айнӣ, маҳфили адабии Садри Зиё "мактаби адабиёти ҳамон давра" ва китобхонаи машҳури ӯ барои "талабаи маъниҷӯй як хазинаи маълумоти беинтиҳо буд". Маҳфили адабии Садри Зиё танҳо ба таҳлили шеъру шоъирӣ қаноъат намекард, балки доғтарин масъалаҳои иҷтимоъии замонро мавриди баррасӣ қарор медод.

Аҳли маҳфил "аз бадкирдориҳои роҳбарони ҳукумат ва калонони ҳамон замон шикоят" мекарданд, "ҳамеша як навъ ҳаракатҳои оппозитсионӣ нишон медоданд", ки дар бедории фикрии адибони ҷавони оғози садаи ХХ нақши муҳимме бозидаанд.

Бесабаб нест, ки устод Айнӣ Садри Зиёро "аввалин тарбиятгари маънавии худ" ва "бешубҳа, аз ҷумлаи маъорифпарварон ва тараққихоҳони замон" донистааст, ки дар бедории фикрӣ ва суратгирии назари интиқодии онҳо ғояҳои маъорифпарвариву ислоҳотхоҳии сардафтар ва пешвои равшангарони ҳамонвақтаи тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) - "ситорае дар осмони тирашаби иморати Бухоро" нақши муҳим бозидаанд. Садри маҳфил Шарифҷон-махдум, бино ба шаҳодати устод Айнӣ, "ошиқи асарҳои Аҳмадмахдум буд."

Кӯдаке маҳрум

Дар ҳамин хонадони саъид, дар даврони пуртазодди солҳои 20-уми садаи ХХ, дар айёме, ки Бухоро мақоми маркази ислому дин - марказияти илму фарҳанги исломии худро аз даст дода, ба як шаҳри одии шӯравӣ табдил меёфт, фарзанде таваллуд ёфту падару модари шоду масрур аз таваллуди гулписарашон бо умеду орзуи зиёде ба ӯ номи пурифтихори паёмбари аҳли ислом Муҳаммад (с)-ро доданд. Дар таваллуди писарашон Муҳаммадҷон падари фозилу меҳрубон рӯбоъие дар моддаи таърих гуфта, ки як навъ дуъову фотеҳаи неки аҳли хонадону наздикони эшон ҳам мебошад:

Ин тоза ниҳол сабзу пурбар бодо,

Дар боғи ҳаёт тозаву тар бодо!

Дар вақти таваллудаш, ки буд ахтари саъд,

Кардем рақам, ки саъдахтар бодо.

Шакурӣ

Шакурӣ бо ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ

Вале тақозои тақдир чунин буда, ки писари хурдӣ Муҳаммадҷон аз меҳру муҳаббат ва навозиши модару дидору меҳрубонии падар кам баҳравар гардид. Аз дороиву сарвату давлати аҷдодӣ танҳо фазлу дониш ва чанд дастнависро ба мерос гирифт.

Охируламр, ҳавлии Садри Зиё - макони охирин мактаби адабиёту сухани ноби тоҷикӣ дар Бухорои Шариф, хароб ва китобхонаи нодири падар - "хазинаи маълумоти беинтиҳо барои талабаи маъниҷӯй" тороҷ гардида, қисман ба Тошканд бурда шуд, ки аз боқимондаи онҳо дар Тошканд охири солҳои 50-уми садаи гузашта ба туфайли як навиштаи донишманди тоҷик Расулхон Ҳодизода огоҳӣ ёфт.

Меҳрубонии Худованд буда, ки Муҳаммадҷони хурдсол бо амри тасодуфе аз маркази бостонии илму адабу фарҳанги тоҷикон Бухорои Шариф ба маркази тозабунёдаш Душанбе роҳ пеш гирифт. Ин қиссаи пурдардро окодемисиян Шакурӣ дар "Зиндагиномаи худнавишт" - аш чунин ба қалам овардааст:

"Чун давлати шӯравӣ аз мардум тилло гирд овардан оғоз кард, падарам зиндонӣ шуду дар зиндон аз дунё гузашт... Модарам Мусаббиҳа Шукурова низ бо падарам зиндонӣ ва дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, баъди расидан ба озодӣ, пас аз як соли даргузашти падарам, яъне соли 1933, вафот кард. Он гоҳ ман дар синфи якум мехондам. Даргузашти модарам ҳангоми таътили зимистонии мактаби ман, яъне дар моҳи январ буд. Модарам ҳамагӣ 37 сол умр дошт.

Ман чанде дар хонаи тағойии (дойии) худ Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадии шоъир (1900-1937) зиндагӣ доштам... Авҳадӣ дар Бухоро, дар Китобхонаи машҳури ба номи Ибни Сино, кор мекард. Шеъраш гоҳ-гоҳ дар рӯзномаи "Бухоро" чоп мешуд. Азбаски Авҳадӣ дар ҷавонӣ аз ҷадидони Бухоро буду бисёр ҷадидон оқибат инқилобкор шуданд, аз шӯравиён чандон хавф надошту бо бародаронаш ба Афғонистон нагурехт. Бо вуҷуди ин, соли 1937 Авҳадӣ зиндонӣ ва ба Сибир бадарға шуду дар он ҷо ба ҳалокат расид.

