Раҳмон вазъи Бадахшонро бо суфарои хориҷӣ баррасӣ кард

  • 27 Июл, 2012
Эмомалӣ Раҳмон Image copyright BBC World Service
Image caption Президент Раҳмон амалиётро барои боздошти "ҷинояткорон" муҳим хондааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо идддае аз суфарои кишварҳои хориҷии мустақар дар ин кишвар масоили марбут ба вазъияти Бадахшонро баррасӣ кардааст.

Тавре ки сойти расмии раёсати ҷумҳурӣ менависад, дар ин мулоқот раисони намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Оқои Раҳмон дар ин мулоқот қотеъона изҳор доштааст, ки ҳадафи амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ ва амниятӣ дар шаҳри Хоруғ боздошти мазнунон дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти вилояти Бадахшон, будааст.

Ҳамчунин, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ва Рустам Назаров, раиси Ожонси мубориза бо маводди мухаддир, дар ин ҷаласа гузоришҳое додаанд.

Сойти раёсати ҷумҳурӣ дар мавриди ҷузъиёти ин гузоришҳо ва вазъи феълии шаҳри Хоруғ иттилоъе мунташир накардааст.

Вале Президент Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст: “Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳ бар замин гузоранд ва ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ итоъат намоянд.”

Дар хабари сойти раёсати ҷумҳурӣ мехонем, ки намояндагони сафоратҳои Омрико, Олмон, Бритониё ва Фаронса ба навбаи худ изҳори умедворӣ кардаанд, ки таъмини амнияти сокинони ғайринизомӣ дар ин амалиёт дар назар гирифта шавад.

Ҳамчунин, намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки таҳқиқ ва бозҷӯйии афроде, ки дар ҷараёни амалиёт боздошт шудаанд, ба таври шаффоф ва бо риъояти ҳуқуқи онҳо анҷом шавад.

Эътироз дар Ландан

Дар таҳаввуле дигар, хабарҳои расида аз Ландан ҳокист, ки рӯзи ҷумъаи 27 июл гурӯҳе иборат аз 20-25 нафар бо шиъорҳое барои қатъи амалиёт дар Хоруғ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бритониё даст ба тазоҳурот задаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Ахбори расида ҳокӣ аз кушта шудани иддаи зиёди ғайринизомиён дар Хоруғ аст

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки муътаризон дар назди сафорат шиъорҳое назири "Кушторро дар Хоруғ бас кунед!" ва "Иртибот бо Бадахшонро барқарор созед!" ҳамл мекарданд.

Муътаризон дар Ландан номае ба сафири Тоҷикистон ироа додаанд, ки дар он аз кушта шудани ғайринизомиён дар малиёти Хоруғ ибрози нигаронӣ шудааст.

Онҳо ҳамчунин аз қатъи иртибот бо пайвандонашон дар Бадахшон ибрози нороҳатӣ карда ва навиштаанд, ки беиттилоъӣ боъиси паҳн шудани ҳаргуна ахбори ташвишовар гардида ва "моро ба азоби рӯҳиву бехобӣ водор кардааст."

Дар ин нома омадааст: "Мо амалёти низомиро дар манотиқи аҳолинишин шаддидан маҳкум намуда, аз ҳукумат таъҷилан хоҳиш дорем, ки истифода аз нерӯҳои низомиро хотима бахшад ва ҳар гуна масоил ва тафовуте, ки бошад, ба шеваи мусолиматомез ва мутамаддин ҳаллу фасл гардад. Артиш бояд аз манотиқи аҳолинишин бароварда шавад ва иртибот базудӣ барқарор шавад, то ки мардум тавонанд бо хонаводаҳои хеш дар минтақа дар тамос шаванд."

Гуфта мешавад бештари мардуми муътариз тоҷикони муқими Ландан будаанд, аммо дар миёни онҳо афғонҳо, инглисиҳо ва намояндагони милали дигар низ ба мушоҳида мерасиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Бритониё бо бархе аз тазоҳуркунандагон суҳбат карда ва дар бораи вазъи амниятӣ ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба онҳо иттилоъ додааст.

Вай аз ҷумла гуфтааст, ки амалиёти низомӣ дар ин шаҳр алайҳи афроди мусаллаҳе сурат мегирад, ки дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният, мазнун ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки нерӯҳои давлати шаби гузашта ба манозили сокинон дар яке аз маҳаллоти Хоруғ тирандозӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар даргириҳои Хоруғ то кунун даҳҳо ғайринизомӣ кушта шуда ва нерӯҳои давлатӣ низ талафоти қобили мулоҳизае додаанд.

