Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон даргири танише ҷадид

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 06 Сентябр соли 2012 - 07:36

Рамил Сафаров натанҳо дар кишвараш мавриди афв қарор гирифт, балки аз ӯ ба унвони як қаҳрамони миллӣ истиқбол шуд

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НОТУ рӯзи чаҳоршанбе, 5 сентябр, ба Ереван, пойтахти Арманистон, рафт, то бо Серж Саркисян, раиси ҷумҳурии ин кишвар, дидор кунад.

Ин аввалин гом аз сафари минтақаии дабири кулли НОТУ аст. Ӯ мумкин аст ба ҷумҳурии Озарбойҷон, рақиб ва душмани Арманистон низ сафар кунад .

Ин сафар дар замони душворе сурат мегирад.

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон тайи 20 соли гузашта даргири муноқишаи Қарабоғ будаанд.

Танишҳои ҷадиде низ дар минтақа шакл гирифтаанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ахиран Рамил Сафаров, як сарбози ин кишварро, ки дар соли 2004 дар Будапешт, пойтахти Маҷористон, як сарбози арманиро бо табар дар хоб ба қатл расонда буд, мавриди афв қарор дод.

Арманистон умедвор аст, ки дабири кулли НОТУ дар ҷараёни ин сафар иқдоми ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин хусусро башиддат маҳкум кунад.

Сарбози ҷумҳурии Озарбойҷон, ки сарбози Арманистонро дар хоб ба қатл расонда буд, дар додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, аммо пас аз он ки Маҷористон ин сарбозро ба кишвараш пас фиристод, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ӯро афв кард.

Ин ду нафар барои ширкат дар давраҳои забони инглисӣ, ки аз тарафи НОТУ тартиб дода шуда буд, ба Будапешт рафта буданд.

Сарбози ҷумҳурии Озарбойҷон ҳашт сол дар Маҷористон зиндонӣ буд. Ӯ натанҳо дар кишвараш мавриди афв қарор гирифт, балки ӯ ба унвони як қаҳрамони миллӣ истиқбол шуд ва ҳуқуқи ҳаштсолеро ҳам, ки дар зиндон буда, ба ҳамроҳи як хона аз давлат гирифт.

Арманистон аз ин иқдоми давлати ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози хашм карда ва қарор аст нишасти вижаи маҷлиси ин кишвар дар ин хусус баргузор шавад.

Дар муноқишаи ду кишвар бар сари минтақаи Қарабоғ, даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда ва теъдоди зиёде ҳам овора шуданд.

Ду кишвар дар соли 1994 твофуқномаи оташбас имзо карданд, аммо ин тавофуқнома ҳар аз чанд гоҳе нақз мешавад.

Аз он сол ба ин сӯ авзоъ бо таниш ҳамроҳ буда ва даргириҳои ҷаставу гурехта, талафотеро барои ҳар ду тараф ба ҳамроҳ доштааст.

Аммо акнун ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ҳаводиси ахир мумкин аст бо таҳрики Арманистон ба иқдоми талофиҷӯёна ба густариши буҳрон бианҷомад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.