Иттиҳодияи Урупо: "Роҳ барои фирориён аз Хоруғро боз кунед"

  • 27 Июл, 2012
Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Видиюи омотурие, ки дар интернет мунташир шуд, иттилоъоти тозае аз ҳаводиси Хоруғ ба даст медиҳад

Иттиҳодияи Урупо бо судури баёнияе аз ҳаводиси Бадахшон ва гузоришҳои расида аз талафоти ҷонӣ дар Хоруғ ибрози нигаронӣ кардааст.

Ин иттиҳодия изҳори умедворӣ кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти бештар ба хушунати мусаллаҳона дар ин минтақа ҳарчи зудтар хотима дода шавад.

Нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи вазъияти Бадахшон дар ҳолест, ки видиюҳои мунташиршуда дар сойтҳои интернетӣ аз истифодаи нерӯи зиёд ва хушунати густарда дар Хоруғ шаҳодат медиҳанд.

Баёнияи Иттиҳодияи Урупо рӯзи 26 июл, ду рӯз пас аз оғози амалиёти густардаи нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи афроди мазнун дар қатли як мақоми аршади амниятӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Виен қироат шудааст.

Дар баёния омадааст: “Мо аз мақомоти тоҷик мехоҳем, ки иртибот бо минтақаро барқарор кунанд, амниятро таъмин ва шароити ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ғайринизомиро фароҳам созанд, барои онҳое, ки мехоҳанд маҳалли даргирӣ ва хушунатро тарк кунанд, роҳраве боз кунанд."

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар видиюи мунташиршуда дар интернет афроди маҳаллӣ, ки бархе аз онҳо аслиҳа доранд, дида мешаванд

Иттиҳодияи Урупо аз паёмадҳои эҳтимолии ҳаводиси Хоруғ ибрози нигаронӣ карда ва аз ҳамаи ҷонибҳои даргир хостааст, ки хештандорӣ кунанд.

Ин иттиҳодия ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини сабот дар минтақа тадобир ва иқдомоти муносиб ва мутаносиберо анҷом бидиҳад.

Дар баёния ҳамчунин омадааст: "Мо бар зарурати эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳаққи мардум ба дастрасӣ ба иттилоъ таъкид мекунем. Дар ин замина, Иттиҳодияи Урупо бо нигароние, ки намояндаи САҲУ дар умури озодии баён дар баёнияе рӯзи 24 июл дар бораи масдудияти сойти хабаргузории Asia-Plus иброз дошт, ҳамово аст."

Иттиҳодияи Урупо баёнияи худ дар 8 марти соли ҷорӣ дар вокуниш ба масдудияти бархе аз сойтҳо дар Тоҷикистонро ёдовар шуда ва гуфтааст, ки аз нигарониҳои амниятӣ, сарфи назар аз машруъияташон, наметавон барои маҳдудсозии ҷараёни иттилоъот истифода кард.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар кӯҳҳҳои болои шаҳри Хоруғ афроде, ки эҳтимолан тактирандозҳои давлатӣ ҳастанд, дида мешаванд

Мақомоти Тоҷикистон иртибот бо Бадахшонро ҳамзамон бо оғози амалиёти густардаи низомӣ дар маркази ин вилоят аз субҳи 24 июл қатъ карданд. Ин амр боъиси нигаронии ҳазорон нафар аз мардуме шуда, ки пайвандонашон дар маҳалли даргириҳо зиндагӣ мекунанд.

Баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе иртиботи телефуни ҳамроҳ бо бархе аз манотиқи Бадахшон барқарор шуд, вале дастрасӣ ба Хоруғ, маҳалли аслии даргириҳо, ҳамчунон душвор аст.

Дар ҳамин ҳол, бо барқарории нисбии иртибот бо Бадахшон аксҳо ва тасовире видиюӣ аз маҳалли даргирӣ дар интернет мунташир шуда ва ё дар ихтиёри расонаҳо гузошта шудаанд.

Як видиюи омотурӣ, ки дар шаҳри Хоруғ дар рӯзи даргирии шадид гирифта шуда, сиҳҳати бархе аз ахбори расида аз манобеъи маҳаллӣ дар се рӯзи ахирро таъйид мекунад.

