bbc.co.uk navigation

Нашрияҳои Душанбе: 23 феврал

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 23 Феврал соли 2012 - 13:23
нашрияҳо

Нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбе

Солгарди таъсиси Артиши миллӣ, мушкилоти ношӣ аз боридани барфи зиёд ва муноқишаи хонаводаи Тӯраҷонзода бо раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз мавзӯъоти аслии нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбе маҳсуб мешаванд.

Артиш ва женеролҳои "қалбакӣ"

Нашрияи ИмрӯзNews аз қавли Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, навиштааст: "Таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар дар кишвар доимо омода бошем."

Таҳлилгарон низ таъкид кардаанд, ки дар баробари таҳдидҳои терурисму ифротгароӣ ва ҳимоят аз тарҳҳои бузурги энержӣ ва ҳамсоягии Афғонистон Тоҷикистон ба артиши нерӯманд ниёз дорад.

Нашрия соли 2010-ро барои артиши Тоҷикистон сангин ва серталофат хондааст, чун дар муқобала бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ беш аз 30 афсару сарбози атриш кушта шудаанд.

Нашрияи СССР менависад аввалин воҳидҳои артиши Тоҷикистон дар пояи ниҳодҳои Ҷабҳаи мардумии ин кишвар созмон ёфт, ки Сангак Сафаров, фармондеҳи Ҷабҳаи мардумӣ ин ниҳодро барҳам дода ва аз таъсиси артиши воҳид дарак дод.

Нашрия менависад, аксарияти кулли бачаҳои вазирон, намояндагони порлумон, сарватмандону бонкдорон ва раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо дар артиш хидмат намекунанд.

Женерол Саидамир Розиқов, раиси Идораи кор бо ҳайъати шахсии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, низ дар мусоҳиба бо нашрияи Тоҷикистон гуфтааст: "Офтобро бо доман пӯшонда намешавад. Имрӯз дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ аксаран фарзандони коргару деҳқон хидмат мекунанд."

Ҳамчунин, ба гуфтаи женерол Розиқов, ба хидмат дар артиш ҷавононе низ даъват мешаванд, ки дар мактаб таҳсил накарда ва забони давлатиро намедонанд.

Самак, нашрияи таърихию тадқиқотии чопи Душанбе, дар матлабе бо номи "Рутбаи генералиро кӣ хор кард?" менависад, ки дар маҳофили мухталиф аз афзоиши теъдоди женеролҳои "қалбакӣ" дар Артиши Тоҷикистон интиқод мешавад.

"Офтобро бо доман пӯшонда намешавад. Имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ асаран фарзандони коргару деҳқон хидмат мекунанд"

"Тоҷикистон"

Нашрия аз қавли Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ, менависад, ки дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 теъдоди женеролҳо дар ин кишвар баякбор афзоиш ёфта ва бархе афрод бидуни доштани рутбаҳои поёнӣ якбора женерол шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҳамад, дар артиши шӯравии пешин женерол марҳилаи тӯлонии гирифтани рутбаҳои низомӣ аз сарбоз то женеролро пушти сар мекард.

Женерол Абдулло Ҳабибов, коршиноси масоили низомӣ, низ гуфтаст, ба шахсе, ки дар сохторҳои қудратӣ ҳамагӣ даҳ сол кор кардааст, додани рутбаи генеал нодуруст аст. Зеро дар ин муддат аз сарбоз то женерол расидан номумкин аст.

Гароиши ҷавонону занон ба ниҳодҳои тундрав

Минбари халқ, нашрияи Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, мавӯъи шомил шудани занони тоҷик ба аҳзобу созмонҳои мазҳабии тундравро матраҳ кардааст.

Нашрия далели ба "Ҳизби Таҳрир", "Ҷамоъати таблиғ" ва дигар аҳзобу созмонҳои ифротӣ пайвастани занҳоро ба мушкили бекорӣ ва ба дарёфти маболиғ аз ин ниҳодҳо марбут хондааст.

Минбари халқ за қавли коршиносон менависад: "Ба далели ба завқи занҳо нокифоя будани зиндагии рӯзмарра ва нобаробарии ҳуқуқи онон бо мардон занон нисбат ба мардон бештар ба экстремизм (ифротгароӣ) майл доранд."

Ҷавонони Тоҷикистон, нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, аз афзоиши мавориди пайвастани ҷавонони кишвар ба гурӯҳҳои тундрав ибрози нигаронӣ кардааст.

Нашрия бо истинод ба Султони Ҳамад, таҳлилгари тоҷик, далели ин амрро "набудани истротежии мушаххаси тарбияи наврасону ҷавонон" медонад.

