
Фаъъолони мухолифи давлати сурия мегӯянд, рӯзи панҷшанбе 50 то 60 нафар дар хушунатҳои саросари Сурия кушта шудаанд
Ҳамоише бузург дар Тунис бо ширкати кишварҳои ғарбӣ ва Иттиҳодияи Араб дар ҳоли баргузорӣ аст, то роҳи ҳалле барои буҳрони Сурия биёбад.
Омрико, Урупо ва кишварҳои араб мехоҳанд ба Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, фишор биёваранд то зарфи чанд рӯз иҷозаи кумакрасонӣ ба манотиқ осебдидаи Сурияро бидиҳад.
Русия ва Чин гуфтаанд, дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳанд кард.
Ҳар дуи ин ду кишварҳо ба далели мумонеъат аз тасвиби қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳомии тарҳи сулҳи Иттиҳодияи Араб барои сулҳ дар Сурия аст, мавриди интиқоди Ғарб ва кишварҳои арабӣ қарор гирифтаанд.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар гуфтугӯи телефунӣ бо ҳамтои чинии худ бар мавзеъи ду тараф таъкид кардааст.
Гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия мегӯянд, ҳудуди 50 то 60 нафар дар хушунатҳои рӯзи панҷшанбе дар саросари кишвар кушта шудаанд.
Наздик ба ҳафтод кишвар, аз ҷумла Омрико, Бритониё, Фаронса ва Туркия, дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
Ин ҳамоиш қарор аст бо тавофуқ бар сари баёнияе аз Сурия бихоҳад, билофосила оташбас кунад ва иҷоза диҳад мизони ниёз ба кумакҳои инсонӣ дар минтақа баррасӣ шавад. Агар Сурия ин хостаро нодида бигирад, бо таҳдидҳои бештар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ин ҳамоиш мумкнин аст дар айни ҳол Шӯрои Миллии Сурияро, ки маҷмӯъае аз гурӯҳҳои мухолифи давлати ин кишвар аст, намояндаи "машрӯъ"-и Мардуми Сурия бихонад, аммо дар айни ҳол ин гурӯҳро комилан таъйид накунад.
Шаби баргузории ин ҳамоиш Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Араб Куфӣ Анонро намояндаи муштараки худ барои расидагӣ ба буҳрони Сурия карданд.
Бон Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Набил ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб дар баёнияе муштарак эълом карданд, ба таври муштарак Куфӣ Анонро ба унвони намояндаи вижаи худ дар буҳрони Сурия мансуб кардаанд.
Қарор аст оқои Анон, ки пештар худ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид буда, барои ба поён расондани "тамомии хушунатҳо ва мавориди нақзи ҳуқуқи башар" ва низ тартиб додани роҳи ҳале мусолиматомез барои буҳрони Сурия фаъъолия кунад.
Оқои Анон дабири кулли Иттиҳодияи Араб ва дабири кулли Созмони Милалро дар масоили марбут ба Сурия намояндагӣ мекунад ва дар чорчӯби қатъномаи 253-66-и Маҷмаъи Умумӣ ва қатъномаҳои муртабити Иттиҳодияи Араб барои тамос ба тамоми бозигарони даруну берун аз Сурия талош мекунад, то ба ёфтани роҳи ҳалле сиёсӣ, мусолиматомез ва дарбариранда, ки бо "ормонҳои демукросихоҳонаи мардуми Сурия" мутобиқат дорад ва бархоста аз бозигарони сурӣ аст, кумак кунад.
Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, низ шаби пеш аз баргузории ин ҳамоиш гуфт, тамоми кишварҳо бояд тадобиреро, ки бар сари он тавофуқ шуда, пеш бигиранд.
Вай гуфт: "Мо мунтазири пешрафт дар се ҷабҳа ҳастем; таъмини кумакҳои инсонӣ, афзоиши фишор бар режими Сурия ва омодасозӣ барои як гузори сиёсии демукротик."
Хонуми Клинтун гуфт: "Барои расидан ба ин ҳадаф, умедворем таъаҳҳудоти тозае барои кумакрасонӣ ба касоне, ки дар Сурия гирифтор шудаанд, дарёфт кунем ва низ бо ҳамкории байналмилаливу фишорҳои диплумотик бар Димишқ битавонем ин кумакҳоро ба ниёзмандонашон бирасонем."
Вазири хориҷаи Омрико дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, то кишварҳои бештаре Сурияро таҳрим кунанд.
Дейвид Комерун, нахуствазири Бритониё, гуфта, иҷмоъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар сари масъалаи Сурия ҳаётӣ аст.
Олен Жуие, вазири хориҷаи Фаронса, пеш аз тарки Ландан ба мақсади Тунис гуфт, лозим аст, ки ин ҳамоиш бар Сурия ва ҳамчунин давлатҳои Русияву Чин фишор биёварад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеч гузинаи низомӣ барои ин масъала дар дастури кор нест ва Фаронса будан иҷоза ва маъмурият аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба чандин роҳеро мутасаввир намедонад.
Тақозои рӯзноманигорон

Эдиут Бувие, хабарнигори фаронсавӣ, мегӯяд, устухони ронаш шикаста ва ниёзи фаврӣ ба ҷарроҳӣ дорад
Ҳамоиши Тунис да рӯз пас аз он баргузор мешавад, ки Морӣ Колвин ва Ремӣ Ишлейк дар ҳамалоти мукаррари тӯпхона ба Ҳумс кушта шуданд.
Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, марги ду рӯзноманигор дар Ҳумсро "қатл" хонда ва гуфта, "касоне, ки муртакиби ин кор шуданд, бояд ҳисоб пас бидиҳанд."
Ӯ Сурияро муттаҳам карда, ки омидона (аз рӯй қасд) рӯзноманигоронро ҳадаф қарор додааст.
Ду рӯзноманигор, ки дар ҳамин ҳамла захмӣ шудаанд, аз тариқи интишори видиюҳое дар Интернет хостори кумаки пизишкӣ шудаанд.
Эидит Бувие, ки таҳти мудовои имдодгарони сурӣ аст, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Ин имдодгарон фоқид васоили лозим барои анҷоми ин кор ҳастанд.
Повел Конруй, ки бритониёӣ аст, низ хостори кумаки хориҷӣ барои расидан ба маҳалле амн ва хуруҷ аз Сурия шудааст.
Дар ҳамин ҳол, як кумитеи Созмони Милали Муттаҳид феҳристе маҳрамона аз мақомоти артиши Сурияро таҳия карда, ки гумон меравад шомили Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, низ мешавад ва мегӯяд, ин идда мумкин аст ба далели ҷиноёт алайҳи башарият таҳти таъқиб қарор бигиранд.
Ин кумите мегӯяд, ин ҷиноёт шомили шиллик ба сӯйи занон ва кӯдакони ғайринизомӣ, тӯпборони манотиқи ғайринизомӣ ва шиканҷаи захмиҳо мешавад.
















