
Коршиносон мегӯянд. ки дар даҳсолаи ахир сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷониби Эрон ва Тоҷикистон барои бунёди як шаҳраки иқтисодӣ дар ин кишвар ба тавофуқ расидаанд.
Тавофуқ бар сари бунёди ин шаҳрак дар чорчӯби баргузории як нишастии иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба даст омада ва қарор аст, фардо дар охирин рӯзи кории ин ҳамоиш ёддошти ҳусни тафоҳум миёни ҷонибҳо ба имзо расад.
Ин нахустин шаҳраки иқтисодӣ хоҳад буд, ки дар даврони касби истиқлоли Тоҷикистон бунёд мешавад.
Як масъули ин вазорат мегӯяд, ин шаҳрак, ки дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон сохта мешавад, беш аз 20 ҳазор сокини Тоҷикистонро бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Зайниддин Мӯъминов, раиси бахши равобити хориҷии вазорат, рӯзи панҷшанбеи 23 феврал ба Би-би-сӣ гуфт: Гуфтугӯ дар мавриди бунёди ин шаҳрак беш аз як солу шаш моҳи пеш оғоз шуд ва ҷониби Эрон бо дарназардошти қонунҳои хуби Тоҷикистон дар арсаи сармоягузорӣ барои сохтани ин шаҳрак омода шуд.
Оқои Мӯъминов мегӯяд, ки ҳадаф аз бунёди ин шаҳрак тавсеъаи арсаи иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини мардуми он бо ҷойҳои кори доимӣ аст.
Вай афзуд: Корхонаҷоте, ки дар ин шаҳрак бештар бо дарназардошти маҳсулоти мавҷуд дар ин кишвар сохта мешаванд. Аз ҷумла қарор аст, корхонаҳои коркарди олюминиюм, памба (пахта) ва мева дар ин шаҳрак бунёд шаванд.
Дар даврони Шӯравӣ низ дар Тоҷикистон баъд аз бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти мавҷуд дар Тоҷикистон шаҳракҳои санъатие бунёд шуда буданд.
Аз ҷумла бо оғози бунёди ТАЛКО, корхонаи бузургтарини олюминиюм дар шарқи шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода (Регари қаблӣ) комилан намуди дигареро гирифт.
Вале бунёди ин корхона ва тавсеъаи шаҳри Турсунзода дар муддати тӯлонӣ анҷом гирифта буд.
Аммо Зайниддин Мӯъминов мегӯяд, ки шаҳраки ҷадид тавассути Эрон эҳтимолан тайи муддати чор сол бунёд хоҳад шуд
Давлати Тоҷикистон барои бунёди ин шаҳрак ҳудуди 100 ҳектор заминро ихтисос додааст.
Аз дирӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахт як ҳамоиши иқтисодии сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар доир мешавад, ки мубтакири баргузории он Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон будааст.
Дар ин нишаст гуфта шудааст, ки дар даҳсолаи ахир табодули коло миёни Эрон ва Тоҷикистон 50 дарсад афзоиш ёфта ва танҳо соли гузашта ин кишварҳо ба андозаи беш аз 200 милюн дулор мубодилаи коло кардаанд.
Дар таҳҳаввули дигаре, Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар як нишасти хабарӣ эълом кардааст, ки Тоҷикистон эҳтимол дорад, ки аз Эрон нафт харидорӣ кунад.
Хабаргузории Меҳри Эрон менависад, ки дар ин нишаст сафири Тоҷикистон гуфтааст: Умдаи нафти Тоҷикистон аз Русия таъмин мешавад ва мо омодаем, ки кори хариди бахши аз нафти мавриди назарамонро аз Эрон оғоз кунем.
Аммо ин хабаргузорӣ мушаххас нагуфтааст, ки сафири Тоҷикистон харидории кадоме аз навъи нафти Эронро дар назар доштааст.
Зеро ба гуфтаи иддае аз коршиносон дар ҳоле, ки Тоҷикистон корхонаҳои коркарди нафтро дар ихтиёр надорад ва ҳатто имкони коркарди нафти истихроҷкардаи худро надорад, пас чи тавр метавонад миқдори зиёди нафти воридкардаро коркард кунад?
















