'Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба Хоруғро ҳанӯз дарёфт накардааст'

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Август соли 2012 - 12:32
Хоруғ

Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ аз тариқи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба осебдидагони шаҳри Хоруғ дору ва маводди захмбандӣ фиристодааст

Дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди дархости расмӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон ба ин созмон иҷозаи вуруд ба шаҳри Хоруғро надодаанд.

Як манбаъи ин созмон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ дар авохири моҳи гузашта дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ дар номае аз Вазорати хориҷаи ин кишвар хоста буд, ки ба шаҳри Хоруғ иҷозаи вуруд бидиҳад.

Ин манбаъ ҳадафи аслӣ аз дархости вуруди намояндагони Салиби Сурх ба шаҳри Хоруғро ошноӣ бо вазъияти башардӯстона ва тавзеъи кумакҳо ба осебдидагони даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи далват дар вилояти Бадахшон марбут хонд.

Гуфта мешавад созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ то кунун аз тариқи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ як миқдор дору ва мавод барои захмбандӣ ирсол кардааст.

Зафар Муҳаббатов, раиси созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, гуфт, ки ба осебдидагони ҳаводиси шаҳри Хоруғ ба миқдори 1 тун дору, васоил барои захмбандӣ ва маводди ғизоӣ тавзеъ шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Муҳаббатов, дар назар аст фардо ин ниҳод як корвони маводди ғизоӣ ва маводди дигари мавриди ниёзи аввалияро ба шаҳри Хоруғ фиристад.

Феълан дар шаҳри Хоруғ дар канори созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон созмонҳои хайрияи марбут ба Сандуқи Оқохон фаъъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки дар шароити феълӣ ниҳодҳои давлати ин кишвар ва созмонҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Сандуқи Оқохон ба афроди осебдида аз даргириҳо дар Хоруғ кумакҳои зарурӣ тавзеъ мекунанд ва ба кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ниёзе нест.

Оқои Назриев аз дархости созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ барои ироаи кумак ба ниёзмандон дар шаҳри Хоруғ ибрози сипос карда ва гуфт, ки дар сурати зарурат ба кумакҳои изтирорӣ давлати Тоҷикистон расман ба созмонҳои хайрияи байналмилалӣ муроҷиъа хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар шароити даргирӣ ва ё анҷоми амалиётҳои низомӣ Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ аввалин созмонест, ки ба манотиқи ҷангзада ворид мешавад ва дар канори ироаи кумакҳои башардӯстона ба осебдидагон аз вазъи онҳо низ гузориш медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ив Арнолдӣ, раҳбари минтақаии Кумитаи Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, рӯзи 21 август бо Амиршоҳ Миралиев, муъовини аввали раиси маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, мулоқоте анҷом додааст.

Ҷузъиёти ин дидор рӯшан нест, вале ба гуфтаи манобеъи порлумонӣ, дар ин дидор масоили марбут ба сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои "Норак" ва "Роғун", вазъи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, таҳкими ҳамкорӣ бо порлумони Урупо, безараргардонии минҳо дар минтақаҳои марзӣ, сохтмони пулҳо байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шудааст.

Дар баёнияи хабарии порлумони Тоҷикистон омадааст: "Роҳбари намояндагии минтақаии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ илова намуд, ки баъди ором шудани вазъ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корро дар минтақаҳои Ишкошим ва Хоруғ беш аз пеш таҳким мебахшанд."

Зимнан, амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи вилояти Бадахшон рӯзи 24 июли соли равон дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши кумитаи аманияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, оғоз шуд.

Женерол Назаров рӯзи шанбеи 21 июл дар як муноқиша бо афроди номаълум дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд ва мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, масъули посгоҳи марзии Ишкошимро, ки аз фармондеҳони бонуфузи мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ дар Бадахшон маҳсуб мешуд, дар ин ҳодиса мазнун донистаанд.

Мақомот расман омори талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом кардаанд. Ҳамчунин тибқи ин омор дар ин амалиёт 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафар боздошт шудаанд. Омори ҳазинаи ин амалиёт ва хисороти молии нерӯҳои давлатӣ аз сӯйи мақомот эълом нашудааст.

Феълан вазъи амниятӣ дар шаҳри Хоруғ ором гузориш мешавад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз "идомаи мусодираи аслиҳа" дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, хабар додааст.

Ин вазоратхона гуфтааст, ки то рӯзи 15 август дар шаҳри Хоруғ беш аз 500 адад аслиҳа, аз ҷумла туфанги Калашников, норинҷакҳо, тапончаҳои “Макаров” ва гулӯлаҳои зиёде ба нерӯҳои интизомӣ супорида шудааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.