bbc.co.uk navigation

Ду нафар дар Қубодиён узви ҲИӮ шинохта шуданд

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 12:58

Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов, ду сокини ин ноҳияро узви созмони ғайриқонунии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон шинохтааст.

Акмал Рашидов ба нӯҳ ва Иброҳим Қурбонов барои 8.5 сол равонаи зиндон шуданд.

Ин афрод сокинони ӯзбактабори ҷамоъати Янгиули ноҳияи Қубодиён будаанд, ва ба гуфтаи кормандони амниятӣ “аз хонаводаи ин ду афроди айбдор наворҳои таблиғотии Ҳаракати Исломии Узбакистон дарёфт шудааст”.

Толиб Ортиқов, як вакили мудофеъи додгоҳи ноҳияи Қўбодиён ба Би-би-сӣ гуфт, ин афрод ҷавонони тақрибан 25-26 сола буда, то ҳол аз марзи кишвар берун нарафтаанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.