Вазорати маъорифи Тоҷикистон муҳоҷиратро мадди назар дорад

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 20 Апрел соли 2012 - 12:16
муҳоҷирон

Вазорати омӯзиш ва парвариш барномаи ҷадидашро бо таваҷҷуҳ ба вазъи муҳоҷират таҳия кардааст

Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон тарҳи Барномаи ислоҳот ва тавсеъаи омӯзиш ва парвариш дар марҳилаи ибтидоӣ ва тахассусии миёна барои солҳои 2013 то 2020-ро барои баррасӣ ба давлат ирсол кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти ин вазоратхона Нуриддин Саидов, вазири омӯзиш ва парвариши кишвар, дар ин бора дар дидораш бо намояндагони Сандуқи Урупоии Омӯзиш ва Парвариш суҳбат кардааст.

Таъкид шуда, ки дар ин барнома феҳристи мактабҳои ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳои тахассусӣ дар кишвар бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои бозори кори кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, ва ҳатто кишварҳои каронаи Болтик бахшбандии тахассусӣ шудааст.

Чунин амр тасаввуреро ба миён меорад, ки донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳо дар Тоҷикистон танҳо барои муҳоҷирати меҳнатӣ омодагӣ мегиранд.

Аммо Маҳмуд Бобомуродов, масъули бахши таҳлилии Вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон далели ин амрро ба Би-би-сӣ чунин шарҳ дод: “Мо хоҳем ё нахоҳем, дар ҳоли ҳозир наметавонем ҳамаро дар Тоҷикистон бо кор таъмин кунем ва аз ин рӯ бояд бозори кори хориҷиро дар назар бигирем.”

Ин барнома ба гуфтаи вай бояд дар ҷараёни ҷаласаи қарибулвуқӯъи ҳукумат баррасӣ ва барои тасвиб ба порлумон ироа шавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон низ дар ҷаласае дар робита ба беҳбуди вазъи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар пешниҳод кардааст, ки омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишии кишвар бояд дар назар дошта бошанд, ки дар Урупо ба ҳудуди 250 ҳазор муттахасисии фанноварии иттилоъот ниёз ҳаст.

Вай таъкид кард, ки пас барои беҳбуди вазъи муҳоҷират натанҳо ба марокизи омӯзиши тахассусӣ ниёз ҳаст, балки барои омода кардани мутахассисон дар бахши фанноварии иттилоъот бояд дар клосҳои ибтидоии мактабҳои ҳамагонӣ дарсҳои омӯзиши роёна роҳандозӣ гардад.

Нигарониҳо дар бораи бо кор таъмин шудани муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бахши умдаи хонаводаҳои ин кишвар бо пуле, ки аз муҳоҷирони корӣ ба кишвар ворид мешавад рӯзгори худро таъмин мекунанд.

Шумори дақиқи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар даст нест, вале бархе аз коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои хориҷиро аз як милюн то ба як милюну ним арзёбӣ мекунанд.

Бархе аз иқтисоддонҳо бо таваҷҷуҳ ба мизони интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирон ҳатто ҳадс мезананд, ки теъдоди муҳоҷирон ба ду милюн нафар расидааст.

Ҳарчанд Сафиалло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии ахири худ, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ баргузор шуд, эълом кард, ки соли гузашта беш аз 750 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда ва ҳудуди 521 ҳазор нафар ба кишвар бозгаштаанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.