bbc.co.uk navigation

Фавти панҷ нафар дар асари масмумият дар Кӯлоб

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 24 Феврал соли 2012 - 10:00
Отала

Дар шаҳри Кӯлоб 22 нафар аз хӯрдани атола масмум шудаанд

Панҷ узви як хонавода дар шаҳри Кӯлоб пас аз хӯрдани ғизои "атола" заҳролуд шуда ва ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ки 17 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуда ва аз ин ҷумла, вазъи саломатии 4 нафар беҳбуд ёфта ва ба хонаҳои худ бозгаштаанд.

Саид Аламов, раиси Идораи беҳдорию ҳамагиршиносии (эпидимологии) шаҳри Кӯлоб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаби панҷшанбеи 23 феврал Олиямоҳ Ҳайдарова, сокини ин шаҳр, барои аъзои хонаводаи ҳамсояаш, ки нафаре дар он ҷо фавт карда буд ва тибқи одати маъмул пухтани таъом дар хонаи мотамзадагон мамнӯъ аст, атола ё оши бурида (оши ришта) таҳия кардааст.

Оқои Аламов гуфт, ки тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, ин зан ба ҳангоми пухтани ғизо иштибоҳан ба ивази намак ба таъом хокаи сафеди мушобеҳи намакро рехтааст.

Аз 22 нафаре, ки ин ғизоро масраф кардаанд, 5 нафар, аз ҷумла, худи Олиямоҳ Ҳайдарова, фавт кардаанд ва афроди дигар бо нишонаҳои масмумияти (заҳролудӣ) ба бемористон мунтақил шудаанд.

Афроди масмумшуда ҳамагӣ бузургсол буда ва дар миёни онҳо кӯдакону ҷавонон набудаанд.

Ӯ гуфт, намунаи таъоме, ки мунҷар ба масмумияти афроди зиёд шуда буд, барои озмоиш ба яке аз озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе фиристода шуда ва бар асоси натиҷаи озмоиш, илали аслии масмумияти умумӣ рӯшан хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Масъулони Идораи беҳдорию ҳамагиршиносии шаҳри Кӯлоб, дар чанд соли ахир дар ин шаҳр чунин ҳодисаи заҳролудшавии умумӣ рух надодааст.

Дар пайи ин ҳодисаи нохуш билофосила Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба манзури мушаххас кардани иллати заҳролудшавӣ ва аёдати афроди осебдида озими шаҳри Кӯлоб шудааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.