Оё Тоҷикистон ба таҳримҳо алайҳи Эрон мепайвандад?

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 28 Март соли 2012 - 13:44
Раҳмон, Аҳмадинажод

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон хостори густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар шуданд

Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба таҳримҳо алайҳи Эрон ин кишвар хисороти ҷиддии иқтисодию тиҷориро мутаҳаммил хоҳад шуд.

Бештари коршиносон ва бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон дар мавриди эҳтимоли пайвастани ин кишвар ба таҳримҳо алайҳи Эрон чунин назар доранд.

Рӯзи сешанбеи 27 март Роберт Блейк, муъовини вазири умури хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, дар нишасте хабарӣ дар Душанбе аз кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон хост, ки дар чорчӯби таҳримҳо алайҳи Эрон "аз ҳар гуна муъомилоти тиҷорӣ бо ин кишвар" худдорӣ кунанд.

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳанӯз ба ин даъват посухи рӯшану мушаххасе надодаанд. Манобеъи Вазорати хориҷа аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо Давлати Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, ба бархе аз расонаҳо гуфтааст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои худ бо Эрон идома медиҳад.

Масъулони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст, ҳозир нашуданд дар ин бора ибрози назар кунанд.

Аммо як мақоми давлатӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин мавзӯъ бисёр ҳассос аст ва наметавонад дар ин бора назар диҳад, чун "агар тарафи Эронро бигирем, Омрико хафа мешавад (меранҷад), тарафи Омрикоро гирем, эрониҳо меранҷанд."

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омодаи вокуниш ба даъвати Омрико ба пайвастан ба таҳрими Эрон, ки Роберт Блейк ин мавзӯъро басароҳат баён карда, нестанд. Аммо ин даъват шуморе аз коршиносон ва шахсиятҳои сиёсию иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро башиддат нигарон ва ҳатто хашмгин кардааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостааст, ки аз даъвати ҷониби Омрико ба қатъи равобити тиҷорию иқтисодӣ бо Эрон пуштибонӣ накунад.

Оқои Шабдолов гуфт: "Эрон давлати кумунистӣ нест, исломӣ аст. Лекин мо эҳтиром мегузорем, ки ин низом манофеъи миллии худро ҳифозат мекунад."

Ӯ гуфт мусаллам аст , ки Русия ва Чин дар СММ аз ҳамлаи низомӣ ба Эрон пуштибонӣ намекунанд. Аз ин лиҳоз, Омрико аз самти Ироқ, Қатар, Баҳрайн, Афғонистон Эронро иҳота карда ва мехоҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳримҳо алайҳи Эрон бипайванданд.

Ба гуфтаи раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, Эрон на танҳо бо Тоҷикистон пайвандаҳои ҳазорсолаи фарҳангию забонӣ дорад, балки дар чанд соли ахир ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон густариш дода ва ба иқтисоди ин кишвар сармояи зиёде ворид кардааст.

Шабдолов

Шабдолов: "Эрон давлати кумунистӣ нест, исломӣ аст. Лекин мо эҳтиром мегузорем, ки ин низом аз манофеъи миллии худ ҳифозат мекунад"

Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, дар зарфи даҳ соли ахир табодули коло миёни Эрон ва Тоҷикистон панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

Ба эътиқоди коршиносони иқтисодӣ ва иддае аз тоҷирони тоҷик, ҳудуди 40 дарсади колоҳо ва маводди ғизоии бозорҳои дохилии Тоҷикистонро маводди воридотии Эрон ташкил медиҳад.

Аз сӯйи дигар, Эрон дар Тоҷикистон тарҳҳои муҳимми иқтисодию энержиро рӯйи даст дорад ва барои бунёди нерӯгоҳҳои обию тунел ва роҳҳои иртиботӣ ҳазинаи ҳангуфте ихтисос додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар солҳои ахир борҳо эълом кардааст, ки Эрон "шарики истротежики Тоҷикистон" аст, дар ҳоле ки аз замони ба қудрат расидани ӯ дар авоили даҳаи 1990 то ҳамин чанде пеш танҳо Русия "шарики истротежик" барои Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Дар ҳамоиши марбут ба Афғонистон ҳам, ки тайи рӯзҳои гузашта идома дошт, оқои Раҳмон пас аз дидори сегонааш бо раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон хостори тақвияти бештари ҳамкориҳои сеҷониба шуда ва ҳатто гуфтааст, ки барои "иҷрои саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои қаблан ҳосилшуда" набояд ба "саҳлангорӣ" роҳ дода шавад."

Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки манзури оқои Раҳмон аз ин суханон, "асосан иҷрои лоиҳаҳои (тарҳҳои) пайвастшавии роҳҳои заминӣ ва оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва бунёди хатти интиқоли барқи 500 - килуволтии Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон мебошад."

Раҳбарони се кишвар ҳамчунин хостори тавсеъаи равобити сеҷониба барои ҳалли масоили Афғонистон шуда ва гуфтаанд, ки ин равобит ба бозсозии имконоти иқтисодию иҷтимоъӣ ва нақлиётию тронзитии ин кишвар кумак хоҳад кард.

Дар дидори раисони ҷумҳурии се кишфари порсизабон тасмим бар ин шудааст, ки масоили марбут ба иҷрои тавофуқоти Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар муҳлатҳои наздик дар ҷаласаи нахусти Кумисиюни муштараки сеҷониба баррасӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба иддаъои Роберт Блейк, муъовини вазири хориҷаи Омрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ иҷрои тарҳҳои ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа, ки ба гуфтаи соҳибназарон аз онҳо беш аз ҳама Афғонистон, кишвари ҷангзада ва таҳти нуфузи Омрико нафъ мебарад, "бидуни ҳузури Эрон" ҳам имконпазир аст.

Омрико чанд сол аст, ки барои тақвияти пайвандҳои иқтисодию тиҷорӣ ва сиёсӣ байни ду минтақаи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ба манзури коҳиши нуфузи Эрон ва Русия дар Осиёи Миёна талошҳое анҷом медиҳад ва аз иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, монанди кашидани хутути интиқоли барқу гоз байни ин ду минтақа, ваъдаҳои ҳимояти молӣ кардааст.

Давлати Усмон

Оқои Усмон мегӯяд агар таҳти фишори Омрико Тоҷикистон ба таҳримҳо алайҳи Эрон бипайвандад, ин кор танҳо бар зарари Тоҷикистон тамом хоҳад шуд

Бархе аз созмонҳои молии байналмилалӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Тавсеъа, ки таҳти нуфузи Омрико ҳастанд, барномаҳоеро дар ин замина ба мавриди иҷро гузоштаанд, ҳарчанд вазъи бади амниятии Афғонистон ва Покистон аз иҷрои ин тарҳҳо монеъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ба иҷрои ин тарҳҳо, ки бархе аз таҳлилгарон онҳоро бештар "ҷоҳталабона ва газоф" мехонанд, ва эҳтимоли суди ҳангуфте, ки аз фурӯши энержӣ ба Афғонистону Покистон ва ҳатто Ҳинд ба даст меоранд, чашми умед дӯхтаанд.

Оё имкон дорад, ки дар посух ба даъвати оқои Блейк ва ба хотири ин гуна тарҳҳои баландовоза Тоҷикистон аз баҳри равобити иқтисодияш бо Эрон гузарад? Дар ҳоле ки мақомоти баландпоя ҳанӯз фурсати посух ба ин суолро наёфтаанд, иддае аз коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд "на, ин нақд бигиру даст аз он нася бишӯй."

Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз соҳибкорони Тоҷикистон, мегӯяд, ки қатъи равобити иқтисодию тиҷории Тоҷикистон бо Эрон иштибоҳи бузурге хоҳад буд. Зеро мавзӯъи энержии ҳастаии Эрон барои Тоҷикистон ҳеч хатаре надорад. Аз сӯйи дигар, Эрон дар даҳсолаи оянда наметавонад бумби атумӣ созад.

Оқои Ҷумъаев гуфт: "Агар Тоҷикистон равобитро бо Эрон қатъ кунад, хисороти ворида аз ин иқдомро кӣ ҷуброн мекунад? Омрико ҳеч гоҳ ин корро намекунад. Вай дар ғами сиёсатҳои хориҷии худ аст."

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 30-40 дарсади колоҳои бозори дохилии Тоҷикистон, бахусус, маводди ғизоӣ сохти Эрон буда ва қимати ин мавод дар муқоиса бо колоҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла, ҷамоҳири собиқи шӯравӣ, болотар аст.

Масалан, арзиши шакару қанди Укройн дар ҳоли афзоиш аст. Орд ва маҳсулоти ордӣ, ки аз кишварҳои мустақилли ҳамсуд ворид мешавад, гарон аст.

Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд: "Агар фардо сиёсати Чин ба Омрико хуш наояд, пас мо водор хоҳем шуд, ки равобитро бо ин кишвар низ қатъ кунем? Он гаҳ мо бо кӣ ҳамкорӣ мекунем?"

