
Барои бори нахуст нест, ки "Фарғона нюз" сойте, ки ба интишори матолиби мухолифи давлати Қирғизистон шинота шудааст, масдуд мешавад
Кумитаи дифоъ аз Рӯзноманигорон аз давлати Қирғизистон тақозо карда, ки тасмим бораи масдуд кардани дастрасӣ ба сойти мустақили иттилоъотии Fergana News-ро лағв кунад.
Ин кумита зимни интишори баёнияе дар ин бора гуфтааст, ки чунин тасим алайҳи ҳама гуна таъаҳҳудоти давлати Қирғизистон дар заминаи озодии баён аст.
Дар бораи масдуд шудани сойти Фарғона нюз, ки мақараи он дар Маскав воқеъ аст, Даниел Кислов, сардабири ин хабаргузории русизабон хабар додааст. Ба гуфтаи вай Қирғизтелеком ширкати бузургтарини фароҳамгари интернетӣ дар Қирғизистон дастрасӣ аз дохили кишвар ба ин сойтро масдуд кардааст.
Ин ширкат дастрасии ҳудудан 50 дарсади корбаронро ба интернет дар Қирғистон фароҳам мекунад.
Ба бовари оқои Кислов имкон дорад ба зудӣ дигар фароҳамгарони интернетӣ низ дастрасӣ ба сойтро бибанданд, зеро давлат дар ин бора дастур додааст. Да ин сурат дастрасӣ ба сойти "Фарғона нюз" дар саросари Қирғизистон масдуд хоҳад шуд.
Бино ба гузориши Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон масъулони ширкати Қирғизтелеком гуфтаанд, ки дастур дар бораи блуке кардани ин сойт аз сӯйи Умурбек Бабанов, нахуствазири Қирғизистон содир шудааст.
Дар мактуби Кумитаи иртибототи Қирғизистон ба ширкати Қирғизтелеком дар ин бора омадааст: Ин дастур бар асоси қатъномаи порлумони Қирғизистон дар бораи таҳқиқоти муқаддамотии кумиссюни муваққати порлумонӣ дар бораи ҳаводиси фаҷеъи моҳҳои апрел – июни соли 2010, ки моҳи июни соли 2011 тасвиб шуда буд, таҳия шудааст.
Кумитаи дифоъ аз Рӯзноманигорон дар баёнияаш менависад, ки барои бори нахуст аст, ки мақомоти Қирғизистон дар бораи масдуд кардани як сойт дастури катбӣ таҳия кардаанд. Ин кумита навиштааст, ки дар ин қатъномаи Жогоргу Кенеш (порлумон) ҳеҷ шарҳе дар бораи чунин тасмим вуҷуд надорад.
Кумита меафзояд, ба гуфтаи оқои Кислов тибқи қавонини Қирғизистон барои масдуд кардани як хабаргузорӣ бояд додгоҳ ҳукм содир кунад, вале дар мавриди сойти "Фарғона нюз" ҳеҷ додгоҳе ҳамчунин ҳукме содир накардааст.
Дар гузориши Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон мехонем, ки Токон Мамитов, намояндаи порлумони Қирғизистон ба бахши қирғизии родиюи Озодӣ гуфта: ""Фарғона нюз" матолиберо пахш кардааст, ки низоъҳои миллӣ ва мазҳабиро бармеангехт ва дар ҷараёни пӯшиши ҳаводиси фаҷеъи он замон (апрели 2010) қирғизҳоро бадном кардааст."

Чанде қабл Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон аз фишор ба расонаҳои мустақил дар Қазоқистон низ интиқод карда буд
Аммо Роберт Маҳоней, муъовини раиси Кумтаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон дар бораи иқдоми ахири давлати Қирғизистон дар қиболи сойти хабарӣ гуфтааст: "Ин як ҳамлаи нигаронкунанда ба озодии интернетист, ки боз як давлати худкома фароҳамгари интернетиро маҷбур месозад то "кори касифи" сонсури давлатиро анҷом бидиҳад. Мақомоти Қирғизистон бояд фаврат дастрасӣ ба ин сойтро барқарор кунанд."
Дар баёнияи кумита ҳамчунин таъкид шуда, ки "Фарғона нюз" хабаргузориест, ки бо чопи матолиби интиқодӣ аз давлати Қирғизистон шинохта шудааст. Мақомоти ин кишвар ин сойтро дар моҳи марти соли 2010, пас аз интишори матлабе дар бораи фасод дар давлати Қирғизистон , масдуд карданд, аммо ҳеҷ гоҳ инро таъйид накардаанд.
Қаблан дар Тоҷикистон низ, кишвари ҳаммарз бо Қирғизистон барои пушиши ҳаводиси марбут ба даргириҳои мусаллаҳона сойтҳои мустақил масдуд шуда ва чопи нашрияҳои мустақил мутаваққиф шуда буданд.
Давлати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2010 нашрияҳои мустақилли Фараж, Пайкон ва Нигоҳ-ро аз чоп бозмонда ва сойтҳои интернетии avesta.tj, centrasia.ru, tjknews.com ва fergana.ru-ро масдуд карда буд. Ин амр дар Тоҷикистон пас аз он сурат гирифт, ки ин расонаҳо барои пушиши мустақилонаи ҳаводиси даргириҳо дар водии Рашт талош карданд.
Мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни давлатӣ нашрияҳои мустақиллро ба иғвоангезӣ ва "ҳамкорӣ бо теруристон" муттаҳам карданд ва фаъолияти нашрияҳоро омили ба ҳолати бӯҳронӣ расондани вазъи низомию сиёсии кишвар хонда буданд.
Аз ҷумла, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид карда буд, ки нашияҳои мустақил "ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз теруристҳо пуштибонӣ мекунанд." Женерол Хайруллоев аз ниҳодҳои додситонӣ даъват карда буд, ки дар қиболи ин гуна нашрияҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.
















