СММ: Дастрасии мардуми Хоруғ ба кумакҳои башариро таъмин кунед

  • 27 Июл, 2012
Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Созмони Милал аз таъсири амалиёти низомӣ бар вазъияти башардӯстона дар Хоруғ нигаронии худро иброз кардааст

Созмони Милали Муттаҳид аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки роҳро барои арзёбии ниёзҳо ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба сокинони Хоруғ боз кунад.

Маркази минтақаии СММ барои диплумосии пешгиранда дар Осиёи Миёна ва дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон шаби 27 июл бо судури баёнияе муштарак аз даргириҳои хушунатбор дар Хоруғ ва талафоти инсонӣ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки Созмони Милал аз замони оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ аз 24 июл ба ин сӯ таҳаввулот дар ин шаҳрро пайгирӣ мекунад.

Ин созмон аз эҳтимоли асароте, ки ин амалиёт бар вазъияти башарӣ дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он барҷо мегузорад, нигаронии худро матраҳ кардааст.

Созмони Милал мегӯяд, ки аз тамдиди оташбас дар Хоруғ тақдир мекунад, аммо аз давлати Тоҷикистон мехоҳад, ки барои ҳифзи ҷон ва ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми ғайринизомӣ дар ҷараёни амалиёт тадобири лозимро ба мавриди иҷро гузорад.

Дар баёнияи созмонҳои вобаста ба СММ омадааст: "Бавижа, мо аз ҳамаи ҷонибҳои даргир мехоҳем, ки хештандорӣ нишон бидиҳанд ва дастрасии эмани мардум ба хадамоти пизишкӣ, ғизо ва васоили мавриди ниёзи аввалияро фароҳам кунанд. Созмони Милал барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми осебдида омода аст."

Созмони Милал бо ишора ба қатъи иртибот бо вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон менависад арзёбии воқеъбинонаи асароте, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар зиндагии мардум гузошта, мушкилест, ки ниёз ба ҳаллу фасли сареъ дорад.

"Бо таваҷҷуҳ ба ин маҳдудиятҳо, СММ тавони арзёбии ниёз ба кумакҳои башариро, ки ношӣ аз хушунатҳои ахир аст, надорад. Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки дастрасии Созмони Милал ва созмонҳои дигари башардӯстона ба шаҳри Хоруғ ва маҳаллоти перомуни онро барои арзёбии сареъи ниёзҳои мардуми осебдида фароҳам созад."

"Иртибот барқарор шавад"

Дар баёнияи Дафтари намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон ва Маркази диплумосии пешгирандаи СММ дар Осиёи Миёна ҳамчунин омадааст, ки монеъи қатъи иртибот бо Бадахшон мӯҷиби нигаронӣ ва хашми бисёре аз мардуме шудааст, ки дар минтақа пайвандону дӯстон ва ҳамкоронашон сукунат доранд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Ахбори расида ҳокӣ аз кушта шудани иддаи зиёди ғайринизомиён дар Хоруғ аст

Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил, Созмони Милали Муттаҳид аз давлати Тоҷикистон қотеъона тақозо кардааст, ки озодии баёнро тазмин кунад ва иртибот бо вилояти кӯҳистонии худмухтори Бадахшонро ҳарчи сареътар барқарор созад.

Ин созмон мегӯяд, ки таҳаввулот дар Хоруғро ҳамчунон дунбол хоҳад кард ва феълан барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба шаҳрвандони Бадахшон тадорук мебинад.

Созмони Милали Муттаҳид ибрози умедворӣ карда, ки вазъият дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл шавад.

Баёнияи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳолест, ки баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо иддае аз суфарои кишварҳои хориҷӣ масоили марбут ба вазъияти Бадахшонро баррасӣ кардааст.

Дар ин мулоқот, оқои Раҳмон қотеъона гуфтааст, ки ҳадафи амалиёт дар Хоруғ боздошти мазнунон дар қатли раиси бахши амнияти Бадахшон аст ва давлат тамоми чораҳоро меандешад, то гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳ бар замин гузоранд.

Дар муқобил, намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд, ки таҳқиқ ва бозҷӯйии афроде, ки дар ҷараёни амалиёт боздошт шудаанд, ба таври шаффоф ва бо риъояти ҳуқуқи онҳо анҷом шавад.

Ин дар ҳолест, ки хабарҳои расида аз Хоруғ ҳокӣ аз ин аст, ки даҳҳо нафар аз мардуми ваҳшатзада дар талош барои фирор аз шаҳр бо аъзои хонаводаҳои худ ҳастанд ва садҳо тани дигар башиддат ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

"Зиндонӣ дар хонаҳои худ"

Дар ҳоле ки оташбаси эъломшуда тавассути давлат то ба рӯзи 28 июл тамдид шудааст, бисёре аз сокинони шаҳри Хоруғ аз он бимноканд, ки фардо даргириҳои хушунатбор байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон дубора оғоз хоҳад шуд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ ба сӯи манозили мардум тирандозӣ кардаанд

Рӯзи ҷумъа шуморе аз хориҷиён Хоруғро тарк карда ва вориди Душанбе шуданд. Пештар иддае аз ҷаҳонгардон низ Хоруғро тарк карданд. Бархе аз хориҷиён мегӯянд, ки шаҳр дар инзиво қарор гирифта ва мардуми ваҳшатзада дар хонаҳои хеш зиндонӣ шудаанд.

Шуморе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки ба манотиқи амнтаре дар вилояти Бадахшон, аз ҷумла ба ноҳияи Рӯшон, фирор кардаанд, дар суҳбати телефунӣ гуфтанд, ки сокинони шаҳр дар инзиво қарор гирифта ва башиддат ба маводди ғизоӣ ниёз доранд.

Аз рӯзи оғози амалиёти низомӣ дар ин шаҳр, бозорҳо ва мағозаҳо тақрибан аз фаъъолият бозмонда ва интиқоли маводди ғазоии изофӣ ба ин минтақа қатъ шудааст.

Бадахшон минтақае кӯҳистонӣ буда ва бо беш аз дувист ҳазор ҷамъият аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бахши аъзаме аз мардуми ин устон барои дарёфти кор ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷир шудаанд.

Қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳои ин вилоят ба далели дурии роҳ ва душвории ҳамлу нақл ҳамеша нисбат ба соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар будааст.

Аммо акнун нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ки қатъи иртиботот ва масдудияти роҳҳо шаҳри Хоруғ ва навоҳии перомуни онро ҷиддан дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст.

Матолиби муртабит