Давлати Усмон, коршиноси масоили сиёсӣ, аз сиёсати хориҷии Омрико интиқод кард, ки ба хотири сиёсати давлати як кишвар мардуми онро азият мекунад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Усмон, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон ҳамкориҳои низомӣ надоранд. Ҳамкориҳое, ки барои сохтани бумби атумӣ ба Эрон кумак кунад, вуҷуд надорад. Пас, аз дидгоҳи ӯ, ҳеч кишваре ин ҳаққро надорад, ки кишвари дигареро аз ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ бо кишвари севум манъ кунад.

Ӯ гуфт: "Агар таҳти фишори Омрико Тоҷикистон ба таҳримҳо алайҳи Эрон бипайвандад, ин кор танҳо бар зарари Тоҷикистон тамом хоҳад шуд. Омрико имкони таъмини маводди мавриди ниёзи аввалия барои Тоҷикистонро надорад."

"Бо таваҷҷуҳ ба фақру бенавоӣ дар Тоҷикистон қатъ кардани воридоти маводди ғизоии арзон аз Эрон ё кишварҳои дигар ба бурузи гуруснагӣ дар кишвар мунҷар хоҳад шуд."

Давлати Усмон дар эҳтимоли пайвастани Тоҷикистон ба таҳримҳо алайҳи Эрон ибрози тардид карда ва гуфт, ки ҳатто дар сурати пайвастани Тоҷикистон ҳам ин амр дар Эрон ҳеч таъсире нахоҳад дошт. Зеро саҳми Тоҷикистон дар тиҷорати хориҷии Эрон шояд 0,5 дар сад бошад.

Дар ҳамин ҳол, Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили сиёсӣ, муътақид аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз шомил шудан ба "феҳрсти сиёҳи" Омрико Тоҷикистонро лозим аст, ки марҳила ба марҳила равобити худро бо Эрон коҳиш диҳад. Зеро ба гуфтаи ӯ, режими кунунии Эрон "оянда надорад."

Ҳодизода

Оқои Ҳодизода гуфт, ки Тоҷикистон бояд оҳиста-оҳиста бо оппозисиюни Эрон ҳамкориро шурӯъ кунад, зеро "режими кунунии Эрон оянда надорад"

Оқои Ҳодизода фаротар меравад ва мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд оҳиста-оҳиста бо оппозисиюни (мухолифони давлати) Эрон ҳамкориро шурӯъ кунад.

Ӯ ваъдаи вуруди сармояи эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, аз ҷумла, нерӯгоҳи "Айнӣ" дар рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистонро, таблиғотӣ хонда ва гуфт дар ҳоле ки интиқоли пул аз Эрон тавассути бештари бонкҳои кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ шудааст, чи гуна ин давлат барои иҷрои тарҳҳои худ дар Тоҷикистон маблағ интиқол медиҳад?

Ҳамчунин, Фаридун Ҳодизода рафтори Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар Ҳамоиши панҷуми ҳамкориҳои минтақаии иқтисодӣ барои Афғонистон дар шаҳри Душанберо "ноҷо" (берабт) хонд ва гуфт, "ӯ бо ин кори худ фазои ҳамоишро тира карда ва ба мизбон, яъне, давлати Тоҷикистон зарба зад."

Оқои Аҳмадинажод рӯзи душанбеи 26 март дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш гуфт, ки низомиёни хориҷӣ барои хисороти ворида ба Афғонистон ба муддати 10 сол бояд ғаромат бипардозанд.

Вай гуфт ин ғаромат бояд солиёна ба миқдори 25 дарсад аз ҳазинаи ҳузури низомии нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон ва ё 5 дарсад аз будҷеи низомии кишварҳои узви НОТУ бошад.

Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин хостори хурӯҷи ҳарчи сареъи нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ аз Афғонистон шуд ва гуфт, ки хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон барои таъмини истиқлоли ин кишвар замина фароҳам хоҳад сохт.

Дар чанд соли ахир фишори Омрико ва Иттиҳодияи Урупо бар Эрон дар иртибот бо барномаи ҳастаии ин кишвар афзоиш ёфтааст. Қудратҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пайи даст ёфтан ба тавоноии тавлиди силоҳи атумӣ аст, аммо Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ба хотири коҳиши будҷеи барномаи ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримҳоеро эъмол кардаанд. Аз ҷумла, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар моҳи январи соли ҷорӣ таҳрими ҷадиде дар мавриди хариди нафти хоми Эронро эълом карданд.

Аз сӯйи дигар, Исроил таҳдид кардааст, ки дар сурати зарурат ба манзури ҷилавгирӣ аз тавлиди силоҳи атумӣ корхонаҳои ҳастаии Эронро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.