Тағойиам васии банда буду пас аз зиндонӣ шудани ӯ аз васоят ҳам бенасиб мондам. Чанде пеш аз зиндонӣ шудани ӯ ман ба хонаи аммаам Иқболхон, ки танҳо монда буд, гузаштам. Лекин аммаам аз паси фарзандаш Асолатхон ба Сталинобод - имрӯза шаҳри Душанбе, рафт. Ман дар Бухоро бекасу танҳо мондам. Дар як ҳавлии вайрона мезистам, ки моли бародарам Зариф буду Зариф дар як деҳи Ғиҷдувон муъаллимӣ мекард. Соли 1939 аммабачаам Асолатхон ва ҳамсари Ҷалол Икромӣ - Саъодатхон, ки бо коре аз Душанбе омада буданд, маро бо худ ба Душанбе оварданд.

Асолатхон дар Душанбе муъаллим буда, Саъодатхон дар Китобхонаи Фирдавсӣ кор мекард. Ҷалол Икромӣ чанде пеш аз он аз зиндони шӯравӣ баромаду бемор буду ман намедонистам, ки дар куҷо кор мекунад. Ман ба хонаи Асолатхон фуромадам ва ӯ имкон фароҳам овард, ки бо ягона фарзандаш, ки низ Муҳаммадҷон ном дорад (Муҳаммадҷон Раҳмонов), таҳсилоти миёнаву олиро ба поён расонам."

Кутуби сӯхта

Зиёда аз 70 соли умри пурбаракати ӯ дар Душанбе гузашт, ки шоҳиди гӯёи аз шаҳри хурде ба маркази бузурги илму маъориф, адабиёту фарҳанги тоҷикон табдил шудани он мебошад. Барояш ҳар шоху буттаи хиёбону навиштаҷоти деворҳояш азиз аст, ки барои то ин дараҷа расидани маркази нави тоҷикон чи қадар меҳнату заҳмат сарф шудааст.

"Чун давлати шӯравӣ аз мардум тилло гирд овардан оғоз кард, падарам зиндонӣ шуду дар зиндон аз дунё гузашт... Модарам Мусаббиҳа Шукурова низ бо падарам зиндонӣ ва дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, баъди расидан ба озодӣ, пас аз як соли даргузашти падарам, яъне соли 1933, вафот кард. Он гоҳ ман дар синфи якум мехондам. Даргузашти модарам ҳангоми таътили зимистонии мактаби ман, яъне дар моҳи январ буд. Модарам ҳамагӣ 37 сол умр дошт."

Окодемисиян Шакурӣ

Онҳое, ки дар шаҳрҳои зебову обод хонаву ҳавлиҳои хушбоду ҳавояшонро гузошта, ба хотири ободии миллату меҳан ба маркази нави тоҷикон рахти сафар мебастанд, дарвоқеъ, фидоӣ буданд.

Нақши дастони онҳо дар ҳар бинои пурҳашаммату боғҳои гулафшон боқист, ки ӯ шоҳиди бевоситаи ҳамин гуна созандагиву бунёдкорӣ, таҳаввулу дигаргуниҳои Душанбе дар солҳои гуногун асту гоҳо бо ифтихори беандоза, гоҳо бо сӯзу алами зиёд аз бурду бохти шаҳри азизаш қалам меронад.

Мехоҳад, ки ҳар ҳавливу хона, осорхонаву китобхона, боғу сайргоҳ, кӯчаву хиёбони шаҳр мувофиқу мутобиқи анъанаву суннатҳои меъмории аҷдодӣ ва ҷавобгӯйи мақому манзалати пойтахти тоҷикон бошад. Ба ин синну соли муътабараш нигоҳ накарда, ҳангоми қадамзанӣ дар кӯчаҳои шаҳр бо чашмони камнураш ҳар овезаву лавҳаро ҳиҷҷа карда мехонад, ки аксаран пурхато ва ба забони бегонаҳо навишта шудаанд! Ӯ мехоҳад, ки ҳарчи зудтар онҳо ислоҳ шаванд, зеро чунин навиштаҷоту овезаҳои пурхато ҳусни шаҳрро мекоҳанд...

Душанберо дӯст медорад, ки дар ҳамин ҷо бо душвориву мушкилиҳо соҳибъилм гардида, ба пояҳои баландтарини илмӣ расид. Айёми донишҷӯияш дар нахустдонишкадаи Тоҷикистон - Донишкадаи омӯзгорӣ, ба солҳои вазнини ҷанги зидди Олмон рост омад, ки он замонро чунин ёдовар мешавад: "Аз ҳеч дарсе китоби дарсӣ ва ё кумакдарсӣ надоштем. Адабиёти бадеъии тоҷикӣ ва тарҷумаи адабиёти русиро, ки даҳаи сӣ ба хатти лотинии тоҷикӣ чоп шуда буд, ба даст оварда наметавонистем, зеро бештари муаллифон ё тарҷумонҳо ва ё муҳаррирон ва ё ин ки нафарони дигар, ки номашон дар унвонсаҳифаи китоб зикр шудааст, дар терури соли 1937 ба зиндон афтодаву ба ин сабаб китобҳо аз фурӯшу аз китобхонаҳо барчидаву сӯзонда шуда буданд..."

"Дар донишкада ба мо андак хатти форсӣ ёд доданд, лекин китобҳои дастнависи куҳна ва чопи сангии пеш аз инқилоботи соли 1917 ва 1920-ро низ наметавонистем пайдо бикунем, чунки чунин китобҳо китоби динӣ ба шумор меомаданд ва онҳоро низ ҳар ҷо бинанд, мусодираву нобуд мекарданд. Дар китобхонаи донишкада китоби русӣ бисёр буд, вале азбаски ҳанӯз чандон русӣ намедонистам, бисёр мехондаму кам мефаҳмидам. Хуллас, ки китобхонӣ кам буд."

