'Тақозои хурӯҷи артиш аз Бадахшон иғвогарона аст!'

  • 10 Август, 2012
Қоимдодов Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Қоимдодов хабарҳои мабнӣ бар тақозоҳо барои хурӯҷи артиши Тоҷикистон аз вилояти Бадахшонро иғвоангез хонд

Як мақоми баландпояи зодаи вилояти Бадахшон хабарҳо дар мавриди тақозоҳо барои хурӯҷи артиши Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғро бепоя ва дурӯғин хондааст.

Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус, дар мақолае навиштааст: “Дар замони шӯравӣ шиъоре буд: Артиши Омрико аз Виетном бароварда шавад”. Ин мантиқ дошт, яъне артиши бегона ба хоки давлати мустақил даромадааст. Аммо артиши Тоҷикистон тибқи қонун ҳуқуқ ва салоҳияти ҳаракату мавзеъгирӣ дар тамоми нуқоти кишвари худро дорад.”

Ҳамзамон, оқои Қоимдодов таъкид кардааст, ки “дар кадом ҳолат истифода бурдани артиш баҳси дигар аст.”

Ба навиштаи ӯ, дар вилояти Бадахшон ягонҳои вокуниши сареъи Вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба хотири халъи силоҳ ва боздошти муҷримон фаъъолият мекунанд ва ин нерӯҳо ба ҳеч ваҷҳ артиш маҳсуб намешаванд.

Сафири Тоҷикистон дар Белорус бароварди бархе аз расонаҳоро, ки далели даргириҳои шаҳри Хоруғро ба фақр ва шароити бади иҷтимоъии сокинони вилояти Бадахшон марбут донистаанд, як иштибоҳ хондааст.

Гуфта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сафар ба Бадахшон, бахусус, дар фасли сармо мушкилоти фаровоне дошта ва мардум маҷбур буданд дар бештаре маворид аз тариқи шаҳри Ӯши Қирғизистон озими вилояти Бадахшон шаванд.

Қозидавлат Қоимдодов аз мухолифони бурунмарзии Тоҷикистон ва аҳзоби тозатаъсис интиқод кардааст, ки аз ҳаводиси шаҳри Хоруғ ба манофеъи сиёсии худ истифода ва давлати Тоҷикистонро “таънаву маломат” мекунанд.

Дар мақола аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ситоиш шудааст, ки ба ибтикори ӯ ҷоддаи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қароқурум бунёд шуда ва бад-ин тартиб рафту омад ба ин вилоят дар тамоми фасли сол таъмин гардидааст.

Ҳамчунин, дар зарфи 20 соли ахир Президент Раҳмон 42 сафари корӣ ба вилояти Бадахшон анҷом додааст ва дар ин муддат дар он ҷо 1276 корхонаю муассиса ва ширкатҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон ба сафарҳои раҳбарони вақти даврони шӯравии Тоҷикистон муқоиса шудааст, ки дар зарфи 20 сол (солҳои 1959-1989) раҳбарони аввали Тоҷикистон аз ин вилоят се маротиба дидан кардаанд.

Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус, ҳамчунин, аз “дасисаҳои расонаҳо дар бораи 'тозакунии этникию мазҳабӣ' (поксозии қавмиву мазҳабӣ)” интиқод карда ва гуфтааст, дар таърихи ҳазорсолаи Бадахшон шоҳону амирон “роҳи исмоъилиёнро ба даргоҳи Имом баста буданд.”

Аммо дар замони истиқлоли Тоҷикистон шароит барои фаъъолияти озоди сохторҳои мазҳабии мусалмонони шиъаи исмоилӣ фароҳам шуда ва дар шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази Исмоилия дар қорраи Осиё ифтитоҳ шудааст.

Оқои Қоимдодов ҳамчунин бо ишора ба қазияи қатли сартип-ду (генерал-майор) Абдулло Назаров гуфтааст: "Аслан ҷинояти куштори як раҳбари идораи қудратӣ яку якбора (бо ногаҳ) сар назадааст. Дар як қатор расонаҳо зикр мешуд, ки сохторҳои амниятии Бадахшон дар мубориза бо маводи мухаддир ва қочоқи мол саҳлангорӣ мекунанд. Дар сатҳи миёнаи идораҳои қудратӣ ба вазъ рӯякӣ (сатҳӣ) баҳо медоданд."

Сафири Тоҷикистон дар Белорус ҳамзамон ба омилҳои хориҷии даргириҳои Хоруғ ишора карда ва афзудааст, ки вуқӯъи ин ҳодиса метавонад дар иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳо ва кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ таъсир гузорад.

Ба эътиқоди вай, мавзӯъи хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон низ метавонад аз авомили ин даргириҳо бошад: "Танҳо нооромиҳо дар марз метавонад Тоҷикистонро аз ширкати фаъъолона боздорад. Дар як қатор расонаҳои ғарбӣ самти марзи Тоҷикистону Афғонистонро хатарнок тасвир мекунанд."

Ин нахусти ибрози назари расмии як мақоми баландпоя аст, ки худ зодаи вилояти Бадахшон аст ва дар бораи даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва размандагон дар шаҳри Хоруғ мунташир шудааст.

Дар пайи оғози амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои ба гуфтаи мақомоти ин кишвар “ҷинояткор” дар рӯзи 24 июли соли ҷорӣ бархе аз зодагони вилояти Бадахшон дар сохторҳои давлати Тоҷикистон, назири Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва таъмини иҷтимоъӣ ва окодемисиян Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми ин кишвар, ба шаҳри Хоруғ сафар карда буданд.

Дар ҳоле ки манобеъи расмии Тоҷикистон вазъи амниятӣ дар шаҳри Хоруғро ором арзёбӣ кардаанд, аммо бархе аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи вилояти Бадахшон авзоъро норӯшан ва нигаронкунанда хондаанд.

Имомназар Имомназаров, як тан аз ин фармондеҳон дар суҳбат бо нашрияи “Asia-Plus” талошҳои нерӯҳои давлатӣ барои боздошти ӯ ва се фармондеҳи дигари ин вилоятро таҳдиде барои амнияти Хоруғ хонда ва гуфтааст, дар ин сурат ӯ маҷбур хоҳад шуд дубора барои мубориза бархезад.

Матолиби муртабит