bbc.co.uk navigation

Теъдоде дар ҳамалоти ҷудогонае дар Бағдод кушта шуданд

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 09:29

Ҳамалот дар Ироқ аз замони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар декабри 2011 афзоиш ёфтааст

Дар пайи чанд инфиҷор ва тирандозӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 23 феврал (чаҳоруми исфанд), дар Бағдод рух дода, дасти кам 35 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд, ба назар мерасад, ки маъмурони пулис ҳадафи ин ҳамалот будаанд.

Дар маргбортарин инфиҷори рӯзи панҷшанбе, ки дар соъоти пуррафту омади субҳ дар минтақаи умдатан шиъанишини Кародоҳ рух дода, нуҳ нафар кушта шуданд.

Ин инфиҷор сохтмонҳои атрофро ларзонд ва ба мағозаҳо осеб расонд.

Дар ҳамлаи дигаре дар шаҳри Козимайн дар шимоли Ироқ инфиҷори як худраве бумбгузоришуда мунҷар ба кушта шудани 6 нафар шудааст.

Ҳамчунин афроди мусаллаҳ бо тирандозӣ ба сӯйи як истгоҳи бозрасии пулис дар маҳаллаи Саррофия шаш нафарро куштаанд.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифтааст.

Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки теъдоди кушташудагони ин ҳамалот афзоиш ёбад.

Ҳамчунин гузориш шуда, ки ҳамалоти дигаре низ дар устонҳои Яъқубия, Киркук, Салоҳиддин ва Дола низ рух додааст. Ҷузъиёте аз ин ҳамалот ва талафоти эҳтимолии он дар даст нест.

Ҳамалот дар Ироқ аз замони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар декабри 2011 афзоиш ёфтааст.

Ҳафтаи гузашта дастикам 18 нафар дар ҷараёни як ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии як маркази омӯзишии пулис дар Бағдод кушта шуданд.

Ҳамалот алайҳи шиъаён аз замони боло гирифтани таниш миёни сиёсатмадорони аршади суннӣ ва давлати Нурӣ Моликӣ афзоиш ёфт.

Як рӯз пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ ҳукми ҷалби Ториқ Ҳошимӣ, муъовини раиси ҷумҳурии Ироқ, ба иттиҳоми даст доштан дар суиқасд алайҳи мақомҳои ин кишвар ва инфиҷорҳое, ки ба кушта шудани зоирони шиъа анҷомид, содир шуд.

Оқои Ҳошимӣ, ки ин иттиҳомотро рад мекунад, дар ҳоли ҳозир дар Курдистони Ироқ ба сар мебарад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.