Толибилмони он солҳо фақат аз дарси устодонашон дониш меҷустанд ва дар ин радиф Муҳаммадҷони донишҷӯйро ҳам саъодате даст дода, ки аз устодоне чун Лутфуллоҳи Бузургзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Аббос Алиев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷони Маъсумӣ, Икром Хоҷаев, Муҳаммадӣ Исматуллоев таҳсил дидаанд.

Ӯ мегӯяд: "Аз инҳо Лутфуллоҳ Бузургзода ба ҷанг рафту дигар барнагашт. Абдулғанӣ Мирзоеву Алоуддин Баҳоуддинов аз роҳи хидмати ҳарбӣ ба Эрон фиристода шуданду мо аз дарси онҳо маҳрум мондем. Дигарон дар шароити душвори замони ҷанг, ки худ ба азобе мезистанд, фидокорона кор карда, моро ақлу ҳуш меомӯхтанд."

Муноқиша бар сари Аҷзӣ

Соли 1945, дар арафаи хатми донишкада, Муҳаммадҷони Шакуриро рӯзномаи "Тоҷикистони сурх" ба кор, вазорати маъориф ба навиштани китобҳои дарсӣ даъват, вазорати корҳои хориҷӣ идомаи таҳсилро дар мактаби дипломатии Маскав пешниҳод кард, ки пас аз хатми он мактаб ба кори дипломатӣ машғул шавад. Институти таърих, забон ва адабиёт низ хостори идомаи фаъъолияти илмии вай дар ин даргоҳ шуд.

Шакурӣ

Ҳар се писари Шакурӣ - Анвар, Рустам ва Шариф донишмандони варзидае ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои муътабари Маскав ва Бритониё дарс медиҳанд

Ниҳоят, устоди ғамхораш Носирҷон Маъсумӣ ӯро дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба кор гирифт. Вале чун моҳи августи соли 1945 дар Кӯлоб Донишкадаи дусолаи муъаллимин таъсис ёфт, вазорати маъориф ӯро ба он ҷо фиристод. Бо сабаби беморӣ баъди як соли муъаллимӣ бо тавсияи пизишкону кумаки Абдулғанӣ Мирзоев ва амри Бобоҷон Ғафуров, ки котиби Кумитаи Марказии ҳизби кумунист буд, боз ба Душанбе баргашт.

Ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор даромада, солҳои 1945-1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши ифоданок (хониши матн), равиш (методика)-и омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамин тариқ, кам не, дар 65 соли омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷик, комёбу муваффақ гардид.

Истеъдоди фитриву қобилияти беандоза ва баракати илму дониш соҳибномаш гардонданд. Аз муъаллими одии унвонҷӯй то дараҷаи доктори улуми филология, профессор, академики АИ Тоҷикистон расид. Ҳарчанд дар оғози роҳ барои устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозода пешпояш доданд, аз ин ноомади кор ноумед нагардид. Ба хотир меоварад, ки "он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигарӣ Холиқ Мирзозода ва севумӣ Шарифҷон Ҳусейнзода.

Хости замон ин буд, ки онҳо, чун ҳамаи нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология, аз якдигар айби сиёсӣ биҷӯянд ва айби якдигар бигӯянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷӯйии сиёсӣ дар миён буду бас. Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст."

Рисолаи номзадиаш "Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)"-ро баъди ҷусторҳои зиёди бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбеву Самарқанд ва Тошканду Маскав омода ва дар кафедра баррасиву фишурдаи он - авторефератро ба русӣ тарҷума кунонда, ба ҳимоя омодагӣ медид, ки Абдулғанӣ Мирзоев Аҷзиро на равшангару маъорифпарвар, балки аз ҷадидону миллатгароёни буржуазӣ қаламдод мекунад.

Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии мавзӯъи рисолаи номзадӣ бармехезад, вале баъди чанде ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ мешавад. Дар натиҷа, Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, 29 декабри соли 1952, дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми ҶШС Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ мекунад, ки мубоҳисаи тӯлоние (аз соати 19-00 то 3-00) идома меёбад.

Вале аз рӯйи анъанаи тоҷикӣ ва тақозои замон, ба ҷуз соҳиби рисола, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқ Мирзозодаи адабиётшиноси раҳбари илмӣ, касе ҷуръат намекунад, ки хилофи фикри котиби Кумитаи марказии ҳизб Алиқул Имомов, раиси маҷлис, чизе бигӯяд. Оқибат маҷлис натиҷагирӣ мекунад, ки Аҷзӣ шоъири иртиҷоисту осори вай бояд омӯхта нашавад.

Бо ҳамин, ба заҳмати чандинсолаи унвонҷӯйи ҷавон хатти бутлон кашида, рисолаи номзадиашро лағв мекунанд. Илова бар ин, аз рӯйи қоъидаву қонуни он замон, хавфе пеш омад, ки ба устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозодаву худи ӯ тамғаи "миллатгаро" бизананд. "Агар дар дигар ҷумҳурии шӯравӣ мебудем, Х. Мирзозодаву маро ҳабс мекарданд. Аммо Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёиёнро ба ҳабс бигиранд", - ба хотир меоварад он лаҳзаву айёми барояш тақдирсозро.

Китобе, ки чоп нашуд

Хушбахтона, чунин зарбаи дар оғози зиндагӣ бар андомаш фуровардаи қисматро таҳаммулпазирона пушти сар ниҳод, ин нокомии ногоҳонӣ шасташро нагардонид ва ӯ, соли 1953, мавзӯи дигареро барои таҳқиқу омӯзиш интихоб кард, ки "Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии "Ёддоштҳо"-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)" унвон дошт. Бо маслиҳати устодону дӯстонаш роҳи Маскавро пеш гирифта, як сол дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба иншои рисола машғул гардид.

