“Президент Каримов, сиёсати худро тағйир диҳед!”

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 20 Апрел соли 2012 - 10:05
нашрияҳо

Сӣдарсади ҷамъияти Хатлонро ӯзбактаборон ташкил мекунанд

Нашрияҳои чопи вилояти Хатлон бо интишори муроҷиъатномаи узбактабарони Тоҷикистон аз раиси ҷумҳури Ӯзбакистон хостаанд, ки сиёсати худро дар қиболи ин кишвар тағйир диҳад.

Матни ин муроҷиъатнома дар ҳафтаномаҳои “Хатлон”, “Новий хатлон” ва нашрияи ӯзбакзабони “Дӯстлик” мунташир шудааст.

Ӯзбактаборони Тоҷикистон дар ин муроҷиъатномаи худ аз сиёсати феълии Президент Каримов изҳори нигаронӣ карда ва ба хотири таъмини суботи ду кишвар, зиндагии осудаи узбактаборони минтақа, аз ӯ хостаанд, ки “сиёсати пешгирифтаи худро бо таври мусбӣ тағйир диҳад.”

Дар матни муроҷиъатнома омадааст, ки муносибати «сард»-и Ӯзбакистон, аз ҷумла мухолифат ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон, барчидани қитъаи роҳи оҳан ва қатъи интиқоли гози табиъӣ дар зиндагии мардуми Тоҷикистон, бавижа дар зиндагии ӯзбактаборони ин кишвар таъсир гузоштааст.

Зимнан, ҳудуди сидарсади ҷамъияти вилояти Хатлонро ӯзбактаборон ташкил медиҳанд. Онҳо иддаъо доранд, ки дар чанд соли ахир дар омаду рафти онҳо ба Ӯзбакистон мавонеъ эҷод шудааст.

Наргис, як сокини ӯзбактабор аз ноҳияи Вахш мегӯяд, ки давлати Ӯзбакистон барои сафари атбоъи худ ба Тоҷикистон низ монеъ эҷод мекунад. Вай мегўяд, ки ночор аст тӯли чанд соли ахир бо пайвандонаш дар Ӯзбакистон танҳо аз тариқи телефун сўҳбат карда ва аз дидори онҳо маҳрум шудааст.

Салим Шамсиддинов

Салим Шамсиддинов: Президент Каримов аз роҳи фишор ба Тоҷикистон қасд дорад кишварҳои дигари минтақаро низ таҳдид кунад

Салим Шамсиддинов,муовини раиси Ҷамъияти Ӯзбакони Тоҷикистон дар шаҳри Қўрғонтеппа мегӯяд, ки муносибати сарди Ӯзбакистон ба ӯзбактаборони вилояти Хатлон ва дар маҷмӯъ барои куллия сокинони ин минтақа асароти номатлубе барҷо гузоштааст.

Оқои Шамсиддинов афзуд, ки дар қаламрави ин вилоят узбакони муқимӣ аз имкони озодона сафар кардан ба Ӯзбакистон маҳрум шудаанд.

Абубакр Чориев, коршиноси маҳаллӣ дар умури масоили сиёси мегўяд:«Тоҷикон ва ӯзбакони сокини вилоят аз сиёсати президент Каримов сахт азият мекашанд. Аз сӯҳбатҳо бо ӯзбактаборони вилояти Хатлон чунин бардошт мешавад, ки онҳо аз сиёсати чунин як раҳбари ӯзбакони ҷаҳон шарм медоранд. Эҳтимол дорад, ки Президент Каримов аз роҳи фишор ба Тоҷикистон қасд дорад ба раҳбарони кишварҳои дигари минтақа низ таҳдид кунад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дода буданд, ки дар пайи қатъи ҳамлу нақли коло тавассути қатор бо Ӯзбакистон, туҷҷори маҳаллӣ ва ширкатҳои хориҷӣ хисороти сангине бардоштаанд.

Қатъи интиқоли гози табиъӣ ба таъвиқи фаъолияти бархе аз корхонаҳои санъатӣ дар ин минтақа низ мунҷар шудааст. Зимнан, вилояти Хатлон бо ҷамъияти беш аз думилюннафарӣ бузургтарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир шиддат гирифтани бурузи ихтилофоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мушоҳида мешавад. Давлати Тоҷикистон бо пахши баёнияе кишвари ҳамсояро дар талош барои “тасарруфи қисмате аз қаламрави Тоҷикистон” ва ба ҳам задани субот дар ин кишвар муттаҳам кард.

Нахуствазири Ӯзбакистон дар посух ба номаи ҳамтои тоҷикаш ин иддаъоҳоро бепоя хонд. Вале, бо ин вуҷуд дар равобити миёни ду кишвар таҳаввулоти мусбие то ҳол мушоҳида нашудааст.

Президент Раҳмон рӯзи ҷумъаи 20 апрел дар ҷараёни ироаи пайёми солонаи худ ба порлумон ҳарчанд аз мушкилот дар равобит бо Ӯзбакистон ном набурд, вале изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳали масоили марбут ба обу энержӣ дар минтақа омода аст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.