"Ба далели ба завқи занҳо нокифоя будани зиндагии рӯзмарра ва нобаробарии ҳуқуқи онон бо мардон занон нисбат ба мардон бештар ба экстремизм (ифротгароӣ) майл доранд"

"Минбари халқ"

Ба навиштаи ин нашрия, бештари падарон дар муҳоҷират буда ва имкони тарбияти фарзандони худро надоранд. Ҳамчунин, бекорӣ, маҳдуд будани имкони таҳсил дар донишгоҳҳо ва пойин будани сатҳи дониш роҳро барои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, ки имконоти молӣ ва барномаҳои мушаххас доранд, боз мекунад.

Ҷумҳурият, нашрияи расмии Тоҷикистон, дар вокуниш ба имкони таъсиси Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон менависад, Иззат Амон, раҳбари созмони "Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия" ва аз мубтакирони таъсиси ин ҳизби ҷадид, аз афроди наздик ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ буда ва ба ҳайси раиси бахши ҷавонони ҲНИТ дар Эрон, Покистон, Туркия ва кишварҳои Араб фаъъолият кардааст.

Ҳамчунин, ба навиштаи нашрия, Иззат Амон дар соли 2008 бо пули Покистон барои сабти номи фаъъолияти мазҳаби "Аҳмадия" дар Тоҷикистон талош кардааст.

Ҷумҳурият чунин натиҷагирӣ мекунад, ки дар сурати таъсис шудан Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ячейка ё бахши ҲНИТ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҲНИТ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Наҷот, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, аз имкони таъсиси Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ба раҳбарии Иззат Амон истиқбол карда ва онро ҳаққи қонунии ҷавонон хондааст.

Масоили мавриди баҳси ҳафта

Нигоҳ дар матлабе бо номи "Шармандагӣ" пазироии гарми як тоссари рус дар Тоҷикистон ва ба ӯ ҷомаи самарқандӣ пӯшонданро шармандагӣ хондааст, чунки ин гуна афрод дар азияту озор ва қатли муҳоҷирони тоҷик даст доштаанд.

""Пазироии гарм аз тоссари рус ва ба ӯ ҷомаи самарқандӣ пӯшондан шармандагӣ аст""

"Нигоҳ"

Ба навиштаи нашрия, Максим Марсинкевич, мулаққаб ба "Тесак", ки ба Тоҷикистон омадааст, раҳбари созмони "Формат-18" аст, ки 5 сол қабл дар сойти худ ҳодисаи буридани сари тоҷикро ба намоиш гузошта буд.

Оқои Марсинкевич дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфтааст, ки ба далели сароят накардани марази тоҷикҳо ба ҳангоми дастфишорӣ дасти худро докапеч кардааст.

Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки чи касе "ин тоссар ва фошисти рус" ба Тоҷикистон даъват карда ва чаро масъулони Маркази имиҷсозии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва раиси Донишгоҳи исловии Душанбе ба унвони меҳмони гиромӣ аз ӯ пазироӣ кардаанд?

Фараж аз мушкилоти пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиюни Тоҷикистон хабар додааст, ки пас аз ба тартиби диҷитол гузаштани ин шабакаҳо пеш омадааст.

Нашрия менависад, бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе бар ин назаранд, ки ҳамакнун барои тамошои барномаҳои ин шабакаҳо дар ҳар шаш моҳ бояд аз 100 то 150 сомонӣ пардохт шавад. Ё ба ин манзур онтенҳои ҷадид бояд насб кард.

Тақрибан куллияи нашрияҳои чопи Душанбе дар бораи боридани барфи зиёд, резиши тарма ё баҳман ва масдуд шудан роҳҳои иртиботӣ матолибе мунташир кардаанд.

Чархи гардун аз қавли Қурбоналӣ Раҳмонов, ронанда, навиштааст, ки "хабарҳои тавассути сайтҳо пахшшуда дар мавриди кумаки теникию маводди ғизоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва IRS воқеъият надоранд."

Холибек Солимбеков, ҳуқуқшиноси ширкати "Сомонсервис" аз тариқи телефон ба нашрия гуфтааст, 18 нафар, бо шумули занону кӯдакон дар қисмати ноҳияи Варзоби нақби Истиқлол муддати се рӯз банд монда ва дар ин муддат нон нахӯрдаанд. Як мард аз рустои Зиддӣ нонро 10 сомонӣ мефурӯшад.

Ба навиштаи Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон ба афроди дар муҳосираи барф монда 300 килуграм орд, 32 килуграм макарон ва ҳамин миқдор равған фиристодааст.

Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки ин афрод чи гуна дар шароити сармою барф нон ё ғизо мепазанд?

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.