Шакурӣ

Шакурӣ: "Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст"

Таҳти раҳнамоии профессор Иосиф Самуилович Брагинский дар давоми шаш-ҳафт моҳ таълифи рисолаи номзадиро анҷом дода, 28 феврали соли 1958 дар Пажӯҳишгоҳи мазкур рисолаи илмиашро муваффақона дифоъ кард ва ба Душанбе баргашта, фаъъолияти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ идома дод. Дар ин даргоҳи бузурги илм аз соли 1951, аввал чун корманди илмӣ, аз соли 1959 ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти шӯравии тоҷик ва дар солҳои ахир чун мушовир ифои вазифа мекард.

Дилгармонаву ҷасурона дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёти шӯравии тоҷик машғули тадқиқу таҳқиқ шуда, дар таълифу таҳрири "Очерки адабиёти советии тоҷик", иборат аз ду ҷилд (ба тоҷикӣ: соли чопаш 1956-1957; мухтасари он, дар як ҷилд (ба русӣ; Маскав, соли чопаш 1961) ширкат варзидааст.

Дар баргардону таҳриру такмили "Синбоднома"-и Заҳирӣ, "Ҳотами Той", "Самаки айёр", "Шоҳнома"-и мансури қиссахонҳо, "Ҷомеъ-ул-ҳикоёт" барин осори насри клосикиву ривоятӣ саҳми назаррас гузошта, нақши суннатҳои назму насри клосикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикии садаи бистро мавзӯъи асосии пажӯҳишҳояш қарор медиҳад, ки натиҷаи онҳо дар чандин мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби "Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ" (1973) пешкаши хонандагон гардидааст.

Ҳамроҳи профессор И. С. Брагинский-корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС роҳбари гурӯҳи таълифи шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик. Инкишофи жанрҳо" таъйин шуд, ки чаҳор ҷилди аввали он таҳти номи "Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо" солҳои 1978-1984 ба табъ расида, муаллифонашон Холиқ Мирзозода, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев, Абдураҳмон Абдуманнонов, Лариса Демидчик буданд. Ду ҷилди охири он ба муносибати оғози бозсозии Горбачёвӣ, ки ақидаҳоро бо суръату шиддат дигар кард, аз чоп боздошта шуд.

Гурӯҳи мазкур ду ҷилди "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик"-ро ба забони русӣ ҳам омода карда буд, ки поя бар таҳаввули жанру сабк дошта, таҷрибае аввалин дар адабиётшиносии шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони Фарҳангистони улуми шӯравӣ чун намунаи тозаи таърихнигории адабӣ хуш пазируфта шуд. Аз сабаби зуҳури Михаил Горбачёву "бозсозӣ" -ҳояш он ҳам рӯйи чопро надид.

Мақолаи сол дар Шӯравӣ

Ӯ яке аз пешравони муборизаи пуршиддати касби мақоми давлатии забони тоҷикист, ки нахустмақолааш доир ба ин мавзӯъ дар Маскав, дар ҳафтаномаи маъруфу машҳури "Литературная газета" (14 декабри 1988) таҳти унвони "Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад" ("Кто беспомощен в собственном языке") ҳануз 24 сол муқаддам интишор ёфта, барандаи ҷоизаи "Мақолаи сол" ҳам гардид, ки хабари хуши он 28 декабри 1988 (№52) дар "Литературная газета" ба табъ расид.

Шакурӣ

Шакурӣ дар баргардону таҳриру такмили "Синбоднома"-и Заҳирӣ, "Ҳотами Той", "Самаки айёр", "Шоҳнома"-и мансури қиссахонҳо, "Ҷомеъ-ул-ҳикоёт" барин осори насри клосикиву ривоятӣ саҳми назаррас гузоштаааст

Нашриёти "Художественная литература" (Маскав) ин мақоларо дар маҷмӯъаи "Говоря откровенно... Заметки писателей о межнациональных отношениях" ("Агар ошкоро бигӯем... Андешаҳои адибон дар хусуси муносиботи байни миллатҳо") (Маскав, 1989) дар радифи навиштаҳои машҳуртарин шахсиятҳои адабии кишвари шӯравӣ (академик Д. С. Лихачов, Чингиз Айтматов, Васил Биков) ба табъ расонд, ки як навъ дастгирии муборизаи фарҳангиёни Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ аз ҷониби доираҳои демократии Маскав ба ҳисоб мерафт.

Нусхаи муфасссали мақола ба забони тоҷикӣ таҳти унвони "Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст" 25 ноябри 1988 дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" ба табъ расида, ҳамовозии гармеро ба миён овард. Бар асари чунин мақолаҳо ва пешниҳоди Конфаронси саросарии забоншиносон дар Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ (моҳи декабри соли 1988) моҳи январи соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистон Кумисиюни забон таъсис дод, ки пешнависи санадро ба окодемисиян М. Шакурӣ супурд, ки "Қонуни забон" ном гирифта буд.

Лоиҳаи "Қонуни забон" пас аз вироиши гурӯҳе аз донишмандону ҳуқуқшиносони варзида дар матбӯъот ба баррасии умум пешкаш гардид, ки дар саҳифаҳои матбӯъоти он замони Тоҷикистон баҳси гарму ҷӯшонеро ба миён овард. Аз деҳқони хокпош то олимони риштаҳои гуногун дар баррасиву такмили он фаъъолона ширкат варзиданд, ки баъди хомӯшии чандинсола саҳифаҳои матбӯъот ва барномаҳои родиюву телевизиюнро гуногунандешии воқеъӣ фаро гирифт.