Ин видию шуморе аз афроди маҳаллиро дар хиёбоне нишон медиҳад, ки ба садои тирандозӣ ва гулӯлаборони нерӯҳои давлатӣ гӯш медиҳанд. Бархе аз ин афрод мусаллаҳ ҳастанд. Яке з ин афрод бо дасте захмӣ дар саҳна ҳозир мешавад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Бархе аз афроди маҳаллии мусаллаҳ дар хиёбонҳои Хоруғ сангар гирифтаанд

Ин видию ҳамчунин чархболҳоеро нишон медиҳад, ки бар фарози шаҳри Хоруғ парвоз доранд ва шуморе аз афрод дар ҳоли гаштугузор дар кӯҳҳои болои шаҳри Хоруғ дида мешаванд, ки ба эҳтимоли зиёд нерӯҳои давлатӣ ё ба истилоҳ тактирандозҳо ҳастанд.

Садои тир ба таври мутадовим ва бидуни вақфа ба гӯш мерасад. Ба назар мерасад, ки дар амалиёт аз силоҳҳои сангин ва нерӯи зиёде истифода шудааст.

Манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон барои боздошти афроде, ки дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон мазнун ҳастанд, беш аз се ҳазор нерӯро ба изофаи тонку зиреҳпӯшҳо ва чархболҳои низомӣ ба минтақа эъзом кардааст.

Бисёре аз мунтақидони давлати Тоҷикистон, аз ҷумла бархе аз аҳзоби мухолиф, аз истифодаи нерӯ дар Бадахшон барои боздошти омилони қатли женерол Назаров интиқод кардаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Фарде бо дасти захмӣ дар миёни афроди маҳаллӣ дар видию дида мешавад

Пештар бархе аз созмонҳо ва сафоратхонаҳои хориҷӣ низ аз хушунатҳои маргбор дар шаҳри Хоруғ ибрози нигаронӣ карда ва хостори хештандории тарафҳои даргир шудаанд.

Аммо давлати Чин, ки бо устони Бадахшони Тоҷикистон марзи тӯлонии муштараке дорад, бо судури баёнияе аз амалиёти низомии давлати Тоҷикистон дар маркази ин вилоят "барои таъмини амнияти миллӣ ва сабот" ҳимояти худро иброз доштааст.

Дар баёнияе, ки Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 27 июл интишор дода, омадааст: "Чин барои тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар чорчӯби муносиботи мутақобила ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои муборизаи қотеъона "бо се нерӯи аҳриманӣ" ва таъмини амният ва сабот дар минтақа омода аст."

Ба гуфтаи коршиносон, манзури чиниҳо аз "се нерӯи аҳриманӣ" ифротгароӣ, терурисм ва ҷудоихоҳӣ аст ва ба гуфтаи коршиносони умури равобити байналмилалӣ худи Чин аз тамоюлоти ҷудоихоҳона дар бархе аз манотиқи худ, аз ҷумла дар ноҳияи Шинҷон ё Уйғуристон, башиддат бим дорад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар фазои Хоруғ чархболҳо парвоз мекунанд

Давлати Тоҷикистон борҳо ҳимояти худро аз тамомияти арзии Чин иброз дошта ва Чин низ, ба гфтаи соҳибназарон, ба сурати мушобеҳе аз иқдомоти давлати Тоҷикистон алайҳи шуришиёни мухолифи давлат дар Бадахшон пуштибонӣ мекунад.

Минтақаи Бадахшон, ки бо Чин марзи муштарак дорад, аз нигоҳи қавмию забонӣ ва мазҳабӣ бо соири манотиқи Тоҷикистон тафовутҳое дорад. Мардуми ин устон ғолибан исмоъилимазҳаб буда ва ба забонҳои маҳаллие, ки бо форсӣ тафовут дорад, такаллум мекунанд.

Бадахшон минтақае кӯҳистонӣ буда ва бо беш аз дувист ҳазор ҷамъият аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Фақру бенавоӣ беш аз панҷоҳ ҳазор сокини ин вилоятро водор ба тарки кишвар карда ва ин афрод дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба сар мебаранд.

Ин вилоят дар замони ҷанги дохилии панҷсола дар солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон аз пойгоҳҳои аслии мухолифон маҳсуб мешуд.

Матолиби муртабит