bbc.co.uk navigation

Тасодуфи қатор дар Оржонтин 49 нафар кушта бар ҷой гузошт

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 04:12

Дар асари бархӯрди як қатор бо чанд монеъ дар яке аз шулӯғтарин истгоҳҳои қатори Буэнус Ойрес, пойтахти Оржонтин, 49 нафар кушта шудаанд.

Дар ин ҳодиса беш аз шашсад нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Ин қатор, ки ҳомили теъдоди зиёди мусофир буд, дар соъоти пуриздиҳом бо чанд монеъ дар истгоҳ бархӯрд кард.

Вазири таробарии Оржонтин гуфтааст, ба назар мерасад, ки турмузи қатор нақз доштааст.

Имдодгарон барои берун кашидани аҷсод ва наҷоти мусофироне, ки дар қатор ба дом уфтодаанд, талош мекунанд, аммо теъдоди зиёде ҳанӯз дар қатор гирифтор ҳастанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки суръати қатор ҳангоми тасодуф беш аз ҳад зиёд буд.

Бахшҳои бузурге аз шабакаи роҳи оҳани Оржонтин қадимӣ ва ниёзманди таъмири асосӣ ҳастанд.

Ҳаводиси мушобеҳи ҳодисаи ахир дар солҳои гузашта чандин бор иттифоқ уфтодаанд.

Дар сентябри гузашта низ ёздаҳ нафар дар Буэнус Ойрес дар тасодуфи ду қатор кушта шуданд.

Ҳодисаи ахир бадтарин тасодуфи шабакаи роҳи оҳани Оржонтин дар тӯли 42 соли гузашта аст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.