Қонун бо такмилу иловаҳо 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба тасвиб расида, забони форсии тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон эълом гардид, ки ҳадафи асосии он берун бурдани забони соҳибдавлатон аз чордевори хона ва табдили он ба забони ҳақиқии илму адабу сиёсат буд.

Ҳамон сол Кумитаи истилоҳот, ки чанд сол боз аз фаъъолият бозмонда буд, дубора барқарор ва окодемисиян М. Шакурӣ раиси он таъйин гардид. Қонуни забон тақозо мекард, ки кори идораҳо ба забони тоҷикӣ сурат гирад ва Кумитаи истилоҳоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба таҳияи истилоҳоти коргузорӣ шуғл варзад.

Ӯ ба туфайли ширкати фаъъолонаи хеш дар ислоҳи камбуду норасоиҳои забони тоҷикӣ, ки дар даврони шӯравӣ ба дарди тарҷумазадагӣ гирифтор шуда буд, хидмати шоёну назаррасеро анҷом дод. Дар заминаи корбасти усули илмии истилоҳоти миллӣ анвоъи қолабҳои вайрони калимасозиро, ки дар истилоҳоти тоҷикии садаи бист фаровон ба кор мерафтанд, ошкор сохта, нахустин дастовардаҳояшро дар мақолаи "Истилоҳот ва забони миллӣ" ба баррасии умум гузошт.

"Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"

Аслан, дар таърихи илми филологияи тоҷик як даста олимон ба омӯзиши масъалаҳои назарияи адабиёт, таърихи адабиёти тоҷик, нақди адабӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум, матншиносӣ ва ғайра шуғл варзида, умри худро сарфи тадқиқи сирф адабиётшиносӣ кардаанд. Дастаи дигаре танҳо масоили забоншиносиро мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор додаанд. Вале ангуштшуморанд олимоне, ки илми адабиётро пайваставу мусовӣ бо забоншиносӣ пеш баранду баррасӣ намоянд.

Шакурӣ

Нахустмақолаи Шакурӣ дар бораи забон дар ҳафтаномаи маъруфу машҳури "Литературная газета" дар Маскав (1988) таҳти унвони "Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад"интишор ёфта ва барандаи ҷоизаи "Мақолаи сол" шуд

Ин равияи пажӯҳиш аз устод Айнӣ оғоз гардида, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худоӣ Шарифов ва дигарон онро идома додаанд. Таваҷҷуҳи окодемисиян М. Шакуриро, чун устод С. Айнӣ ва Н. Маъсумӣ, ҷанбаи муҳимми забони тоҷикӣ - риъояти асолати забони модарӣ ва ҳусну назокати он бештар ба худ кашида, ки маншаъ аз тадқиқи сабки бадеъии устод Айнӣ, ҳамкории судманд бо забону адабиётшиноси маъруф Носирҷон Маъсумӣ ва баҳсу мунозираҳои илмии солҳои панҷоҳуму шастуми қарни гузашта дар хусуси покизагии забони адабии тоҷик аз ҷониби фозилоне чун Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, мутарҷимони маъруф Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳасан Ирфон, Эмонуил Муллоқандов ва дигарон мегирад.

Окодемисиян М. Шакурӣ пайваста таҳаввулоту такомулот, ҳар падидаи матлубу номатлуби забони муъосири тоҷикро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медод. Ҳанӯз соли 1964 дар мақолаааш "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" дар маҷаллаи "Шарқи сурх" (ҳоло "Садои Шарқ") масъалаҳои муҳимми забони адабии тоҷик ва истифодаи онро дар матбӯъоти тоҷик ба риштаи таҳқиқ кашида, натиҷаи заҳамоташро дар ин ҷодда соли 1968, бо иловаҳо ва такмилу таҳрири тоза, дар шакли китоби ҷудогона, бо ҳамин ном ба чоп расонда буд. Чопи дувуми он соли 1986, нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.

Ин асар як навъ ҷамъбасти илмии он ҳама фикру андешаҳост, ки дар давоми зиёда аз ним аср аз тарафи суханшиносон, адибон, мутарҷимон доир ба нуқсонҳои забони матбӯъот, асарҳои бадеъии тарҷумавӣ баён шудаанд ва он ягона асари мукаммалест, ки тамоми нуқсонҳои забони расонаҳои хабариро аз лиҳози луғавӣ, калимасозӣ, сарфию наҳвӣ ва услубӣ бо далелҳои шайъӣ собит менамояд.

Бино бар мушоҳидаҳои дақиқ ва пайгиронаи муаллиф, як миқдор ғалатҳои забони матбӯъоти тоҷик бо таъсири забонҳои бегона, бавижа, забони русӣ, дар натиҷаи тарҷумаи осору аснод, муоширати озоди намояндагони забонҳои гуногун аввал ба гуфтугӯ ва лаҳҷаҳо, баъдан ба забони адабӣ роҳ ёфтаанд.