'Мардум Хоруғро тарк мекунанд'

Дар ҳамин ҳол, иддае аз афроде, ки тоза аз Бадахшон бозгаштаанд, мегӯянд, ки шумори зиёде аз сокинони шаҳри Хоруғ аз бими кушта шудан аз шаҳр фирор мекунанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ ба сӯи манозили мардум тирандозӣ кардаанд

Вале шумори бештаре аз сокинони ин шаҳр ба умеди ин ки амалиёти низомӣ дар шаҳр такрор нахоҳад шуд, то имрӯз манозили худро тарк накардаанд.

Рӯзи 25 июл Президент Раҳмон дастури оташбас ё қатъи амалиёт дар шаҳри Хоруғро дод ва тайи ду рӯзи ахир дар ин шаҳр оташбас барқарор буда, ҳарчанд садои тирандозӣ дар шаҳр шаби гузашта шунида шудааст.

Тибқи хабарҳои расида аз шаҳри Хоруғ, бештари мардуми ин шаҳр ҳамакнун бар ин боваранд, ки нерӯҳои давлатӣ фардо амалиётро аз сар хоҳанд гирифт.

Як манбаъи маҳаллӣ мегӯяд, ки гурӯҳе ба намояндагӣ аз сокинони шаҳри Хоруғ бо вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, мулоқот доштанд, то вазъиятро баррасӣ кунанд. аммо оқои Хайруллоев ба онҳо гуфтааст, ки амалиёт ба ҳар қимате идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳудуди соъати 17:30 ба вақти маҳаллӣ шуморе аз ҳеликуптерҳои низомӣ, ки яке аз онҳо ҳомили мушакҳост, вориди Хоруғ шудаанд.

Дар чунин шароите бисёре аз сокинони шаҳр аз бими азсаргирии амалиёт талош мекунанд занону фарзандони худро аз Хоруғ ба манотиқи дигар кӯч диҳанд.

Рӯзи ҷумъа шуморе аз хориҷиён низ Хоруғро тарк карда ва вориди шаҳри Душанбе шудаанд. Бархе аз ин хориҷиён мегӯянд, ки шаҳр дар инзиво қарор гирифта ва бештари мардум дар хонаҳои хеш зиндонӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар ва кишварҳои муштаракулманофеъи Бритониё, ки дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунанд, тавсия кардааст, ки дар дохили хонаҳои худ бимонанд.

Ин сафоратхона ба шаҳрвандонаш ҳамчунин тавсия карда, ки дар вазъияти феълӣ дар шаҳри Хоруғ, ки хатари тирандозӣ вуҷуд дорад, барои тарк кардани ин шаҳр талош накунанд ва дар сурати зарурат бо намояндагони сафорат тамос бигиранд.

Камбуди маводди ғизоӣ

Аз сӯйи дигар, бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки ба манотиқи амнтаре дар вилояти Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Рӯшон, фирор кардаанд, дар суҳбати телефунӣ гуфтанд, ки сокинони шаҳр дар инзиво қарор гирифта ва башиддат ба маводди ғазоӣ ниёз доранд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Давлат мегӯяд, ки амалиёт дар Хоруғ алайҳи афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши маҳалли амният дар Бадахшон, сурат мегирад

Аз рӯзи оғози амалиёти низомӣ дар ин шаҳр, бозорҳо ва мағозаҳо тақрибан аз фаъъолият бозмонда ва интиқоли маводди ғазоии изофӣ ба ин минтақа қатъ шудааст.

Камбуди маводди ғизоӣ дар бархе аз рустоҳои ноҳияи Рӯшон низ эҳсос шудааст. Раҳима, як сокини рустои Пастхуф, мегӯяд: “То боз будани мағозаҳо ҳар касе тавонист орд, шакар ва равған харидорӣ кард, вале ҳоло дар мағозаҳо тақрибан чизе намондааст.”

Бадахшон минтақае кӯҳистонӣ буда ва бо беш аз дувист ҳазор ҷамъият аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Қимати маводди мавриди ниёзи аввалия дар ин вилоят ба далели дурии роҳ ҳамеша нисбат ба соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар будааст.

Ин вилоят дар оғози ҷанги дохилӣ дар авоили солҳҳои 1990 бо мушкили шадиди камбуди ғизоӣ рӯбарӯ шуда буд, вале баъд аз боз шудани роҳи Хоруғ-Ӯш интиқоли кумакҳои башардӯстона ба вилоят мардуми минтақаро аз вартаи гуруснагӣ наҷот дод.

Матолиби муртабит