bbc.co.uk navigation

Шикояти Тураҷонзода ба суди Абдулқодирзода тамом шуд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 22 Феврал соли 2012 - 13:10
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят нахоҳад бурд

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро ба суди раиси Шӯрои уламои исломии ин кишвар, ки як ниҳоди мавриди ҳимояти давлат аст, ҳал кард.

Ин додгоҳ бо ҳимоят аз мавзеъи раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ба қазияи додгоҳии миёни хонаводаи Тӯраҷонзода ва Абдулқодирзода поён дод.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз ин ҳукм ба додгоҳҳои болоӣ шикоят нахоҳад бурд. Ҳарчанд ӯ гуфт, ки бо ин ҳукми додгоҳ вай ва бародаронаш комилан мухолиф ҳастанд.

Оқои Тӯраҷонзода рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал, баъд аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ гуфт: "Мо қаблан пайхас мекардем, ки додгоҳ чунин ҳукм мебарорад ва ман ва бародаронам дирӯз машварат кардем, ки дигар қазияи додгоҳиро идома надиҳем. Зеро ин иқдоми мо низ бефоида хоҳад буд."

Дар моҳи январ ин додгоҳ пешниҳод карда буд, ки ҷонибҳо қазияи додгоҳиро бо мусолеҳа анҷом диҳанд ва ҳарчанд хонаводаи Тӯраҷонзода ин пешниҳодро пазируфтанд, вале оқои Абдулқодирзода ба мусолиҳа розӣ нашуд.

Баҳси додгоҳии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода пас аз нашри баёнияе аз сӯйи Шӯрои уламои исломӣ , як ниҳоди мавриди ҳимояти давлат дар бораи хонаводаи Тураҷонзода оғоз шуда буд.

Бародарон Тӯраҷонзода, руҳониёни мустақил, баъд аз пахши ин баёния раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб дар таҳияи баёнияи ин ниҳод ва тавҳин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам карданд.

Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ, ки дар моҳи декабри соли 2011 пахш шуд, омада буд, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди таҳти назари худ дар ноҳияи Ваҳдат маросими "Ошӯро"-ро, ки хосси мазҳаби шиъаи ислом аст, баргузор кардаанд.

Ва дар ин баёния таъкид шуда буд, ки хонаводаи Тӯраҷонзода аз ин роҳ қасд доштааст дар миёни мусалмонони Тоҷикистон фитнаангезӣ кунад.

Вале оқои Тӯраҷонзода гуфт, ки раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва хонаводаи ӯро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Дар Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир даъвоҳои додгоҳӣ миёни афроди алоҳида ва намояндагони давлат банудрат ба суди онҳое ҳал шудаанд, ки дар давлат ҳеч мақому мансабе надоранд.

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, бештари қозиёни додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар тасмимгирии худ озод набуда ва ба тарафдорӣ аз мансабдорон ё таҳти фишори ниҳодҳои давлатӣ раъй медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, қувваи қазоияи (додгоҳии) Тоҷикистон ва бархе аз муҳокимаҳои додгоҳии пурсару садо дар ин кишвар дар ду даҳаи ахир борҳо аз сӯйи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуқдонҳои саршинос мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.