Дархости ниҳодҳои маданӣ барои таваққуфи амалиёт дар Хоруғ

  • 28 Июл, 2012
Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Бархе аз мардуми маҳаллӣ дар рӯзи амалиёт хиёбонҳои шаҳрро бо дарахтони бурида масдуд кардаанд

Эътилофе аз ниҳодҳои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ бо судури баёнияе аз давлати ин кишвар хостаанд, ки амалиёти низомӣ дар устони Бадахшонро мутаваққиф кунад.

Дар ин баёния, ки баъд аз зуҳри рӯзи шанбеи 28 июл мунташир шуд, омадааст, ки ниҳодҳои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз идомаи буҳрон дар шаҳри Хоруғ амиқан нигаронанд.

Аз сӯйи дигар, гурӯҳе аз фарҳангиёну рӯзноманигорони тоҷик, аз ҷумла Муӯъмин Қаноъат, шоъири саршинос, ва Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи порлумон, рӯзноманигорон Толибшоҳи Сайидзода ва Раҳматкарими Давлат низ бо пахши баёнияе хостори поён додан ба амалиёт дар Хоруғ шудаанд.

Дар баёнияи онҳо омадааст: "Ҳодисаҳои чанд рӯзи охир маълум кард, ки бо роҳи истифода аз артиш ва хушунат ин кор имконпазир нест. Идомаи хушунатҳо метавонад боъиси густариш пайдо намудани бенизомӣ ва эътирозҳо дар манотиқи дигар шавад."

Онҳо ҳамчунин меафзоянд: "Ба назари мо роҳи аслии берун рафтан аз ин вазъият ва ҳалли буҳрони пешомада бозгашт ба масири мусолиматомез ва хориҷ намудани воҳидҳои низомӣ аз ҳудуди Бадахшон аст."

Ин дархостҳо дар ҳоле мунташир шуда, ки гузоришҳои расида аз маркази устони Бадахшон ҳокист, ки рӯзи шанбе дар бархе аз маҳаллаи "Селхозтехника"-и шаҳри Хоруғ садои тирандозӣ шунида шудааст, ҳарчанд манобеъи расмӣ ин хабарро ҳануз таъйид накардаанд.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар баёнияи худ зимни интиқод аз давлати Тоҷикистон навиштаанд, ки ҳарчанд амалиёти нерӯҳои давлатӣ аз қабл тарҳрезӣ шуда буд, вале мақомоти маҳаллӣ мардумро дар Хоруғ дар бораи имкони истифода аз аслиҳа огоҳ накардаанд.

Дар натиҷа, зиндагии садҳо нафар аз занону кӯдакон ва солмандон дар рӯзи оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мухолифи давлат дар маърази хатар қарор гирифтааст.

"Ҷозибаи туристӣ"

Дар ин баёния омадааст, ки аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ иртиботи телефунӣ бо минтақа қатъ шуда, роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ, аз ҷумла барои ироаи кумакҳои башардӯстона, баста шудаанд. Дар бархе аз маҳаллот нерӯи барқ аслан вуҷуд надорад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар амалиёти Хоруғ аз зиреҳпӯшҳо истифода шудааст

Тайи чанд рӯз аз маҳдудияти дастрасӣ ба сойти хабаргузории ASIA-Plus ва Ютюб дар Тоҷикистон гузориш шудааст. Фароҳамгарони интернет гуфтаанд, ки дар бораи маҳдуд кардани ин сойтҳо пас аз нашри видиюи муътаризони Хоруғ аз мақомот дастури шифоҳӣ гирифтаанд.

Дар баёнияи созмонҳои ҷомеъаи маданӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамчунин омадааст, ки вилояти кӯҳистонии Бадахшон аз ҷозибаҳои аслӣ барои ҷаҳонгардони хориҷӣ маҳсуб мешуд, ки акнун роҳи онҳо баста шуда ва сарнавишти бархе аз гардишгарон норӯшан аст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон шоми рӯзи шанбе бо интишори баёнияе хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруӯ ҳеч шаҳрванди хориҷӣ осеб надидааст.

