
Раиси Идораи ҷилавгирӣ аз низоъҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) рӯзи 23 феврал бо вузарои хориҷа ва кишвар ва раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Ин созмон дар бораи мавзӯъоти матруҳа дар ин мулоқот гузориш мунташир накардааст, аммо бино ба баёнияи ин созмон дар бораи дидорҳои дирӯзи ин мақоми САҲУ вай умдатан бо мақомоти Тоҷикистон масоили амнияти кишвар ва минтақаро баррасӣ кардааст.
Гуфта мешавад ки Одом Кубиэрокӣ бо вузарои кишвар, хориҷа ва раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон низ масоили амниятӣ дар кишвар, бавижа пас аз берун омадани нерӯҳои эътилофи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Микоэл Унлонд, масъули иттилоъоти дафтари САҲУ дар Душанбе гуфт, ки дирӯз, 22 феврал Одом Кубиэрокӣ дар ҷаласаи солонаи гурӯҳи кории муташаккил аз мақомоти ин созмон, намоянадгони созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти зидахли Тоҷикистон ширкат кард.
Чунин ҷаласаҳои солона аз соли 2007 ба ин сӯ баргузор шуда ва оқои Кубиэрокӣ кори ин ҷаласаро ҳамчун мудели нави ҳамкорӣ арзёбӣ карда ва гуфтааст, он фурсати хуберо барои муколлама миёни тарафайн фароҳам мекунад.
Дар ин ҷаласа ҳамкориҳои яксолаи миёни САҲУ ва Тоҷикистон арзёбӣ шуда ва самтҳои дорои авлавият барои ҳамкориҳои ояндаи ин кишвар бо ин созмон дар соли 2013 мушаххас шудаанд.
Дар ин ҷаласа масоили густариши ҳамкориҳои САҲУ бо Тоҷикистон барои рӯёрӯйӣ бо таҳдидҳо дар се заминаи амнияти сиёсӣ-низомӣ, амнияти иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ ва амнияти инсонӣ бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014, баррасӣ шуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, дар ҷаласаи ахир гуфта шуд, ки қарор аст САҲУ ба таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад.
Ивор Викӣ, раҳбари дафтари САҲУ дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт: Ҳарчанд САҲУ дар ҳар се замина ҳамкориҳои худро идома хоҳад дод, аммо мо ба тарҳҳои амнияти минтақа, амнияти марзҳо, ислоҳот дар ниҳодҳои пулис ва рушди иқтисодӣ ва ҳамчунин фароҳам кардани гуфтугӯи мадании марбут ба ҳуқуқи инсон тамаркузи бештар хоҳем кард.
Мақомоти САҲУ таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои минтақа ба кори ин созмон дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ дар минтақа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муфид доштааст.
Зимнан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 25-уми феврал аз рӯзи барқарории ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дуруст 20 сол сипарӣ мешавад.
















