
Тазоҳуркунандагон дар Кобул дар дуввумин рӯз даст ба хушунат задаанд
Тазоҳуроти густардае дар шаҳрҳои Афғонистон дар эътироз ба "беҳурматӣ" ба Қуръон дар пойгоҳи низомии Багром сурат гирифтааст.
Даҳҳо нафар дар шарқи Кобул бо сӯзондани тойрҳои (шинаҳои) куҳна ва сар додани шиъорҳои зидди омрикоӣ тазоҳурот кардаанд, дар ҳоле, ки тазоҳуроти мушобеҳе низ дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон гузориш шудааст.
Авоили рӯзи гузашта, сешанбе, 2 исфанд (21 феврал), гузоришҳое мунташир шуд, ки ҳокӣ аз сӯзондани китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи низомии Багром буд.
Шуморе аз тазоҳуркунандагон нусхаҳои нимасӯхтаи Қуръонро ба хабарнигорон нишон доданд, ки зоҳиран аз сӯйи нерӯҳои НОТУ дар пойгоҳи Багром оташ гирифта буд.
Мақомоти НОТУ аммо гуфтаанд, ки ҳанӯз наметавонанд гузориши сӯзондани Қуръонро таъйид кунанд, аммо берун андохтани бархе аз китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла Қуръон, аз дохили пойгоҳи Багром таъйид шудааст.
Зоҳиран ин китобҳо миёни авроқу китобҳои ғайризарурӣ аз пойгоҳи Багром берун андохта шуда буд, аммо коргарони афғон, ки ин маводдро ба берун интиқол медоданд, мутаваҷҷеҳи мавҷудияти нусхаҳои Қуръон дар миёни он шуданд.
"Шиъорҳои толибонӣ"
Гузоришҳо мерасонад, ки дар дуввумн рӯзи тазоҳурот дар Кобул ва Ҷалолобод садои тирандозӣ ба гӯш расидааст.
Бар асоси гузоришҳо, ҳадди ақал се нафар аз тазоҳуркунандагон дар Кобул захмӣ шуда ва ба бемористон мунтақил шудаанд.
Ин тазоҳуркунандагон талош доштаанд то вориди шаҳр шаванд ва нерӯҳои амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз он ба ҳаво шиллик кардаанд.

Тазоҳуркунандагон шиъорҳои зиддиомрикоӣ сар додаанд
Хабарнигорон мегӯянд, тазоҳуркунандагон ба ҳадди ақал ду худрави марбут ба НОТУ ва Созмони Милали Муттаҳид дар канори хиёбоне дар шарқи Кобул ҳамла кардаанд.
Ин афрод ҳамчунин роҳи аслии шаҳри Кобулро ба шарқи ин шаҳр масдуд карданд.
Ба гуфтаи хабарнигорон, шуморе аз тазоҳуркунандагон шиъорҳое дар ҳимоят аз гурӯҳи Толибон сар медоданд.
Рӯзи гузашта низ садҳо нафар дар беруни пойгоҳи низомии Багром дар шимоли Кобул тазоҳурот карданд.
Вазири дифоъи Омрико ва ҳамчунин фармондеҳи умумии нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон нисбат ба "беҳурматӣ" ба Қуръон аз афғонҳо узрхоҳӣ кардаанд.
Фармондеҳи НОТУ рӯзи гузашта гуфт, ки ҳодиса ба ҳеч ваҷҳ амдӣ набудааст, аммо таъкид кард, ки барои ҳақиқатёбии ин масъала таҳқиқ мекунанд.
Афғонҳо дар баробари ҳар гуна гузорише дар мавриди иҳонат ба муқаддасоти мазҳабӣ, ба вижа замоне ки аз сӯйи хориҷиҳо сурат гирифта бошад, ҳассос ҳастанд.
Соли гузашта ҳадди ақал даҳ нафар кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар тазоҳуроти хушунатомезе дар Мазори Шариф, дар шимоли Афғонистон, кушта шуданд ва даҳҳо нафари дигар низ захм бардоштанд.
Ин тазоҳурот дар эътироз ба тасмими як кашиши омрикоӣ сурат гирифт, ки мехост нусхаҳои Қуръонро дар Флуридо оташ бизанад.
Бо ин ҳол, дар мавориде ҳам гурӯҳи Толибон ва соири гурӯҳҳои мухолифи давлат барои барангехтани мардум алайҳи нерӯҳои хориҷӣ талош кардаанд гузоришҳоеро дар мавриди иҳонат ба муқаддасоти динӣ аз сӯйи нерӯҳои НОТУ мунташир кунанд.
















