
Рӯзи гузашта Созмони Милал бо эъзоми 5000 нерӯи Иттиҳодияи Офриқо ва афзоиши теъдоди ин сарбозон ба 17 ҳазор нафар мувофиқат кард
Ҳамоише дар Ландан бо ширкати раҳабарони кишварҳои ғарбӣ ва кишварҳои офриқоӣ ояндаи Сумолиро ба баҳс мегузорад.
Таҳдиди терурисм ва дуздии дарёӣ аз ҷумлаи мавзӯъоте мавриди баҳс дар ҳамоиши Ландан аст.
Намояндагони чиҳил кишвари ҷаҳон қарор аст дар ин ҳамоиш барои кумак ба Сумолӣ, ки солҳост даргири ҷанги дохилӣ ва қаҳтӣ аст, рӯйкарде муштарак биёбанд.
Интизор меравад, раҳбарони ин кишварҳо бар сари кумаки молӣ барои мадорис, бемористонҳо ва нерӯи пулис ба тавофуқ бирасанд.
Абдвалӣ Муҳаммадъалӣ, нахуствазири Сумолӣ, ки ҳамроҳ бо дигар мақомоти олирутбаи давлат дар ин ҳамоиш ширкат мекунад, ҳушдор дода, ки кишвараш дар "мақтаъе ҳассос" қарор дорад ва ба кумакҳои бештари байналмилалӣ ниёз дорад.
Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, Гудлок Ҷонотон, раиси ҷумҳурии Ниҷерия, Мелес Зеновӣ, раҳбари Этиупӣ ва Бон Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, миёни раҳбароне ҳастанд, ки қарор аст ба ин музокирот бипайванданд.
Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо афзоиши 5000 нафарии сарбозони Иттиҳодияи Офриқо ва расондани теъдоди ин нерӯҳо дар Сумолӣ ба 17 ҳазор нафар мувофиқат кард. Аъзои Шӯрои Амният дар айни ҳол бо афзоиши будҷеи ин маъмурият ва тамдиди замони он мувофиқат карданд.
Воқеъгароӣ

Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ба тозагӣ ба Сумолӣ сафар кардааст
Ҳамзамон нерӯҳои Сумолӣ ва Этиупӣ тавонистаанд яке аз пойгоҳҳои роҳбурдии Ашшабоб дар ҷануби ғарби кишварро дар ихтиёр бигиранд. Ашшабоб кунтрули бахшҳое аз кишварро дар даст дорад ва ахиран ба Алқоъида пайвастааст.
Шӯришиёни исломгаро, ки аз соли 2007 бо давлати Сумолӣ (ки тавассути ҷомеъаи байналмилалӣ ба расмият шинохта мешавад) меҷанганд, мегӯянд, ҳамоиши Ландан талоше дигаре барои "мустаъмара кардан"-и Сумолӣ аст.
Бритониё мегӯяд, он ҷо ки фаъъолияти гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ва дуздони дарёӣ аз савоҳили шарқии Сумолӣ манофеъи Бритониё дар митақаро мустақиман таҳдид мекунад ва барои саботу амнияти ҷаҳон низ хатарнок аст, тамаркузи бештар бар кишвари Сумолӣ зарурат дорад.
Новҳои бритониё ва соири кишварҳо барои гаштзанӣ ба уқёнуси Ҳинд наздикии Сумолӣ эъзом шудаанд, то бо ҳамалоти дуздони дарёӣ муқобила кунанд.
Ин нерӯҳо тавонистаанд, чанд мавриди талош барои гаравгонгириро дар моҳҳои ахир хунсо кунанд.
Бритониё дар айни ҳол гуфта, имкони афзоиши мушовирони низомии худро дар ҳоли ҳозир ба нерӯҳои Угондоии мутаъаллиқ ба Иттиҳодияи Урупо омӯзиш диҳанд, рад намекунад.
Кениё низ нерӯҳои худро барои муқобила бо Ашшабоб ба Сумолӣ фиристода ва ин гурӯҳро омили чанд гаравгонгирӣ дар хоки худ дар соли гузашта хондааст.
Оқои Комерун рӯзи чаҳоршанбе ба Порлумони Бритониё гуфт, ҷомеъаи байналмилалӣ барои муқобила бо чанд чолише, ки дар Сумолӣ пеши рӯ дорад, ба рӯйкарде ҳамоҳанг ниёзманд аст.
Вай гуфт, барои ин кор бояд пояҳои корро на танҳо дар ҷомеъаи байналмилал, ки бештар аз ҳама дар миёни худи мардуми Сумолӣ бунён гузошт, то ба кишваре амнтар ва қудратмандтар бирасанд.
Ба гуфтаи нахуствазири Бритониё, ин кор ба маънии муқобила бо дуздони дарёӣ ва ҳимоят аз маъмурияти Иттиҳодияи Офриқо дар Сумолист ва "ҳамчунин ба маънии ҳамкорӣ бо тамоми бахшҳои Сумолӣ ва додани фурсате дубора ба ин кишвар."
Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ки авоили моҳи ҷорӣ ба Сумолӣ сафар карда, гуфт, дар бораи он чи дар ҳамоише якрӯза метавон анҷом дод воқеъгарост, аммо саботи бештари Сумолӣ ба нафъи минтақа ва низ ба нафъи Бритониёст.
Раҳбарони Сумолӣ гуфтаанд, мушкилоти ин кишвар танҳо бо роҳҳаллҳои низомӣ рафъ намешавад ва ҳамзамон бояд тамаркузе бештар бар афзоиши кумакҳои инсондӯстона, таҳсилот ва назму қонун сурат бигирад.
Нахуствазири Сумолӣ аб Би-би-сӣ гуфт, кишвараш дар як мақтаъи ҳассос қарор дорад ва ба мизони бисёр зиёде пул ниёзманд аст.
Оқои Алӣ гуфт: "Сумолӣ дар минтақаи ҳассос дар торихи худ қарор дорад. Мо мехоҳем аз давраи ҷангсолорӣ, терурисм ва дуздии дарёӣ ба давраи сулҳу сабот бирасем."
"Бист сол беқонунӣ, хушунат ва бенизомӣ кофӣ аст. Сумолӣ барои гом ба ҷилав ҳозир аст."
Бо ин ҳама, сухангӯйи гурӯҳи Ашшабоб ба як рӯзномаи сумолӣ гуфта: "Бритониё бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки мусалмонон муддатҳост, ки ба синаи имперёлисми Бритониё дасти рад задаанд ва беҳудагии ин талоши тозаашон низ комилан ҳувайдост."
Алорағми ин ки соли гузашта, Ашшабоб аз Мугодишу пойтахти Сумолӣ, берун ронда шуда, ҳанӯз қодир аст дар ин шаҳр ба ҳамалоти интиҳорӣ даст бизанад.
















