
Саҳнаи яке аз амалиёти бумбгузории мухолифони мусаллаҳи давлати Покисон дар Пешовар
Афроди мусаллаҳ ба як пойгоҳи пулис дар шаҳри Пешовар дар шимоли ғарби Покистон ҳамла кардаанд ва ҳадди ақал се маъмури пулисро кушта ва чандин тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд.
Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ҳамла ба сохтмони пулис тавассути панҷ марди мусаллаҳ анҷом гирифт.
Гузоришҳои таъйиднашуда дар хусуси даргирии ин афроди мусаллаҳ бо пулис ҳикоят аз он доранд, ки се нафар аз ҳамлакунандагон ба пойгоҳи пулис низ дар табодули оташ кушта шуданд.
Ин афоди мусаллаҳ, ки ба мусалсал ва бумб муҷаҳҳаз буданд, дар соъоти бомдодии имрӯз (ҷумъа) ба пойгоҳи пулис дар қалби шаҳри Пешовар ҳамла карданд.
Пешовар дар муҷовирати минтақаи таниши Покистон қарор дорад, минтақае "беқонун", ки ҳомиёни Толибон ва созмони Алқоъида дар он ҳузури муассир доранд.
Бар асоси бархе гузоришҳо, ҳамлакунандагон дар асари мунфаҷир кардани бумбҳои ҳамроҳи худ кушта шуданд.
Ҳеч гурӯҳе то кунун масъулияти ин ҳамла ба мақарри пулисро бар уҳда нагирифтааст. Бо ин ҳол шаҳри Пешовара ахиран ҳадафи чандин ҳамлаи гурӯҳҳои мухолифи покистонӣ будааст.
Дирӯз низ бо инфиҷори як бумби коргузошташуда дар як худрав дар муҷовироти як истгоҳи утубус дар Пешовар ҳадди ақал дувоздаҳ нафар кушта шуданд ва сӣ нафар ҳам маҷрӯҳ.
Мухолифони мусаллаҳ дар Покистон маъмулан барои интиқомгирӣ аз амалиёти артиши он кишвар дар манотиқи қабилаӣ иқдом ба чунин ҳамалоте дар шимоли ғарби Покистон мекунанд.
