Ин вазорат мегӯяд гардишгрони хориҷӣ ва кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ки мехостанд Хоруғро тарк кунанд, бо кумаки мақомоти давлатӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Давлати Тоҷикистон омодагии худро барои анҷоми ҳама гуна тадобир барои таъмини амнияти шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти кӯҳистонии Бадахшон эълом кардааст.

"Сарбозони навмед"

Яке аз масоили мавриди нигаронии ҷиддии ин созмонҳо сарнавишти сарбозони ҷавоне будааст, ки бидуни омодагӣ ва омӯзиши кофӣ дар шароити кӯҳистонӣ ба минтақа эъзом шудаанд.

Зимнан, бархе аз сокинони маҳаллӣ дар Хоруғ, ки бо сарбозони ҷавон суҳбат кардаанд, мегӯянд, ки бештари сарбозон ваҳшатзадаву навмед ва ҳатто гурусна ба назар мерасанд.

Бархе аз сарбозон гуфтаанд, ки бори нахуст ба даст аслиҳа гирифтаанд ва аз қабл намедонистанд, ки онҳоро барои анҷоми амалиёти низомӣ ба ин шаҳр бурдаанд.

Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки сарфи назар аз эъломи оташбас дар се рӯзи гузашта дар Хоруғ ахбори зидду нақизе аз устони Бадахшон ба даст мерасанд, ки ин амр мумкин аст вазъиятро дар кишвар дар оянда вахимтар созад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, созмонҳои ҷомеъаи маданӣ ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон қотеъона хостаанд, ки амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва ҳаволии онро дубора оғоз накунад.

Онҳо ҳамчунин аз мақомоти тоҷик тақозо кардаанд, ки иртиботи телефунӣ ва ҳамаи анвоъи дигари иртибототро бо минтақа ва ҳамчунин, дастрасӣ ба сойти Ютюбро, барқарор созанд.

Яке аз тақозоҳои дигари ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон фароҳам сохтани имкони дастрасии созмонҳои имдодгар барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми маҳаллӣ ва осебдида дар Бадахшон аст.

Дархости риъояти ҳуқуқи башар

Ин созмонҳо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки дар бораи вазъияти минтақа иттилоъоти фаврӣ ва муҳимро ба мардум расонанд, намояндагони ҷомеъаи маданиро иҷоза диҳанд, ки ба мардуми маҳаллӣ кумак ва вазъиятро арзёбӣ кунанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз анҷоми амалиёти низомӣ бидуни огоҳ кардани сокинони Хоруғ аз қабл интиқод кардаанд

Ҳамчунин, аз мақомоти тоҷик тақозо шудааст, ки дар заминаи бозрасӣ ё бозҷӯййи афроди боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти Хоруғ риъояти ҳама гуна ҳуқуқи инсонии онҳоро тибқи таъаҳҳудоти байналмилалии давлати Тоҷикистон таъмин созанд.

Аз тақозоҳои дигари созмонҳои ҷомеъаи маданӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башар ин аст, ки давлати Тоҷикистон бояд дастрасии волидону пайвандони сарбозони захмӣ ё кушташуда ва ҳамчунин, мардуми ғайринизомӣ, ба иттилоъот дар бораи пайвандонашонро фароҳам созанд.

Намояндагони созмонҳои ҷомеъаи маданӣ ва мудофеъи ҳуқуқи башари дохилӣ ва байналмилалӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кардаанд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли муслиматомези буҳрон дар Бадахшон ҳамаи тадобири лозимро бияндешад.

Баёнияи ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар бо имзои дастикам 25 созмон, аз ҷумла Анҷумани ҳуқуқдонҳои ҷавони "Ампаро", Бюрои ҳуқуқи башар, Сандуқи "Нота Бене" ва Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва созмонҳои мушобеҳе аз Русия, Омрико, Укройн, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Олбониё, Булғористон ва ғайра мунташир шудааст.

Матолиби муртабит