
Муътаризон хоҳони муҳокимаи омилони "беҳурматӣ" ба Қуръон шудаанд
Тазоҳурот дар панҷумин рӯзи эътирозҳо алайҳи "беҳурматӣ" бар Қуръон дар пойгоҳи низомии Багром дар чанд шаҳри Афғонистон ба хушунат кашида шуда ва чаҳор тан кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Рӯзи шанбеи 6 ҳут / исфанд (25 феврал) шаҳрҳои Қундуз дар шимол ва Маҳтарлом дар шарқ шоҳиди тазоҳуроти хушунатомезе буда ва ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Ҷалолобод ба сурати мусолиматомез баргузор шудааст.
Як мақоми пулиси Қундуз гуфтааст, ки тазоҳуркунандагон дафтари Созмони Милалро дар ин вилоят мавриди ҳамла қарор дода ва бо муҳофизони он даргир шудаанд.
Ин мақоми пулис гуфта, ки дар ҷараёни даргирӣ миёни тазоҳуркунандагон ва муҳофизони дафтари СММ нерӯҳои пулис иқдом ба тирандозии ҳавоӣ карда, вале тазоҳуркунандагон онро нодида гирифтаанд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки тазоҳуркунандагон мағозаҳо ва бахше аз як сохтмони давлатиро оташ задаанд. Ин шоҳидон афродеро бо либосҳои пурхун дидаанд ва садои шиллики гулӯларо ҳам шунидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Саъд Мухтор, раиси Идораи сиҳҳати (беҳдошти) вилояти Қундуз, ба Би-би-сӣ гуфта, ки 50 захмӣ ва чаҳор ҷасад ба бемористонҳои шаҳри Қундуз мунтақил шудаанд.
Гуфта шуда, ки бархе аз қурбониёни хушунати рӯзи шанбе дар Қундуз маъмурони амниятӣ ҳастанд, аммо мақомҳои амниятӣ расман ин хабарро таъйид накардаанд.
Аз вилояти Лағмон низ гузориш шуда, ки тазоҳурот дар шаҳри Маҳтарлом, маркази ин вилоят, ба хушунат кашида шуда ва дар ҷараёни он 20 тан захмӣ шудаанд. Манобеъи бемористони шаҳри Маҳтарлом гуфтаанд, ки ин захмиён ба ин бемористон мунтақил шудаанд.
Муҳаммад Иқбол Азизӣ, волии Лағмон, гуфта, ки шуморе аз афроди мусаллаҳ ҳам дар миёни тазоҳуркунандагон будаанд ва пулис 17 фарди мусаллаҳро боздошт кардааст.
Волии Лағмон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки тазоҳуркунандагон қасд доштаанд дафтари ӯ ва шуморе аз идораҳои давлатиро мавриди ҳамла қарор диҳанд.
Пеш аз ин, дар чаҳор рӯзи гузашта беш аз 20 тан дар асари хушунат дар ҷараёни тазоҳурот дар саросари Афғонистон кушта шудаанд.
Дар рӯзҳои ахир мақомҳои давлатӣ аз мардум хостаанд, ки дар чунин тазоҳуроте даст ба хушунат назананд, аммо муътаризони хашмгин ба изҳороти ин мақомҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд.
Рӯзи ҷумъа женерол Ҷон Олен, фармондеҳи кулли нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, бо судури эъломияе аз мардуми ин кишвар хост, ки бурдбор бошанд ва афзуд, ки таҳқиқоти муштарак бо давлати Афғонистон дар ин замина ҷараён дорад.
Ӯ дар эъломияи худ таъкид кард: "Кор бо раҳбарии Афғонистон танҳо роҳе аст, ки мо ин иштибоҳи бузургро ҷуброн кунем ва мутмаин шавем, ки дигар чунин ҳодисае рӯй надиҳад."
Тазоҳурот дар бархе аз шаҳрҳои Афғонистон дар панҷ рӯзи гузашта ба хушунат кашида шудааст.
Рӯзи панҷшанбе Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар номае ба Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз ӯ ва мардуми ин кишвар ба хотири ин рухдод узрхоҳӣ кард.
Ахиран ҳайъате мураккаб аз мақомҳои ҳукуматӣ ва аъзои порлумони Афғонистон натоиҷи таҳқиқоти худро дар ин замина ба оқои Карзай ироа кардааст.
Абдулғафури Саҷҷодӣ, узви маҷлис, ки дар таркиби ҳайъат ба Багром рафта буд, рӯзи ҷумъа ба Би-би-сӣ гуфт, ки фармондеҳони нерӯҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки ноошноии як мутарҷим боъиси беҳурматӣ ба Қуръон шудааст.
Масъулони боздоштгоҳи Багром, ки дар он аъзои боздоштии Толибон ва гурӯҳи Алқоъида ба василаи нерӯҳои омрикоӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ба мутарҷимон ва масъулони китобхонаи ин боздоштгоҳ дастур дода буданд, ки китобҳои мушаввиқи "ифротгароӣ"-ро ҷудо кунанд ва дур бирезанд.
Оқои Саҷҷодӣ афзуд, ки мақомҳои омрикоӣ ба ҳайъати таҳқиқи давлати Афғонистон гуфтаанд, ки ноошноии ин мутарҷим боъис шуда, ки нусхаҳое аз Қуръон ҳам бо ин мутун як ҷо берун рехта шаванд.
Фармондеҳони пойгоҳи низомии Багром ба давлати Афғонистон қавл додаанд, ки дар мавриди муҳокимаи омилони ин ҳодиса ва ҷилавгирӣ аз адами такрори он талош хоҳанд кард.
Дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи гузашта дар иртибот бо ҳамин қазия ҳашт тан ва аз ҷумла ду сарбози омрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд.
















