Бонки Ҷаҳонӣ 10 милюн дулор маблағи изофӣ барои иҷрои тарҳе дар заминаи сабти замин ва кишоварзии пойдор дар Тоҷикистон ихтисос додааст.
Ҳайъати мудираи ин бонк рӯзи сешанбеи 21 феврал мусаввабаеро дар ин замина тасвиб кардааст.
Ин маблағ барои ҳимоят аз ислоҳоти кишоварзӣ, кумак ба мардум барои сабти амлоки мазрӯъӣ ва ғайриманқул ва тавсеъаи кишоварзӣ ҳазина хоҳад шуд.
Дар чорчӯби ин тарҳ як силсила тадобир барои тавсеъаи минбаъдаи низоми сабту мумаййизии мазореъ ва амлоки ғайриманқул дар Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.
Тарҳи сабту мумаййизии амлоки мазрӯъӣ ё замин ва амволи ғайриманқул дар як марҳилаи сесола иҷро мешавад ва сармоягузории изофӣ ба кишоварзон барои тавсеъаи кишоварзӣ мусоъидат мекунад.
Ин тарҳ дар Точикистон дар моҳи апрели соли 2005 тасвиб шудааст. Дар ҳоли ҳозир ин тарҳ бо кумаки молии Анҷумани Байналмилалии Тавсеъа, як созмони муртабит бо Бонки Ҷаҳонӣ, ки маблағи 20,39 милюн дулорро ташкилм едиҳад, иҷро мешавад. Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 90 ҳазор дулор ва саҳми баҳрабардорони ин тарҳ 330 ҳазор дулор аст.
Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир аз 14 тарҳ дар Тоҷикистон бо ҳазинаи 192 милюн дулор ҳимояти молӣ мекунад, ки аз ин маболиғ 35 дарсад ба бахши энержӣ, 31 дарсад ба бахши кишоварзӣ, 30 дарсад ба бахшҳои маъориф, беҳдошт ва таъмини иҷтимоъӣ ва чаҳор дарсад ба бахши давлатӣ ва сиёсатҳои иқтисодии давлат ихтисос ёфтааст.
















