
Аз ҳодисаи дараи Камароб яку ним сол сипарӣ шуда, вале порае аз гулулае аз он ҳамла то ҳоло аз бадани Ҳабибуллоҳ берун наомадааст
Қарор буд вазорати дифоъ ва мақомоти маҳаллӣ ба Ҳабибуллоҳ Намозов, сарбози захмхӯрда дар ҳодисаи дараи Камароб дар соли 2010 кумак мекарданд то ҷарроҳӣ шавад.
Вай мунтазир буд, ки то Рӯзи ҷашни Артиши ҷумҳурии Тоҷикистон хабари хубе мешунавад, аммо рӯзи артиш ҳам бо баргузории режаҳои мутантан гузашт, вале илоҷе барои берун овардани порае аз гулула аз бадани Ҳабибулло, ки дар ноҳияи синааш гир кардааст, пайдо нашуд.
Аммо мақомоти вилояти Хатлон дар иртибот ба бузургдошти Рўзи Артиши миллӣ дар Тоҷикистон ба хонаводаҳои беш аз даҳ низомии кушташуда дар ҳодисаи ҳамлаи водии Камароб кумаки молӣ кардааст.
Бино ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ Давлатҷон Ғиёев, ва Содиқон Каримов, афсар ва сарбози кушташуда дар дараи Камароб аз шаҳри Сарбанд аз будҷети ин шаҳр ба миқдори 50 сомонӣ кумакпулӣ дарёфт карданд.
Қарахон Чиллаев, шаҳрдори Сарбанд, гуфт ба хотири пос доштани афсар ва сарбози кушташудаи дараи Камароб хиёбон ва мактабе ба номи онҳо номгузорӣ шудааст.
Аммо Ҳабибуллоҳ, ки пас аз ҳодисаи фаҷеъи Камароб ба хона маъюб бар гашт мунтазири кумаки мақомот барои ҷарроҳӣ будааст. Ӯ мегӯяд, дар ноҳияи наздик ба дили ӯ ҳанӯз ҳам порае аз гулӯла ҷо дорад, ки бояд тавассути ҷарроҳӣ берун оварда шавад.
Ҳабибулло пас аз ҳамла мусаллаҳона ба низомиён дар дараи Камароб ба бемористони ноҳияи Рашт бо захмҳои мухталиф мунтақил шуд. Ӯро ҷарроҳӣ карданд вале вай то ҳоло ба амали ҷиддитаре барои берун кашидани порае аз гӯлӯла дорад.
Бо ин вуҷуд Ҳабибулло мегўяд, аз шомил шуданаш ба Артиши Тоҷикистон пушаймон нест. Вале меафзояд: Дар Камароб вақте ҳамла карданд, сахт маҷрӯҳ шудам. То ҳоло осколкаи он (хурдаи гулула) дар баданам ҳаст, ва маро азият мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон қаблан ваъда дода буд, ки бо кумаки як созмони фаронсавӣ ба ӯ кумак мекунад ва ӯ ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Аммо ба назар мерасад, ки мақомоти маҳаллӣ ва вазорати дифоъ дар ин замина ба ваъдаи худ вафо карда натавонистаанд.
Як мақоми ҳукумати вилояти Хатлон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, таъйид кардааст, ки ҳукумат қасд доштааст, бо кумаки созмоне дигар барои дармони Ҳабибуллоҳ Намозов иқдом кунад.
Ин манбаъ гуфтааст: Ҳукумат имкони маблағгузориро барои Ҳабибулло надорад ва мо интизор будем, ки созмони хориҷӣ сармоягузорӣ мекунанд, аммо нашуд.
Беш аз даҳ сарбоз ва афсари қушташуда ва захмбардошта дар ҳодисаи дараи Камароб сокинони вилояти Хатлон будаанд ва дар рўзи Артиши миллӣ, яъне 23-юми феврал дар шаҳри Қурғонтеппа маҳфили ёдбуди онҳо баргузор шудааст.
Рӯзи 19 сентябри соли 2010 дар ҳамла ба як корвони низомии Тоҷикистон дар дараи Камароби водии Рашт 25 нафар кушта ва бисту панҷ тани дигар захмӣ шуда буд.
















