Бозгашти устод Шакурӣ баъд аз дармон ба Душанбе

  • 2 Апрел, 2012

Окодемисян Муҳаммадҷон Шакурӣ баъд аз муъолиҷаи ҳудуди панҷмоҳӣ дар Эрон ва Бритониё ба Душанбе баргашт.

Дуктур Шакурӣ ки тӯли солҳои ахир аз беморие ранҷ мебарад, дар авохири соли гузашта нахуст дар бемористони Теҳрон дармон ва сипас озими Ландан шуда буд.

Окодемисян Шакурӣ тӯли як моҳ дар бемористоне дар Ню-Касл дармон шуда ва сипас муддате дар манзили писари худ, ки устоди донишгоҳ дар Ландан аст, ба сар бурдааст.

Дар роҳи бозгашт оқои Шакурӣ аз Дубай ва Теҳрон дидан карда ва ба Тоҷикистон баргашт.

Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, феълан вазъи саломатиаш беҳтар шуда ва аз бозгашт ба Душанбе хушҳол аст. Вай гуфт: “Муъолиҷа хуб гузашт ва худро беҳтар эҳсос мекунам.”

Окодемисян Мухаммадҷон Шакурӣ 85 сол дошта ва аз чеҳраҳои саршиносӣ фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад ва дар канори узвият дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамчунин узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст.