bbc.co.uk navigation

Женерол Хайруллоев: Дар артиши миллӣ ислоҳот анҷом мешавад

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 08:30
Хайруллоев

Оқои Хайруллоев аз имкони анҷоми ислоҳот дар артиш хабар дод

Вазири дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ояндаи наздик дар артиши ин кишвар ислоҳоти сохторӣ ва фаннӣ анҷом хоҳад шуд.

Шералӣ Хайруллоев ин мавзӯъро дар ҷараёни режаи низомӣ, ки субҳи рӯзи панҷшанбеи 23 феврал ба муносибати таҷлил аз рӯзи артиши миллии Тоҷикистон дар порки "Ғалаба"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар сӯҳбат бо хабарнигорон матраҳ кард.

Дар ин маросим, ки ҳамасола рӯзи 23 феврал, ҳамзамон бо рӯзи артиши Шӯравӣ доир мешавад, беш аз се ҳазор нафар аз сарбозон ва афсарони ягонҳои низомии артиши Тоҷикистон ширкат доштанд.

Женерол Хайруллоев гуфт: "Имрӯз барои бештар кардани теъдоди сарбозон дар қувваҳои мусаллаҳ ҳеҷ зарурате нест, аммо дар назар дорем ислоҳоте дар саффи қувваҳои мусаллаҳ гузаронем ва тамоми қисмҳои (ягонҳои) низомиро бо мошинҳои ҷангӣ ва сарбозону афсаронро дар тамоми қушунҳои (дастаҳои) низомӣ бо шароити мувофиқ бо ҷаҳони имрӯз таъмин кунем."

Вазири дифоъ ҷузъиёти ин барномаи ислоҳотро шарҳ надод, вале афзуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавоноии дифоъ аз кишвари худро доранд ва "мардум метавонанд оромона зиндагӣ кунанд, чун мо ба ҳифзи марзу буми кишвар камар бастаем."

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, ки вазъияти зиндагии сарбозон дар артиши Тоҷикистон чандон ризоятбахш нест. Ба гуфтаи бисёре аз сарбозони собиқ, дар ягонҳои низомӣ навсарбозон маъмулан ҳадафи озору азияти сарбозони бузургтар қарор мегиранд.

Ҳамчунин, гузоришҳо ҳокист, ки ба изофаи набуди таҷҳизот ва васоили фаннию низомии кофӣ дар артиш сарбозон аз шароити хурду хоби муносибе бархурдор нестанд ва мавориди ибтило ба бархе анвоъи бемориҳо низ дар миёни сарбозон мушоҳида мешавад.

Режаи низомӣ

23 феврал ҳамасола аз Рӯзи артиши Тоҷикистон таҷлил мешавад

Аммо оқои Хайруллоев гуфт: "Ҳеҷ кас артиши худашро бад намегӯяд. Дар тамоми дунё вазирони дифоъ саъй мекунанд, ки артиши боқудрат дошта бошанд ва барои ин тамоми заминаҳоро барои низомиён фароҳам мекунанд."

Таъкиди вазири дифоъи Тоҷикистон ба анҷоми ислоҳот дар артиши ин кишвар дар ҳолест, ки дар гузашта гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ пешниҳодҳое барои ислоҳи шеваи хидмати сарбозӣ ба давлат ироа кардаанд.

Аз ҷумла бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ хостори роҳандозии низоми хидмати олтернотиф ва хидмати қарордодӣ барои ҷавонон шудаанд, вале ин тарҳҳо ҳануз ба мавриди иҷро гузошта нашудааст.

Женерол Шералӣ Хайруллоев, ки ҳудуди 15 сол боз симати вазорати дифоъи Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, аз мақомҳои калидӣ ва наздик ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

Хидмат дар артиши Тоҷикистон ҳамонанди даврони Шӯравӣ барои шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 расидааст, иҷборӣ аст. Аммо бархе аз ҷавонон, монанди онҳое, ки танҳо фарзанди хонавода маҳсуб мешаванд ва ё дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил мекунанд, аз хидмати сарбозӣ маъоф ҳастанд.

Дар даврони Шӯравӣ аз 23 феврал ба унвони рӯзи артиши шӯравӣ таҷлил мешуд ва бисёриҳо мегӯянд Тоҷикистон танҳо меросе, ки аз ин иттиҳод гирифта, ҳамин таҷлил аз рӯзи артиши шӯравӣ будааст.

Дар оғози фурӯпошии Шӯравӣ, бар хилофи ҷамоҳири дигари собиқи Шӯравӣ, давлати Тоҷикистон натавонист бамавқеъ ягонҳои низомии шӯравии воқеъ дар ин кишварро ба моликияти худ дароварад.

Аммо артиши ин кишвар баъдтар дар заминаи Ҷабҳаи халқи Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги дохилӣ алайҳи гурӯҳҳои исломгаро таъсис шуда буд, таъсис шуд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.