bbc.co.uk navigation

Борок Убомо аз Ҳомид Карзай ва мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 24 Феврал соли 2012 - 06:25

"Ман маротиби таассуфи амиқи худро ба хотири вуқӯъи ин ҳодиса иброз мекунам ва аз шумо ва мардуми Афғонистон амиқан пӯзиш мехоҳам."

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо ирсоли як номаи расмӣ, аз Ҳомид Карзай ва мардуми Афғонистон ба далели сӯзонда шудани Қуръон ва мутуни муқаддас дар пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои омрикоӣ дар Багром узрхоҳӣ карда ва таъкид кардааст, ки ин иттифоқ амдӣ набудааст.

Бар асоси эъломияе, ки аз сӯйи дафтари Ҳомид Карзай мунташир шудааст, номаи оқои Убоморо Роён Крокер, сафири Омрико дар Кобул, шахсан ба Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, додааст.

Мақомҳои афғон мегӯянд, Борок Убомо дар ин номааш навиштааст, ки ин ҳодиса ғайриъамдӣ буда ва ба оқои Карзай итминон додааст, ки дар ин замина таҳқиқ хозад шуд.

Дар эъломияе, ки аз сӯйи дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон ба расонаҳо фиристода шудааст, ин ҷумла аз номаи оқои Убомо мустақиман нақл шудааст: "Ман маротиби таассуфи амиқи худро ба хотири вуқӯъи ин ҳодиса иброз мекунам ва аз шумо ва мардуми Афғонистон амиқан пӯзиш мехоҳам."

Се рӯз пеш касоне, ки авроқи ғайризаруриро аз пойгоҳи Багром ба берун аз ин пойгоҳ мунтақид карданд, мутаваҷҷеҳи нусхаҳое аз мутуни муқаддас ва Қуръони сӯхта дар миёни ин авроқ шуданд.

Интишори ин хабар сабаб шуд, то садҳо нафар дар атрофи пойгоҳи Багром тазоҳурот кунанд.

Муъатризон дар манотиқи мухталифи Афғонистон парчами Омрикоро ба оташ кашиданд

Муътаризони хашмгин як посгоҳи марбут ба нерӯҳои амниятии афғонро, ки дар наздикии пойгоҳи Багром буд, ба оташ кашиданд.

Рӯзи баъд доманаи тазоҳурот ба вилоёти (устонҳои) дигари Афғонистон расид ва дар мавориде ба хушунат кашида шуд.

Пеш аз оқои Убомо вазири дифоъи Омрико низ узрхоҳӣ карда буд ва қавл дода буд, ки дар ин маврид таҳқиқ кунад.

Рӯзи севвуми тазоҳурот дар вилояти шарқии Нангарҳор ва шуморе дигар аз манотиқ идома ёфт.

Мақомҳои афғон мегӯянд, дар вилояти Нангаҳор муътаризон ба як пойгоҳи низомӣ ҳамала карданд ва нерӯҳои амниятӣ маҷбур ба тирандозӣ шуданд.

Ҳашт нафар, аз ҷумла ду тан аз нерӯҳои хориҷии таҳти фармони НОТУ дар севвумин рӯзи тазоҳуроти хушунатомез кушта шуданд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, беҳурматӣ ба Қуръонро маҳкум карда ва аз мардум хост, оромиши худро ҳифз кунанд.

Аммо ин изҳороти оқои Карзай ва ҳамчунин узрхоҳии мақомҳои аршади НОТУ ҳанӯз натавонистааст хашми муътаризонро фурӯ нишонад.

Пеш аз оқои Убомо вазири дифоъи Омрико низ узрхоҳӣ карда буд ва қавл дода буд, ки дар ин маврид таҳқиқ кунад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.