
Русия бо Тоҷикистон дар масоили марзӣ ҳамкорӣ хоҳад кард
Шӯрои федеросиюн ё маҷлиси улёи порлумони Русия мувофиқатномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар масоили ҳамкориҳои марзиро тасвиб кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин маҷлис, ин санад 2 сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе ба имзо расида ва барои ҳузури Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам кардааст.
Ҳудуди ду ҳафта қабл Думои давлатӣ ё Маҷлиси суфлои Русия низ ин мувофиқатномаро тасвиб карда буд.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз мувофиқатномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар масоили ҳамкориҳои марзӣ аз сӯйи порлумони Тоҷикистон тасвиб нашудааст.
Тибқи ин санад, Русия ба ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон дар муроқибат аз марз мусоъидат карда, ҳамчунин, дар мубориза бо терурисм, бунёдгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷароими фаромарзӣ бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.
Русия дар омӯзиш ва бозомӯзии кодрҳои марзбонии Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Бар асоси ин санади ҳуқуқӣ, Тоҷикистон муваззаф аст барои аъзои Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия бинои корӣ ва васоили мухобиротӣ ва барои аъзои хонаводаи онҳо манзил фароҳам кунад.
Муддати мувофиқатнома 5 сол буда ва бо ризояти тарафҳо мумкин аст тамдид шавад.
Зимнан, мувофиқатномаи қаблӣ дар моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд.
Бар асоси ин санад хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуд ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт.
Бад ин тартиб, дар тобистони соли 2005 нерӯҳои Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.
Ҳоло 200 тан аз мушовирони рус дар посгоҳҳои марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин фаъъолият карда ва афсарони марзбони тоҷикро омӯзиш медиҳанд.
Тайи ду соли ахир бархе аз мақомоти Русия алоқамандии ин кишвар ба бозгардондани нерӯҳояш ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро, ки тақрибан 1400 килуметр тӯл дошта ва умдатан аз манотиқи кӯҳистонӣ ва душворгузар иборат аст, иброз кардаанд.
Вале мақомҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки марзбонони тоҷик имкон ва тавоноии муроқибат аз марзҳои ҷанубии кишвари худро дошта ва ниёз ба ҳузури марзбонони рус дар ин замина нест.
















