Донишгоҳи фанноварӣ: Нома ба волидайн барои "мубориза бо фасод"

  • 13 Март, 2012
донишҷӯён Image copyright BBC World Service
Image caption Аз волидайни донишҷӯён дархост шудааст аз мавориди ришваситонӣ бо раиси донишгоҳ тамос бигиранд

Раиси Донишгоҳи фанноварии (текнулужии) Тоҷикистон унвонии падарон ва модарони донишҷӯёни ин донишгоҳ нома ирсол карда, ки дар он хоҳиш мешавад ба таҳсили фарзандонашон таваҷҷӯҳи бештар кунанд.

Дар ин нома ҳамчунин шумораи телефунҳои мобилии афроди наздик ба раиси донишгоҳ дарҷ гардида ва аз волидайн дархост шуда, дар сурати лозим ба ин шумораҳо занг бизананд ва шикоятҳо ва мушкилоти худро матраҳ кунанд.

Дар нома таъкид шудааст, “тавассути телефонҳои мазкур маълумот бевосита ба ректори донишгоҳ ва проректор оид ба тарбия ва тарғибот дастрас карда мешавад.”

Муродалӣ Иброҳимов, муъовини раиси донишгоҳ дар умури тарбия дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар ин бора гуфт, ки шумораҳои телефун аз ҷумла барои ҷилавгирӣ аз фасод пешбинӣ шудаанд.

Вай мегӯяд: “Мо маълумотҳое дорем, ки бархе аз донишҷӯён аз падару модарашон пул мегиранд, гӯё барои баҳо ё имтиҳон, аммо дар амал бошад, рафта тамоман барои корҳои дигар истифода мебаранд.”

Дар ин нома мехонем: “Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки доир ба ҳамагуна "хоҳишҳои" фарзандатон оиди талаб намудани ҳамагуна "ёрӣ" оиди ин масъала ҳатмӣ ба донишгоҳ занг зада, маълумоти аниқ гиред. ... Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тамаъҷўиро аз ҷониби кормандон ва омўзгорон амали номатлуби коррупсионӣ шуморида, таъкид менамояд, ки зимни супоридани санҷиш, имтиҳон, аттестатсия ва дигар намудҳои баҳогузории фаъолияти таълимӣ нисбати фарзанди Шумо ягон монеа эҷод нахоҳад шуд.”

Дар ин нома раёсати донишгоҳ ҳамчунин аз муқаррароти ҷадиде, ки аз сӯйи вазорати омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон дар робита ба либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии донишҷӯён роиҷ шуда, яъне мамнӯъ будани омадани донишҷӯён ба донишгоҳ бо мошинҳои шахсӣ, истифодаи телефуд дар саҳни донишгоҳ ва синфхонаҳо, пушиши шалворҷинс ва доштани риши баланд, ё надоштани керовот (галстук) ёдовар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки яке аз волидайн, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт: “Синни фарзанди ман аз 18 болост, бале ман пули таҳсилашро мепардозам, аммо ирсоли чунин номаҳо ба падарону модарон ба фикрам барои ҷавонон навъе таҳқир аст. Ба ғайр аз ин чунин номаҳо дар мубориза бо фасод ва беҳбуди низоми маъориф ғайримуассир мебошад.”

Аммо раёсати бахши таълим ва тарбияи Донишгоҳои фановарии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарчанд донишҷӯён афроди мустақил ҳастанд, вале дар аксари маворид пули таҳсили донишҷӯёнро волидайн пардохт мекунанд ва дар сурати ихроҷи донишҷӯён ба далели ширкат накардан дар дарсҳо ё далеле дигар "маҳз волидайн бо раёсати донишгоҳ даъво мекунанд."

Мамнӯъ будани пушиши ҳиҷоб ва сатр низ аз муқаррароти муассисоти омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон аст, ки аз чанд сол бад-ин сӯ роиҷ аст.

Ахиран бархе аз омӯзгорон ва шогирдони макотиби ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар остонаи Наврӯз онҳоро водор кардаанд, ки ба мактаб бо либоси миллӣ ҳозир шаванд. Чизе, ки бо норизояти гурӯҳе аз устодон ва донишҷӯён, ба хусус рустаборони кишвар рӯбарӯ шуд.

Аммо масъулони вазорати омӯзишу парвариш гуфтанд, ки ин амрро ба арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва ҷашни Наврӯз марбут хонданд.

Матолиби муртабит