Чунин таъсири номатлуб на танҳо дар истифода аз калимаю истилоҳот, балки дар унсурҳои калимасозӣ, шаклсозӣ, ибораю ҷумлабандӣ низ мушоҳида мешавад. Сабаби аввали ба забони меъёр ворид шудани баъзе унсурҳои грамматикиро (оид ба - оиди, нисбат ба - нисбати, вобаста аз, вобаста ба, новобаста аз, новобаста ба, вобаста аз ин (он) ки, вобаста ба ин (он) ки, вобаста аз ин (он) ки, новобаста ба ин (он) ки, бо дарназардошти, бо назардошти, бо дарназардошти ин (он) ки, бо назардошти ин (он) ки, ба... нигоҳ карда, ба... нигоҳ накарда, ба ин (он) нигоҳ карда, ки ба ин (он) нигоҳ накарда, ки) ва қолабҳои ибораю ҷумлабандии носаҳеҳро аз забони гуфтугӯйи озоди мардум, баъдтар матбӯъот ва асарҳои бадеъӣ медонад, ки натиҷаи таъсири гоҳе яктарафа ва гоҳе чандтарафаи сарфу наҳви забонҳои бегона бар забони тоҷикистанд.

Дар анҷомсухани нашри охирини асари номбурда муаллиф дар хусуси фарҳанги сухан ва зинаҳои такомули он дар ҳар фарди соҳибзабон менависад: "Забони адабии тоҷикӣ забони иқтидормандест, ки дар зарфи чандин аср сайқал ёфтааст. Ин ҳолат ба зиммаи қаламкашҳои имрӯза масъулияти ҷиддие мегузорад. Донистани таърихи забони адабӣ ва роҳҳои инкишофи он, истифодаи ҳамаҷониба аз андӯхтаҳои чандинасраи вай, бо ҳассосияти махсусе ҳис кардани нозукиҳои он аз шартҳои асосии фарҳанги сухан аст".

Дарвоқеъ, меъёрҳои клосикии сухани асил дар забони тоҷикӣ реша бар умқи таърих доранд, ки бино бар таъкиди муаллиф, "дар ягон соҳа, масалан, дар калимасозӣ, ё ҷумлабандӣ ва ё дар мавриди муъайян кардани ҷойи калима дар ибора ва ҳоказо аз меъёрҳои клосикии асолати сухан дур рафтан барои инкишофи забони адабӣ оқибатҳои номатлубе хоҳад дошт. Дур рафтан аз меъёрҳои забон на танҳо хавфи гусастани робитаи қавиро бо забони ноби гузаштагонамон, балки бо забони муъосири дарӣ дар Афғонистон ва форсӣ дар Эрон ба миён меоварад."

Тохтҳо бар забон

Нашри охирини китоб, бино бар шумурди пруфесур Б. Камолиддинов, шарҳи мухтасар ё муфассали 83 нуқсони гуногуни забони матбӯъот, родию ва телевизиюни ватаниро дар бар мегирад, ки баъзе маворид қайдҳои муаллиф хеле мухтасар буда, дар ним ё як саҳифаи китоб ҷой гирифтаанд; дар бобати нуқсонҳои ҷиддӣ ва баҳсталаби забони матбӯъот муаллиф хеле батафсил сухан меронад ва дар заминаи фикру андешаҳои мухталифи тадқиқгарон ва далелҳои зиёд ба хулосаҳои дақиқ меояд.

Шакурӣ

Шакурӣ ҳафт сол пеш дар Эрон унвони "Чеҳраи мондагор"-ро гирифт

Вале, мутаассифона, он камбуду норасоӣ, саҳву ғалат дар матолиби матбӯъот, гуфторҳои родию ва намоишҳои телевизиюн идома доранд, ки аз надоштани гӯши суханшунаву чашми ибратбини мо гувоҳӣ медиҳад.

Ҳарчанд забонамон аз ҷониби устодоне чун Айнӣ, Абдуссалом Деҳотӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ пуштибонӣ дидааст, мо, соҳибзабонон нисбат ба тақдири забонамон бетарафиро ихтиёр кардаем...

Шоъири шаҳири нотакрорамон Лоиқ Шеръалӣ, ки ин ҳама талошу заҳмат ва хидматҳои устод Шакуриро бо чашми сар дидааст, ба муносибати ҷашни 70-умин солгардашон бо қалби саршор аз муҳаббат навишта буд: "Устод Шакурӣ, ки марди поксиришт ва накӯсияр, яке аз ҷонфидоёни арсаи тамаддуну фарҳанги тоҷик, ки бо чашми худ сӯхтанҳои китобҳо, ба фалак дуд кашидани сӯхтори китобҳо (яъне дуди оҳи миллати тоҷик!), ба тороҷ рафтани китобхонаҳои Бухоро, минҷумла, китобхонаи қиблагоҳаш Шарифҷон-махдуми Садри Зиёро, ки Аллома Садриддини Айнӣ дар он ҷо "гарди меҳмонхона" хӯрдааст, дар тӯли ҳафтод соли умр ва панҷоҳ соли қаламкашиву аламкашиаш аз болову поён ҳарфи таҳсинбарангезе кам шунидааст, басо бӯқаламунсифатии одамону замонро дидааст, ӯзбек шудани тоҷикони Бухороро бо чашми сар дидааст, хор шудани ҳар ҳиҷо, ҳар калима, ҳар вожаи забони тоҷикиро эҳсос кардаву дар китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" ба қадри донишу ҳиммат барои софкории забон ва саранависӣ қалам судааст"...

Вазъи забони тоҷикӣ, резатаҳқиқоти мушаххаси китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" дар рисолаи "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист" (2003, ба хатти кириллӣ; 2005, ба хатти форсӣ) ҷамъбаст гардид, ки таҳаввулоту дигаргуниҳо, тохтҳоро ба забон ва бохти тоҷикиро дар як сада дар бар мегирад ва аз нигарониҳои бузургони миллат нисбат ба ояндаи торики забони тоҷикӣ ҳикояти талхе мекунад.

