bbc.co.uk navigation

Тозатарин вокуниши Русия ва Омрико ба барномаи атумии Эрон

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 25 Феврал соли 2012 - 09:09
Владимир Путин

Суханони оқои Путин ҳамзамон бо афзоиши нигарониҳо дар иртибот бо музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои ғарбӣ эрод шудааст

Дар ҳоле ки Кохи Сафед эълом кардааст, ки Эрон натавонистааст ҷаҳонро дар иртибот бо сулҳомез будани барномаи ҳастаияш мутақоъид кунад, Владимир Путин, нахуствазири Русия, мегӯяд Ғарб бо тамаркуз бар барномаи ҳастаии Эрон ба дунболи тағйири режим дар ин кишвар аст.

Дар тозатарин вокунишҳо ба барномаи атумии Эрон оқои путин рӯзи ҷумъаи 24 феврал кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки бо ҳадаф қарор додани барномаи ҳастаии Эрон ба дунболи сарнагун кардани ҳукумати ин кишваранд.

Нахуствазири Русия, ки ин рӯзҳо даргири корзори интихоботии худ барои эҳрози муҷаддади пусти раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар аст, таъкид кард, ки давлати кишвараш мухолифи ҳар гуна талош барои тағйири режим дар Эрон аст.

Суханони оқои Путин ҳамзамон бо афзоиши нигарониҳо дар иртибот бо музокироти ҳастаӣ миёни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ эрод шудааст.

Рӯзи шанбеи 25 феврал (5 исфанд) Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ дар гузориши тозаи худ эълом кард, ки дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ҳамчунон нигаронии ҷиддӣ дорад.

Дар ин гузориш омадааст, ки Эрон нигарониҳои ожонсро беасос хондааст ва тарафайн дар ин маврид ба шакли қобили таваҷҷуҳе дучори ихтилофи назар ҳастанд.

Юкиё Омону, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ дар гузориши ҷадиди ожонс аз Эрон хостааст, то бо ожонс ба таври комил ҳамкорӣ кунад ва нигарониҳои марбут ба абъоди эҳтимолии низомӣ дар мавриди фаъъолиятҳои ҳастаии худро муртафаъ (рафъ) кунад.

Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед дар вокуниш ба гузориши ҷадиди Ожонси Байналмилалии Энержи Атумӣ гуфта Эрон натавонистааст қудратҳои ҷаҳонро нисбат ба сулҳомез будани барномаи ҳастаияш мутақоъид кунад.

Ба гуфтаи Томӣ Витур, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, гузориши ожонс нишон медиҳад, ки Эрон ғанисозии урониюмро бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва бо мақосиди ғайрисулҳомез пеш мебарад.

Ба гуфтаи ӯ, вақте фаъъолиятҳои Эронро дар канори сангандозиҳои пайдарпаяш бар сари роҳи бозрасони Ожонси Энержии Атумӣ бигзорем, мутаваҷҷеҳ мешавем чаро Эрон натавониста ҷомеъаи байналмилалиро нисбат ба сулҳомез будани барномаи ҳастаияш мутақоъид кунад.

Эрон ҳамвора бар сулҳомез будани барномаи ҳастаии худ таъкид дорад.

Ҳайъате баландпоя аз бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ рӯзҳои душанбе ва сешанбеи гузашта (1-2 исфанд ё 21-22 феврал) дар сафаре ба Теҳрон бо мақомоти эронӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, Эрон ба бозрасони ин ожонс имкони дастрасӣ ба маҳалли Порчинро надодааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.