Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳудуди 100 нафар аз мусофирооне, ки дар масири Душанбе-Хучанд дар дараи Майхура дар муҳосираи тарма ё баҳман монда буданд, раҳо ёфтаанд.
Тавре ки манобеъи дафтари матбуъотии кумитаи умури изтирорӣ хабар доданд, рӯзи 23 феврал дар асари резиши тарма дар ноҳияи Анйӣ 12 сар говмеш (қутос) талаф шудааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи резиши барф ва вазидани боди тунд дар рӯзҳои 21 ум 22 уми феврал панҷ хонаи маскунӣ дар ҷамоъати Сарихосори Ноҳияи Балчувон қисман зиён дидаанд.
Гуфта мешавад дар ноҳияи Вахши устони Хатлон бар асари бориши барф ду мактаби миёна осеб дида ва дар вартаи харобӣ қарор гирифтаанд. Ин гуна ҳаводис дар шаҳру навоҳии дигари кишвар низ сабт шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, айни ҳол роҳҳои Сариҷар, Тавилдара ва Дарвоз дар вазъи хатарноке қарор доранд. Тибқи иттилоъи манобеъи ин кумита дар ин роҳҳо низ хавфи фаромадани тарма ё баҳман вуҷуд дорад
Гуфта мешавад, ҳоло роҳҳои гарданаҳои Анзоб, Шаҳристон ва Хобуробод муваққатан баста буда, вале ҷоддаҳои гарданаҳои Шаршар, Чормағзак ва Фахробод боз аст.
















