bbc.co.uk navigation

"Ҷосусии" пулиси Ню Юрк дар миёни мусалмонони Ню Ҷерсӣ

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 05:42
Пулиси Ню Юрк

Авоили ин ҳафта мақомоти донишгоҳӣ дар шимлои шарқи Омрико ба назароти пулиси Ню Юрк бар донишҷӯёни мусалмон эътироз карданд

Асноди пулиси Ню Юрк нишон медиҳад, ки иддае аз нерӯҳои он дар миёни мусалмонони манотиқи надик ба ин шаҳр, мисли Нюорк ва Ню Ҷерсӣ, "ҷосусӣ" мекардаанд ва ба гирдоварии иттилоъоти махфиёна даст мезаданд.

Корӣ Букер, шаҳрдори Нюорк гуфта, аз ин амалиёт, ки тавассути Осушейтед Прес фош шуда, иттилоъе надоштааст.

Оқои Букер, ки ваъдаи таҳқиқ ва баррасии ин мавзӯъро додааст, гуфт: "Ин мавзӯъе бисёр ҷиддӣ ва тааммулбарангез аст, ки нигарониҳоеро бо худ дар пай дорад."

Авоили ин ҳафта мақомоти донишгоҳӣ дар шимоли шарқи Омрико ба назорати пулиси Ню Юрк бар донишҷӯёни мусалмон эътироз карданд.

Мақомоти донишгоҳҳои Йейл ва Кулумбиё ба бахше аз фаъъолиятҳои пулис эътироз доштаанд, ки пулиси Ню Юрк муддаъӣ аст, барои шиносоии авомили ифротгарӣ дар фазои донишгоҳӣ тавҷидпазир аст.

Авоили моҳи ҷории мелодӣ гурӯҳҳои маданӣ аз саросари Омрико хостори таҳқиқоти қазоӣ дар бораи наҳваи ҷамъоварии иттилоъот дар хусуси мусалмонони шиъаи Ню Юрк шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Осушейтед Прес, бахши ҷамъиятнигории пулиси Ню Юрк, дар соли 2007 маҷмӯъаи иттилоъотиро дар бораи масоҷид ва машоғиле, ки соҳибони мусалмон дорад, дар Ню Юрк ҷамъоварӣ кардааст.

Бар асоси асноде, ки Осушейтед Прес ба даст оварда, ин гузориши сиррии пулис ба ҳеч гуна шавоҳиде аз терурисм ё ҷароиму рафтори ғайриқонунӣ ишора намекунад.

Дар гузориши пулис омада: "Ин манотиқ барои баррасии афкору фаъъолиятҳои ҷавомеъ(-и мусалмон) бештарин тавоноиро дар ихтиёри мо қарор медиҳанд."

Пулиси Ню Юрк гузоришҳои мушобеҳеро дар бу бахши Лонг Ойленд дар Ню Юрк низ анҷом додааст.

Пулиси Ню Юрк дар иттилоъияе ба Би-би-сӣ посух дода, ки мақомоти Нюоркро дар ҷараёни амалиёти худ гузошта буданд.

Герӣ МакКортӣ, раиси пулиси собиқи Ню Юрк ба Осушейтедпрес гуфта, пулиси Ню Юрк қабл аз эъзоми нерӯҳояш сирфан ба нишонаи "адои вазифа" талаққӣ депортумони ӯро мутталеъ кардаст.

Ба гуфтаи оқои МакКортӣ ҳатто як афсари пулиси Нюорк дар ин амалиёти ҷосусӣ ширкат надоштааст.

Аммо фармондори Ню Ҷерсӣ, ки ин амалиётро "нигаронкунанд" хонда, гуфтааст, аз анҷоми он мутталеъ будааст.

Шаҳрдори Нюорк гуфта, густараи ин фаъъолиятҳои пулис барои таҳти назар гирифтани мусалмонон ӯро шука кардааст.

Ба гуфтаи вай, "агар касе дар Депуртмони пулиси ман медонист, ки ин як амалиёти саросарӣ ва сирфан бар пояи мазҳаби афрод аст, бояд бо вокунише бисёр шадидтар бо онро рӯ ба рӯ мешудем. Ин бо асли боварҳои ман таноқуз дорад. Ман решаи ин мавзӯъро мушаххас мекунам."

Бар асоси ин гузориш пулис, ба манотиқи пуртуқолӣ ва бразилинишин ҳам ишора дорад, аммо ҳеч гуна иттилоъоте дар бораи онҳо ҷамъоварӣ нашуда, танҳо таъкид карда, ки иттилоъот дар бораи "марокизи мазҳабии исломӣ ва машоғили мусалмон" гирд шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки назарсанҷиҳо нишон медиҳад, аксаран мардуми Ню Юрк мудофъеи фаъъолиятҳои зиддитеруристии пулиси Ню Юрк ҳастанд.

Рӯзи сешанбе баъд аз эътирози мақомоти донишгоҳӣ ба амалиёти пулис Мойкл Блумберг, шаҳрдори Ню Юрк, бо ҷиддият аз пулиси ин шаҳр дифоъ кард ва гуфт: "Ҳар ҷо иттиҳоме матраҳ бошад, пулис ҳамон ҷост, то мушаххас кунад оё ин иттиҳомҳо ҳақиқат дорад ё на. Ин коре аст, ки аз онҳо таваққуъ меравад."

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.