Ҳамин ҳикоят боъис гардид, ки бархе муаллифро дар носазогӯйиҳо гунаҳкор донанд. Ҳол он ки тамоми суханҳои "ранҷишбарангез"-и муаллиф на ба хотири сиёҳ кардани касе, балки аз вазъияти тоқатфарсои забони тоҷикӣ дар сояи идеологияи ҳукмрони вақт баён гардида, як навъ ифодагари сӯзиши дили чорасозони бечора буд, ки сиёсат онҳоро маъюсу ноумед гардонида, ба ояндаи забону миллаташон бо шубҳа нигоҳ мекарданд ва кор ба ҷое расида буд, ки қисме аз муаллифони китобҳои дарсии забону адабиёт ва таърихи халқи тоҷик барои таҳсил фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ медоданд...

Истиқлол ва худшиносӣ

Окодемисиян М. Шакурӣ дар кори хайри басо муҳимми замон-таҳрири яке аз шоҳкориҳои илми даврон - "Фарҳанги забони тоҷикӣ", ки барои таҳияаш донишмандони маъруф Раҳим Ҳошим, Тӯрақул Зеҳнӣ, Вадуд Маҳмудӣ, Ҳ. Мӯҳсинзода ҷалб гардида буданд, ҳамроҳи Раҳим Ҳошим, Владимир Капранов, Носирҷон Маъсумӣ фаъъолона ширкат варзидааст.

"Мақолаву пажӯҳишҳои окодемисиян Шакурӣ дар мавзӯъи адабиёти тоҷикии садаи бист дар китоби "Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист" (2006) гирдоварӣ шуда, чанд асари падарашон Садри Зиё - "Наводири Зиёия", "Тазкори ашъор", "Рӯзнома" дар Эрон ва тарҷумаи инглисии "Рӯзнома" ба қалами фарзанди донишманди окодемисиян Шакурӣ - Рустам Шукуров дар Ҳуланд ба табъ расиданд."

Таҳрири "Фарҳанг" нӯҳ сол идома ёфта, соли 1969 дар ду ҷилд, дар Маскав, бо теъдоди зиёде аз чоп баромад, ки зиёда аз 40 сол боз китоби рӯйимизии алоқамандону толибилмон, муҳаққиқону олимон ва мухлисони каломи ноби тоҷикианд, ки бо ҳиммату кӯшиши донишманди эронӣ Мӯҳсини Шуҷоӣ ва сарсухани муфассали устод М. Шакурӣ дар Теҳрон низ бо хатти ниёкон чоп шуд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба устод Шакурӣ қуввату илҳоми тоза бахшид, ки ба масъалаҳои муҳимми адабиёту фарҳанги тоҷик ва ҷомеъашиносӣ дилгармонатар машғул шавад.

Истиқлол ошкор кард, ки бинобар пастии шуъури иҷтимоъии ҷомеъа шуъури музофотӣ қувват мегирад ва яке аз сабабҳои ҷанги дохилии Тоҷикистонро метавон аз ҳамин омил донист. Ин аст, ки устод Шакурӣ, бо назардошти вазъият, риштаи таҳқиқашро ба сӯйи дигар гардонда, бештар ба масъалаҳои худшиносии миллӣ даст зад ва ду китоб "Хуросон аст ин ҷо" (ба хатти форсӣ - соли1996; ба хатти русии тоҷикӣ -соли 1997, бо такмилу илова ва тасҳеҳ - соли 2009 интишор ёфтанд) ва "Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ" (1999)-ро ба табъ расонд, ки сабабгори баҳсҳои доманадоре гардиданд.

Кор ба ҷое расид, ки бархе алами писарро аз падар гирифтан хоста ва дар ҳаққи падараш Садри Зиё - мураббӣ ва пушту паноҳи бисёре аз равшанфикрону ислоҳталабони ҷавони тоҷик дар оғози садаи ХХ, бавижа устод Айниву Мунзим, носазоҳое гуфтанд. Баҳс водор кард, ки окодемисиян М. Шакурӣ китоби мукаммалу муфассали илмӣ ва пурмуҳтавои "Садри Бухоро"-ро таълиф кунад ва дар такия ба санаду ҳуҷҷатҳои раднопазири таърихӣ собит намояд, ки ҳақиқатро наметавон ба доман пӯшид.

Китоб дар ифшои бисёре аз муъаммоҳои печидаи вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоъии иморати Бухоро дар оғози садаи ХХ дастуру раҳнамои хубест барои муаррихону муҳаққиқон, ҷомеъашиносон ва алоқамандони забону адабиёту таърихи халқи тоҷик ва мардумони дигари ҳамҷавори Осиёи Марказиву Русияи подшоҳӣ. Ва ин талоши окодемисиян Шакурӣ бори дигар исбот кард, ки илм таҳаммулу тааммул мехоҳад ва ҳақиқат зодаву маҳсули тасодуми афкор аст. Илми бебаҳс пойдор намемонад ва сараву сақати таърихро бо чашми дил бояд шинохт.

Таваҷҷуҳи устод Шакуриро чун як омӯзгору равшангаро ислоҳи мактаби миллӣ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба худ кашида буд, ки онро дар замони истиқлол аз дидгоҳи худшиносӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Дар китоби "Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ" (2002, ба хатти форсӣ ва кириллӣ) бо таҳлили вазъи забони миллӣ, ислоҳи барномаи мактаб ва инсонгароии омӯзишу парваришро ба миён гузошт, ки мактаб ба инсон бояд одамият омӯзад. Дар ин кори басе муҳим аз имконоти забону адабиёт ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ бештару беҳтар истифода бояд кард, ки вазъи ногувори ахлоқии замони муъосир чунин муносибатро тақозо дорад.

