bbc.co.uk navigation

Музокироти Эрон ва бозрасони Ожонси Атумӣ бенатиҷа монд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 22 Феврал соли 2012 - 07:08
Ҳермон Нокортес

Ҳермон Нокортес, муъовини мудири кулли Ожонс, пас аз сафар ба Теҳрон изҳори умедворӣ карда буд, ки музокироте созанда бо мақомоти Эрон дошта бошад, ки ба натоиҷи воқеъӣ бирасад

Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ мегӯяд, сафари ҳайъати эъзомии он ба Эрон бидуни дастёбӣ ба натиҷа дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон ба итмом расидааст.

Дар баёнияе аз сӯйи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ мунташир шуда, Юкиё Омону, мудири кулли ин ожонс, мегӯяд, Эрон ба ҳайъати эъзомӣ иҷозаи боздид аз минтақаи низомии Порчин дар шарқи Теҳронро надодааст.

Ӯ гуфт: "Ин ки Эрон дархости моро дар дидори аввал ва дуввум барои боздид аз Порчин напазируфтааст, таассуфбарангез аст."

Ожонси Байналмиалии Энержии Атумӣ мегӯяд, матне дар ростои "тасҳили шаффофсозии барномаи ҳастаии Эрон" таҳия карда будааст ва "талошҳои зиёде" барои тавофуқ бар сари ин матн сурат гирифта, аммо ин талошҳо ба натиҷа нарасидааст.

Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон низ эълом карда, ин сафар бо ҳадафи боздид аз таъсисоти ҳастаӣ анҷом нашуда буд, балки ҳадафи ин ҳайъат музокира бо тарафи эронӣ ба манзури тасҳили ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда будааст.

Пештар ин ҳайъати эъзомии Ожонс дар музокира бо Эрон хоҳони фароҳам омадани имкони гуфтугӯ бо мутахассисони ҳастаии Эрон ва боздид аз минтақаи низомии Порчин шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Эрон дар Порчин инфиҷорҳои пурқудратро озмоиш кардааст, ки метавонад бо талоши эҳтимолии ин кишвар барои дастёбӣ ба тавоноии сохти силоҳи атумӣ муртабит бошад.

Рӯзи сешанбе низ Алӣ Асғари Султония, намояндаи доимии Эрон дар Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, аз поёни музокироти мақомоти Эрон бо ҳайъати эъзомии Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ба Теҳрон хабар дод.

Оқои Султония гуфт, ки ин музокироти дурӯза ба сурати фишурда ва бо ҳузури Ҳермон Нокортс, муъовини мудири кулли Ожонс баргузор шуд ва гуфтугӯҳои мушобеҳ дар оянда идома хоҳад дошт.

Оқои Нокортс, ки раёсати ҳайъати Теҳронро ба уҳда дошт, пас аз ин сафар изҳори умедворӣ карда буд, ки музокироте созанда бо мақомоти Эрон дошта бошад ва ба "натоиҷи воқеъӣ" бирасад.

Эрон ахиран барои бозгашт ба мизи музокира бо гурӯҳи 5+1, муташаккил аз панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон, эъломи омодагӣ кардааст.

Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки кишвараш дар пайи ёфтани роҳҳалле аст, ки ҳар ду тарафи музокира дар он баранда бошанд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид то кунун бо судури панҷ қатънома аз Эрон хостааст, ки тамоми фаъъолиятҳои муртабит бо ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад.

Қудратҳои ғарбӣ ва Исроил Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пайи даст ёфтан ба тавоноии тавлиди силоҳи атумӣ аст.

Аммо Эрон мегӯяд, ки ғанисозии урониюм ҳаққи ин кишвар аст ва ҳадафи барномаҳои атумии худро ҳам тавлиди энержӣ ва мақосиди илмиву пизишкӣ муъаррифӣ мекунад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.