Баррасии вазъи Бадахшон дар ҷаласаи изтирории давлат

  • 25 Июл, 2012
Шаҳри Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Манобеъи маҳаллӣ аз даҳҳо кушта ва захмӣ дар миёни ғайринизомиён хабар додаанд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии вазъи амниятӣ дар Бадахшон бо ҳайъати кобинаи ин кишвар ҷаласае изтирорӣ барпо кардааст.

Дар ин бора шоми рӯзи чаҳоршанбеи 25 июл телевизиюни давлатии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи ин хабар, дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, додситони кул, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва таъмини иҷтимоъӣ ва Мамадшоҳ Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар бораи вазъи амниятӣ дар шаҳри Хоруғ, гузориш додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар ҷаласаи ҳайъати давлат аз мардуми Бадахшон, бавижа афроди бонуфузи маҳаллӣ, даъват кардааст, ки дар анҷоми амалиёт барои боздошти афроди ба гуфтаи ӯ "ҷиноятпеша" ва муҷозоти онҳо бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид шудааст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ бояд аслиҳаи худро супоранд ва дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Сойти раёсати ҷумҳурӣ менависад: "Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд."

Пештар гузориш шуд, ки оқои Раҳмон вазъи амниятӣ дар Бадахшонро дар гуфтугӯе телефунӣ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, низ баррасӣ ва дар мавриди иқдомоти муштарак барои "ҷилавгирӣ аз аъмоли теруристӣ" дар марзҳои ду кишвар тавофуқ кардааст.

Ба навиштаи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Карзай ваъда карда, ки ба манотиқи марзӣ, бавижа минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯи изофии низомӣ ва марзбонӣ хоҳад фиристод, ҳарчанд ҷониби Афғонистон ин хабарро таъйид накардааст.

Нигаронии САҲУ аз талафоти ғайринизомиён

Дар ҳамин ҳол, раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, бо пахши як баёния аз даргириҳои хушунатбор дар маркази устони Бадахшон, ки беш аз 40 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷо гузошт, изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Имун Гилмур, муъовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Ирланд, ки раёсати давраии САҲУ-ро ба уҳда дорад, тарафҳои даргир дар Бадахшонро ба хештандорӣ даъват кардааст.

Image copyright b
Image caption Оқои Гилмур аз талафоти ғайринизомиён дар даргирии Хоруғ ибрози нигаронии амиқ кардааст

Вай мегӯяд: "Бурузи хушунат, ки даҳҳо кушта дод, мояи нигаронии ҷиддист ва ман аз талафоти ҷонӣ амиқан мутаассифам. Ман бавижа аз гузоришҳо дар бораи талафоти ғайринизомиён маъюсам ва аз ҷонибҳо даъват мекунам, ки хештандорӣ ба харҷ диҳанд."

Оқои Гилмур ҳамчунин нигаронии худро дар мавриди амнияти кормандони созмонҳои байналмилалие, ки дар устони Бадахшон кору фаъъолият мекунанд, иброз доштааст.

Пештар гузориш шуд, ки Вазорати хориҷаи Русия низ бо судури баёнияе дар бораи вазъи амниятӣ дар Бадахшон ибрози нигаронӣ карда ва тарафҳои даргирро ба хештандорӣ ва риъояти ҳуқуқи шаҳрвандон даъват кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва пулис алайҳи афроди мусаллаҳи ба гуфтаи онҳо "ҷиноятпеша", ки рӯзи сешанбе шурӯъ шуд, 42 нафар, аз ҷумла 12 нерӯи давлатӣ ва 30 шӯришӣ кушта шудаанд.

Ахбори зидду нақиз

Давлат мегӯяд дар ин амалиёт аз ҷумлаи афроди ғайринизомӣ касе осеб надидааст, вале манобеъи маҳаллӣ мегӯянд даҳҳо нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки ба гурӯҳҳои даргир ҳеч иртиботе надоранд, дар даргириҳои рӯзи сешанбе кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар чорчӯби амалиёти низомӣ дар Бадахшон ҳама гуна иртибот бо ин минтақаи кӯҳистониро қатъ кардаанд ва ин амр мӯҷиби пахши хабарҳои зидду нақиз дар бораи талафоти даргирӣ, бавижа дар миёни ғайринизомиён, шудааст.

Амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ пас аз қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар устони Бадахшон, ки рӯзи шанбеи гузашта дар як муноқиша бо афроде номаълум кушта шуд, сурат мегирад.

Мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони бонуфузи маҳаллӣ дар замони ҷанги дохилиро, ки то ба ҳол масъулияти идораи марзбонӣ дар минтақаи Ишкошимро ба уҳда дошт, дар қатли ин мақоми аршади амниятӣ мазнун донистаанд.

Аммо худи оқои Айёмбеков ин хабарро такзиб кардааст. Зимнан, аз замони оғози даргириҳо дар Хоруғ то ба ҳол маҳалли буду боши оқои Айёмбеков маълум нест. Бархе манобеъ аз фирори ӯ ба Афғонистон хабар додаанд, вале ин хабар расман таъйид нашудааст.

Матолиби муртабит