Таъсиси нахустин тими духтаронаи рогбӣ дар Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 14 Апрел соли 2012 - 14:25
Рагбӣ

Рагбӣ барои ҷавонони тоҷик варзише ҷадид ва ношинохта маҳсуб мешавад

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз таъсиси гурӯҳи духтаронаи рогбӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Ин кумита рӯзи шанбеи 14 апрел бо баргузории ҳамоише эълом кард, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон як гурӯҳи духтаронаи варзишгарони рогбӣ ба тамрин оғоз кардааст.

Аз авоили соли 2008 ин навъи варзиш дар вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабт шудааст ва то кунан се гурӯҳи мардонаи бозигарони рогбӣ - ду гурӯҳ дар Душанбе ва як гурӯҳ дар ноҳияи Ваҳдат ба ин навъи варзиш машғуланд.

Варзишгарони ҷавони шаҳри Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар майдони назди донишкадаи варзиши Тоҷикистон дар шимоли ин шаҳр рагбӣ тамрин мекунанд.

Дар баробари ҷавонписарон, ҳамакнун духтарони ҷавони тоҷик низ дар ҳайъати нахустин гурӯҳи духтаронаи рагбӣ тамрин мекунанд.

Рогбӣ тӯбе шабеҳи харбуза аст, ки бозигарон онро бо даст аз майдони рақиб ба берун андозанд. Бисёриҳо ин навъи варзишро бо "футболи омрикоӣ" иштибоҳ мегиранд.

Файзуллоев

Оқои Файзуллоев гуфт, ки қарор аст дар вилоятҳо ва навоҳии дигари Тоҷикистон низ дастаҳои рагбӣ таъсис шаванд

Таҳмина, донишҷӯйи донишкадаи варзиши Тоҷикистон, мегӯяд, ки ӯ дар риштаи баскетбол дар донишкада таҳсил мекунад, аммо акнун мехоҳад тавоноиҳои худро дар рогбӣ низ бисанҷад.

Вай афзуд: "Ин навъи варзиш баъзе қоъидаҳои куштӣ ва волейболро бо ҳам омехта кардааст ва ман фикр мекунам, баъди омӯхтани нозукиҳояш духтарони мо метавонанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кунанд."

Ҳотам Файзуллоев, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, гуфт, ки ин кумита тасмим гирифтааст гурӯҳҳои рогбиро дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ фаъъол кунад.

Вай афзуд: "Ман бовар дорам, ки духтарони тоҷик аз ҳамтоёни хориҷии худ ҳеч камӣ надоранд, Ҳоло баъди роҳандозии гурӯҳҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф мо дар маркази вилоятҳо низ ин навъи варзишро густариш медиҳем."

Рогбӣ барои ҷавонони тоҷик варзише ҷадид маҳсуб мешавад. Гурӯҳе аз писарон, ки беш аз як сол ин навъи варзишро тамрин мекунанд, мегӯянд, ки чанд сол қабл онҳо наметавонистанд ҳатто як тӯби рогбиро дар Душанбе пайдо кунанд.

Бештари ҷавонони тоҷик ин навъи бозиро танҳо дар телевизиюн ва филмҳои хориҷӣ дида буданд.

Аз мушкилоти аслие, ки ҷавонони алоқаманди бозии рогбӣ матраҳ карданд, набуди майдони вижаи бозии рогбӣ дар Тоҷикистон ва набудани мураббии ин навъи варзиш аст, ки тавонад нозукиҳои онро барои бачаҳо биомӯзонад.

Духтарон

Тими духтаронаи рагбӣ дар Тоҷикистон барои нахустин бор таъсис шуд

Ҳоло Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо як мураббии рогбӣ аз Олмон қарордоде имзо карда ва қарор аст то авохири моҳи май ин мураббии олмонӣ ба кори худ дар Тоҷикистон шурӯъ кунад.

Симон Равил, раиси маркази фарҳангии "Бохтар" дар Душанбе, яке аз алоқамандони ин навъи варзиш аст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ҷавонони дигар машқ мекунад. Вай то андозае нозукиҳои ин навъи варзишро ба ҷавонон меомӯзонад.

Ахиран Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон заминеро барои сохтмони як майдони бозии рогбӣ дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон гузоштааст. Акнун тарҳи майдони рогбӣ омода буда ва бо кумаки чанде аз ширкатҳои хориҷӣ қарор аст дар моҳҳои наздик сохтмонаш шурӯъ шавад.

Фаромарзи Биҳиштӣ, коргардони эронитабори синемо аз Зеланди Нав, ки филми мустанадеро бо номи "Салом рогбӣ" таҳия кардааст, яке аз алоқамандони барномаи тавсеъаи рогбии занона дар Тоҷикистон аст.

Оқои Биҳиштӣ, ки аз иртибототи қавӣ дар арсаи байналмилалӣ бархурдор аст, чанд ширкати хориҷиро ба сармоягузорӣ дар сохтмони майдони рогбӣ дар Душанбе ҷалб кардааст.

Филми мустанади "Салом рогбӣ", сохтаи оқои Биҳиштӣ, шоми рӯзи ҷумъаи 13 апрел дар маркази фарҳангии "Бохтар" дар шаҳри Душанбе намоиш дода шуд, ки алоқамандони зиёде онро тамошо карданд.

Толори намоиши филми маркази фарҳангии "Бохтар" гунҷоиши ҳамаи тамошочиёнро надошт. Ин филм аз мушкилоти бонувони варзишкори рогбӣ дар Эрон қисса мекунад.

Духтарон

Ин духтарон худро барои варзиши рагбӣ сабти ном кардаанд

Ба гуфтаи оқои Биҳиштӣ, дар Эрон беш аз 120 гурӯҳи рогбӣ фаъъол аст ва бавижа гурӯҳҳои занонаи рогбӣ дар он ҷо сарфи назар аз маҳдудиятҳои иҷтимоъӣ ба ин навъи варзиш шуғл доранд. Дар тӯли ду сол беш аз ду ҳазор зан дар Эрон ба ин навъи варзиш иштиғол пайдо кардаанд.

Оқои Биҳиштӣ мегӯяд: "Ҷавонони тоҷик имконоти зиёде доранд, агар баъзе шароитро барои онҳо фароҳам бикунем, дар оянда ман бовар дорам, ки дар ин навъи варзиш духтарони тоҷик ҳатман муваффақ хоҳанд шуд."

Аммо баъзе варзишкорони собиқадор мегӯянд, ки рогбӣ ба бархе аз варзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон, мисли бузкашӣ ва куштии миллӣ, шабоҳатҳое дорад.

Ба гуфтаи Ҳотам Файзуллоев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ноҳияи Ҷиргатол дар шарқи Тоҷикистон, як навъ бозие маъмул аст, ки одатан дар Наврӯз ҷавонон онро иҷро мекунанд.

Онҳо бо истифода аз як тӯби аз порча таҳияшуда ин бозиро иҷро мекунанд ва дар Ҷиргатол ин навъи варзишро "пиёдабузкашӣ" мегуфтаанд.

Ҳадафи ин бозӣ низ мисли рогбӣ он аст, ки як гурӯҳ ҷавонон дар майдони васеъ бояд тӯбро аз як кунҷи майдон ба майдони рақиб баранд ва аз майдони рақиб ба берун андозанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.