Мақолаву пажӯҳишҳои окодемисиян Шакурӣ дар мавзӯъи адабиёти тоҷикии садаи бист дар китоби "Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист" (2006) гирдоварӣ шуда, чанд асари падарашон Садри Зиё - "Наводири Зиёия", "Тазкори ашъор", "Рӯзнома" дар Эрон ва тарҷумаи инглисии "Рӯзнома" ба қалами фарзанди донишманди окодемисиян Шакурӣ - Рустам Шукуров дар Ҳуланд ба табъ расиданд.

Нома ба Горбачёв

Омӯзишу баррасии ҳамаҷонибаи таърихи тоҷикон ба муҳаққиқ имкон додааст, ки ба таҳрифгарони забону адабиёт, таъриху бузургмардони илму фарҳанги тоҷик - адибону муаррихони халқҳои дигар ба воситаи матбӯъоти марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ва матбӯъоти тоҷик ба таври доимӣ ва оҷилӣ ҷавоб гӯяд. Бад-ин васила дар худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонидааст.

Шакурӣ

Окодемисиян Шакурӣ дар таҳрири яке аз шоҳкорҳои илми даврон, "Фарҳанги забони тоҷикӣ", фаъъолона ширкат варзидааст

Қисме аз он нигоштаҳо дар маҷмӯъаи нави окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон" гирдоварӣ шудааст, ки гувоҳи дигари ҳаққталошиву пархоши ҳамешагии фарзонафарзандони миллат дар ҳимоят аз ҳуқуқу манофеъи тоҷикон аз солҳои нахустини тақсимоти ҳудуди марзии Осиёи Миёна то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати абарқудрати шӯравӣ мебошад.

Гувоҳи ин гуфтаҳо "Нома ба М. С. Горбачёв" мебошад, ки дар асоси маводди фаровони бойгонӣ, матбӯъоту рисолаҳои ҷудогона, ҳамроҳи гурӯҳи равшанфикрони тоҷик, бо умеди ислоҳи иштибоҳи таърихии солҳои 20-уми садаи гузашта, иншод ёфтааст. Вале, чун ҳамеша, барои шунидани дарди дили фарзандони миллати тоҷик дар таърихи беш аз 70-солаи Ҳукумати Шӯравӣ аз раҳбарони даври марказ гӯши суханшунаве пайдо нашуд.

Таҳқиқи мукаммалу муфассали асару мақола ва мадорики бойгониҳо имкон додааст, ки окодемисиян М. Шакурӣ назари қолабии мероси шӯравиро доир ба масъалаи дигари муҳимми таърихӣ - "Инқилоби халқии Бухоро" дар соли 1920 баршиканад ва ин ҳодисаро дар рисолаи "Фитнаи инқилоб" ба маърази таҳқиқи илмӣ баркашад, ки дар чанд шумораи ҳафтаномаи "Озодагон" ба табъ расидаву бо номи "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" дар ин маҷмӯъа ҷой дода шудааст.

Дар рисолаи номбурда паҳлӯҳои гуногуни масъала, чеҳраи ширкаткунандагони воқеъа, фоҷеъаи миллати тоҷик дар ду садаи охир, бавижа, баъди забти Осиёи Миёна аз ҷониби Русия, беъадолатиҳои ҳукумати марказии Шӯравӣ нисбат ба тоҷикон ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардидааст, ки бидуни шакку шубҳа, андешаву мулоҳизаҳои муаллиф барои омӯзиши гузаштаи на чандон дурамон аз дидгоҳи наву тоза ва ифшои ҳақиқати таърихӣ аҳаммияти хоссае дорад.

Очерки "Аббос Алиев" дар бораи яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикон дар нимаи аввали садаи ХХ - нахустнозир (вазир)-и маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустмуҳаррири рӯзномаи аввалини оммавии Тоҷикистони имрӯза "Бедории тоҷик" ва аввалин маҷаллаи навтаъсиси тоҷикон "Дониш ва омӯзгор", нахустпруфесури тоҷикон, устоди Донишкадаи омӯзгории Душанбе идомаи мантиқии рисолаи "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" буда, бозгӯйи садоқати софу беолойиши шогирд ба устоду мураббии худ аст.

Зиндагиномаи фоҷеъабори ин марди шарифи миллатдӯст бо такия ба воқеъаҳои таърихӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст, ки дар шинохти на танҳо Аббос Алиев, балки бисёре аз чеҳраҳои маъруфи солҳои 20-уму 30-юми садаи ХХ ёрмандӣ мекунад. Аббос Алиев, бемуҳобо, яке аз муборизони ҷасури зидди пантуркизм буда, дар ҳимоят аз манфиъати миллату меҳан ҷонбозиҳо кардааст.

Маҷмӯъаи нави устод Муҳаммадҷон Шакурӣ "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон" ифодагари дунёи рангини андешаву мулоҳизаҳои муҳаққиқи нозукбаён ва саъди акбари илму фарҳанги тоҷик буда, ҳар кадоми мо - соҳибватанонро ба худогоҳиву худшиносӣ, рафоқату ваҳдат ва ҳиммату ғайрат дар ҷоддаи бунёду эъмори давлати соҳибистиқлоламон талқин мекунад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.